Раҳими Ғармӣ боз ба як ҳунарманди дигар хона туҳфа кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Раҳими Ғармӣ

Ҳамдардии Тоҷикистон ба мардуми аз зилзила осебдидаи Афғонистон

Вазорати умри хориҷии Тоҷикистон бо намояндагӣ аз Ҳукумати кишвар дар робита ба заминҷунбии даҳшатбор дар Афғонистон ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кард.

“Ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард”, – омадааст дар хабарномаи вазорат.

Вазорати умури хориҷӣ таъкид намудааст, ки тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем.

Ёдовар мешавем, шаби 21 ба 22 июн Ҷумҳурии Афғонистонро заминҷунбии сахт ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кушта ва зиёда аз 2 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

Раҳими Ғармӣ ба Гулбаҳор низ хона тақдим кард

Ба ҳунарманди маъруфи тоҷик Гулбаҳор Ғаффорова, ҳаҷвнигор ва собиқ узви гурӯҳи «Хандинкамон», ки дар  барномаи «Ногуфтаҳо» дар канали Орзу Исоев дар бораи надоштани манзили зист қисса карда буд, Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ хона тӯҳфа кардааст.

Дар ин бора худи Гулбаҳор Ғаффорова дар як паёми видеоие, рӯзи 22 июн, ки дар саҳифаи ровии радио Орзу Исоев нашр шуд, хабар додааст.

Ин ҳунарманд, дар навори видеоӣ мегӯяд, ки мушкили бехонагияш баъди 25-сол пушти сар гардид ва худро хушбахтарин шахс мешуморад.

Бояд гуфт, ки Гулбаҳор дуввумин ҳунарманд аст, ки Раҳими Ғармӣ барояш хона тӯҳфа кард. Чун рӯзи 15 июн Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, асосгузори студияи «Ғарибшо компания» ҳам хабар дод, ки Раҳими Ғармӣ барои ӯ ба 60 ҳазор доллар хона харидааст.

Дар саҳифаи ровии радио Орзу Исоев қаблан як паёми видеоии ҳунарпеша Бахтиёр Раҳимов низ нашр шуда буд, ки дар он ба се нафар аз хайрхоҳони маъруфи тоҷик Исмоил Муҳаммадзоир, Раҳим Бобоҷонов (Раҳимӣ) ва Маҳмуд Муродов (Ҳоҷӣ Маҳмуд) муроҷиат карда буд.

Рӯзи дигар ҳунарманд дар саҳифаии Орзу Исоев хабар дод, ки ба таври мӯъҷиза мушкили 30-солааш ҳал шуд, ба шарофати Раҳим Бобоҷонов.

Дар Тоҷикистон доллар арзон шуда, лекин нархҳо боло мераванд

Поинравии қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон идома дошта, рубл қимат мешавад. Дар давоми як шабонарӯз 100 доллар барои иваз 20 сомонӣ арзон шуд (100 доллар 22 июн, дирӯз – 1020 сомонӣ ва 23 июн, имрӯз – 1000 сомонӣ). Қурби расмии рубл дар як шабонарӯз 0,3 банди фоизӣ боло рафт.

Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 23 июн 100 доллар 1058 сомонӣ нарх дорад. Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро ба 1 ҳазор сомонӣ харида, 1030 -1040 сомонӣ мефурӯшанд.

Чанде пеш қурби доллар дар Русия бори нахуст аз моҳи июни соли 2015 ба сатҳи рекордӣ поин рафт: дар биржаи Маскав 1 доллар аз 54 рубл поин рафта, евро низ аз 57 рубл поинтар шуд, ки аз 28 майи соли 2015 боре ҳам чунин ҳолат ба мушоҳида нарасида буд.

Тибқи қурби расмӣ барои имрӯз, 23 июн 1000 рубл 177,5 сомонӣ нарх дошта, дирӯз, 22 июн қимати он ба 177,2 сомонӣ баробар буд. Дар “бозори сиёҳ” 1000 рублро 172 сомонӣ харида, 174 сомонӣ мефурӯшанд.

Қурби евро низ дар таблои БМТ як банди фоизӣ поин рафт. Имрӯз 1 евро ба 11,17 сомонӣ баробар буда, дирӯз – 11,18 сомонӣ нарх дошт.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди поинравии қурби доллар, ки соҳибкорон болоравии нархи маҳсулоташонро бо он асоснок мекунанд, шаҳрвандон аз идомаи болоравии нархҳо дар бозорҳо шикоят доранд. Асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд.

Сохтмони роҳи Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон расман оғоз шуд

Сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон расман оғоз гардид. Дар ин бора ҳокимияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Бар хабари манбаъ, сохтмони ин роҳ пас аз ташриф овардани Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим ба ВМКБ оғоз шуд.

Манбаъ меафзояд, дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ, раиси вилоят Алишер Мирзонабот, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва дигар намояндагони ҳукумат иштирок доштанд.

Роҳи Қалъаи Хумб то дарвозаи Рӯшон роҳи мушкилгузар буда, 110 километрро дар бар мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат дар сафари ахири худ ба ноҳияи Данғара, зимни суҳбат бо фаъолону сокинони маҳаллӣ ба ноамнии ахир дар ВМКБ ишора намуда, вазирону раисонро муваззаф кард, то ба ин вилоят сафар кунанд ва вабаста ба шарту шароити минтақаи кӯҳистонӣ корҳои ободониро ба роҳ монанд.

Лякин-Фролов дар бораи таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуфт

Вазъият дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мушкил боқӣ мемонад. Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо “Известия” хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар манотиқи шимолии Афғонистон ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ фаъолият мекунанд.

Сухан дар бораи аъзои чунин созмонҳои террористӣ, аз қабили “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, “Давлати исломӣ”* ё “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”* меравад. Ҳамаи ин “заминае барои оромиш настанд”.

“Хатари калонтарин барои Тоҷикистон аз он гурӯҳҳои террористӣ аст, ки дар сафҳои онҳо аз ҷумла мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Онҳо нақшаи паҳн кардани ақидаҳои радикалиро дар саросари минтақа пинҳон намекунанд”, – гуфт дипломат дар мусоҳиба.

Лякин-Фролов афзуд, аз гузоришҳои расмии сохторҳои қудратии Тоҷикистон низ маълум мешавад, ки теъдоди нисбатан кам, вале то ҳол дар кишвар афроде ҳастанд, ки аз ақидаҳои ифротгаро пуштибонӣ мекунанд ва бо террористон ҳамкорӣ мекунанд.

Вай афзуд, дар ин замина мунтазам дар чаҳорчӯби СПАД дар сурати воридшавии гуруҳҳои ғайриқонунӣ аз қаламрави Афғонистон иқдомоти муштарак дар шакли дуҷониба таҳия мешавад.