fbpx

Раҷаббой Аҳмадзода: Ворух абадан дар таркиби Тоҷикистон боқӣ мемонад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷикистон наврасони боздоштшудаи қирғизро раҳо кардааст

Тоҷикистон дар натиҷаи музокирот ду хонандаи мактаберо, ки 23-юми сентябр дар минтақаи номуайяни марзӣ бо Қирғизистон дастгир шуда буданд, озод кардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ду навраси 16-сола 23-юми сентябр дар марз бо Тоҷикистон ба қочоқбарон кумак мекарданд. Дар ҳамин ҳол, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон онҳоро дар минтақаи номуайяни марзӣ боздошт кардаанд.

Раҳбарони вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Кулунду” бо иштироки раҳбарони ниҳодҳои маҳаллии қудратӣ мулоқот кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар натиҷаи гуфтугӯ наврасони боздоштшударо озод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде аз сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар Исфара рӯзи 23-юми сентябр хабар доданд, ки як гуруҳ аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон кӯдакони тоҷикро “ҳангоми бозгашт аз мактаб бо санг задаанд”.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ба камияш ду нафар дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудаанд, вале сабаби сангзанӣ маълум нест. Ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани чаҳор хонандаи қирғиз хабар дода буд.

Раиси Суғд дар бораи сарҳад ва мушкилоти гуфтушунид бо ҳамсояҳо

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо нашрияи “СССР” таъкид намудааст, ки дар Тоҷикистон сад фоиз қонун амал мекунад, ҳукумат фаъол аст, аз ҳар гуна бетартибиву бенизомӣ ҷилавгирӣ мешавад.

“Мутаассуф, дар ҳамсоякишвар чунин нест. Беқонунӣ, бетарафии ҳукуматҳои маҳаллии наздимарзӣ, беҷавобгарӣ ва дар бархе маврид беҳукуматӣ ба он овардааст, ки сокинони ҳамсоякишвар ба марзшиканӣ, иғвоангезӣ, сохтусози ғайриқонунӣ банд шуда, марзро ноором мекунанд”,-изҳор доштаст Аҳмадзода дар суҳбат.

Ӯ илова намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша омода аст, проблемаҳои марзиро дар сатҳи мақомоти давлатӣ, на аҳолӣ, на шахсони шубҳаангез ҳаллу фасл кунад.

Аҳмадзода дар зимн таъкид кардааст, ки Тоҷикистон як ваҷаб замини худро ба касе намедиҳад ва Ворух абадан дар таркиби Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар мавриди сокинони Тоҷикистон, ки дар бетартибиҳои охир дар марз бо Қирғизистон осеб дидаанд, Аҳмадзода таъкид намудаст, ки ҷониби Тоҷикистон хонаву дари ҳамаи сокинони зарардидаро 100% барқарор ва аз будаш ҳам хубтару беҳтар бунёд намуд.

Душанбе ва Нур-Султон бародаршаҳр мешаванд

Дар доираи сафари расмӣ ба Қазоқистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов мулоқот анҷом дод.

Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси милии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ ба тамоили рушди босуръати шаҳри Нур-Султон баҳои баланд дода, таъкид сохт, ки васеъ намудани робитаҳои байни воҳидҳои маъмуриву ҳудудии ду кишвар, қабл аз ҳама пойтахтҳо муносибатҳои байнидавлатии моро қавитар мегардонад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Дар фарҷоми музокираҳо Рустами Эмомалӣ ва Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳумро дур хусуси барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расониданд, ки амалигардонии он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва равобити дӯстии байни пойтахтҳо шароити бештар фароҳам меорад.

Даъвати нави мақомдори тоҷик: мошинро ба дучарха иваз кунед

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, аз мардуми кишвар даъват кардааст мошинро камтар истифода намуда ба велосипед гузаранд. Баҳодур Шерализода дар сӯҳбат бо нашрияи расмии «Ҷумҳурият» гуфтааст, бо ин васила аз олуда шудани муҳити атроф ва тағийри иқлим метавон ҷилавгирӣ кард. Мақомдори тоҷик мисол овардааст, ки дар саҳни даромадгоҳи кумитаи таҳти раҳбарии ӯ барои дучарха тавақуффгоҳ бунёд шудааст.

Даъват ба истифодаи дучарха дар Тоҷикистон нав нест. Чандин мақомдори баландпояи дигар ҳам дар гузашта ба хотири сабук кардани роҳҳои шаҳр аз тамбашавӣ ва таблиғи варзишу ҳаёти солим даъват карда буданд, ки ҳам мардум ва ҳам мақомдорон ба дучарха гузаранд.

Тоқаев бо Рустами Эмомалӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

Рустами Эмомалӣ, ки бо сафари корӣ дар Қазоқистон қарор дорад, бо президенти ин кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст, хабар дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон.

Манбаъ афзуд, Тоқаев бо таъкиди рушди муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон, изҳор доштааст, ки бо вуҷуди чолишҳои муосир, муносиботи ду кишвар устувор боқӣ мондаанд.

“Барои ин муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва ҳамоҳангӣ дар кори ҳукуматҳо мусоидат мекунад”, – омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисҷумҳури Қазоқистон.

Таъкид шудааст, ки тавофуқоти ҳосилшуда дар сатҳи роҳбарони давлатҳо зимни сафари Тоқаев ба Тоҷикистон бояд аз ҷониби масъулини ду тараф амалӣ гарданду натиҷаҳои амалии созишҳо маълум бошанд. Тоқаев изҳор доштааст, ки феълан ҳукуматҳои ду кишвар фаъолона сари дастуроти роҳбарони ду давлат кор карда истодаанд.

Русия барои ҳар навзоди муҳоҷирон дар Маскав 20 000 рубл медиҳад

Шаҳрдории Маскав барои ҳар фарзанди таваллудшудаи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 20 ҳазор рубл медиҳад. Ба иттилои сомонаи “Readovka”, солона аз буҷаи Маскав барои ин навъи пардохтҳо 700 миллион рубл харҷ мешавад.

Рӯзноманигорони расона дар таваллудхонаҳои пойтахти Русия навиштаҳоеро дар бораи пардохти 20 ҳазор рубл барои ҳар як кӯдаки муҳоҷир бо забонҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, озарӣ, ветнамӣ, тоҷикӣ, дарӣ, узбекӣ, туркманӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ дидаанд.

Шаҳрдории Маскав моҳи феврали соли 2020 дар сомонаи расмии худ қарореро нашр кард, ки бар асоси он, ба волидони навзодон дар таваллудхонаҳои пойтахти Русия 20 ҳазор рубл ва туҳфа дода мешавад.

Дар сурати таваллуд шудани ду тифл ва ё зиёда аз он миқдори кумакпулӣ сари ҳар як кӯӯдак ҳисоб карда мешавад.

Ҳушдори ҳавошиносон дар бораи тӯфони чангу ғубор ва селҳои пиряхӣ

Рӯзҳои 26-28 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22м/с дар назар аст, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 27-29 сентябр дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои 28-29 сентябр дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадани тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.

“Рӯзҳои 25-28 сентябр дар ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад”, – афзуд манбаъ.

Обуҳавошиносон гуфтаанд, ки рӯзҳои 27 – 28 сентябр дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дустӣ, бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Гуфта мешавад, боду ҳаво дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, вилояти Суғд: Истаравшан, Спитамен, Хуҷанд, Конибодом ва Масчоҳ низ чунин хоҳад буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend