Муовини раиси Ориёнбонк ки рабуда шуд

Прокурори генералӣ: Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ёфт шуд

Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев муовини раиси “Ориёнбонк” дар ҳудуди шаҳри Панҷакент пайдо шуд. Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки шахсияти ҷасадро аз рӯи дандонҳояш муайян кардаанд.

Ӯ гуфт ҷасади Исматуллоевро дар наздикии деҳаи Саразми Панҷакент аз дарё ёфтаанд.

Ба иттилои Юсуф Раҳмон аз рӯи ташхиси дандонпизишке, ки ба Шуҳрат Исматуллоев дандон сохта будааст, шахсияти ӯ муайян гардидааст.

Юсуф Раҳмон

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфта буд, ки дар дарёҳои Зарафшон ва Душанбе ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ҷустуҷӯ мекунанд. Вале дар прокуратура мушаххасан нагуфтанд ҷасадро кӣ ёфтааст.

Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини раиси “Ориёнбонк”-ро пас аз ҳудуди ду моҳ пайдо карданд.

Номбурда шоми 23-уми июн дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд.

Ба иттилои қаблии Прокуратураи генералӣ гумонбарон Исматуллоевро бо кушта ҷасадашро ба дарё партофтанд.

Тавре Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотии 15-уми август иттилоъ дод, 16 нафар дар ин ҷиноят даст доранд ва 13 нафар боздошт шуда, 3 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Дар нишасти матбуотии ВКД Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ширкати фаъолонаи ду корманди собиқи ин ниҳодро дар ҷинояти рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, тасдиқ кард.

Ҳафтаи гузашта Прокуратураи генералӣ аз боздошти як гумонбар дар ҷинояти рабудан ва куштани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев дар ҳудуди Туркия хабар дода буд.

Ба иттилои ин ниҳод Бахтовар Сафарови 28-сола ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Ӯ қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят – рӯзи 24-уми июн тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор намуда буд.

Skip to toolbar