Шумо “тухмбирён” гуфта чиро мефаҳмед? Табиист, ки бо хондани ин савол хӯроки зудтайёри субҳгоҳӣ пеши назар намудор мешавад. Аммо Акмал Валиев онро тамоман ба тарзи дигар мепазад. Дар тухмбирёни омодакардаи ӯ портрети шахсони маъруф ба мисли Дуэйн Ҷонсон, Бурак Озчивит, Криштиано Роналдо ва Уилл Смит тасвир меёбанд.
Инчунин Акмал метавонад дар чанд сония бо қоғазу қайчӣ чеҳраи шахси дилхоҳро офарад. Дар бораи ин ҳунари ғайриодӣ муаллифи Your.tj нақл кард.
Тасвирҳои ғайриодӣ ва маъруфият дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Дар баробари хондани ҷумлаҳои аввал шояд фикр кардед, ки Акмал Валиев ошпаз аст? Вале ин тавр нест, ӯ рассом аст ва тасвирҳоро дар чанд навъ пешниҳод намуда, ҳамагонро ба ҳайрат меоварад.
Барои ин ӯ ҳамагӣ якчанд сония вақт сарф мекунад. На ҳар рассоме аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебарояд. Наворҳои ӯро дар TikTok ва Instagram ҳазорҳо нафар пайгирӣ мекунанд. Хусусан, тасвирҳои аз коғаз буридааш доираи васеи истифодабарандагони ин шабакаҳоро мафтун кардааст. Дар омади гап, ӯ аз ин ҳунараш даромади хуб ҳам дорад.
Акмал Валиев зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд буда, 20 сол дорад. Ӯ дар ягон мактаби рассомӣ таҳсил накардааст ва истеъдодаш фитрист. Акмал мактаби миёнаи рақами 3 – и ба номи Ҳабибахон Каримоваро хатм намудааст.
Тавре дар суҳбат бо мо иброз намуд, дар овони хурдсолӣ чун дигар кӯдакон ба кашидани расму сохтани ашёи гуногун завқи зиёд дошт. Аммо, барои Акмал расмкашӣ на танҳо шавқу ҳаваси одии кӯдакона, балки як ҷузъи ҳаёти ояндааш гашт.
Ӯ ҳамагӣ даҳ сол дошт, ки инро беҳтар эҳсос намуд. Бинобар ин роҳ пеш гирифт сӯйи мактаби бачагонаи санъат, то тасвири чеҳраро омӯзад. Вале дар мактаби санъат ин хоҳиши Акмалро рад намуданд. Баъди ин воқеа Акмал ба ягон мактаби рассомӣ нарафт.
“Он вақт синфи 4 будам. Муаллимон ба ман мегуфтанд, ки ҳоло барои тасвири чеҳраи инсонҳоро омӯхтан хеле хурд ҳастӣ. Лекин ба шарофати ҳамин омӯзгоре, ки ба ман чунин гуфт, дар ду моҳ бо қалам кор карданро ба пуррагӣ омӯхтам”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Худомӯзӣ ва натиҷаи шавқу рағбат
Пеш аз дарсҳои мактаб Акмал ба машғулияти рассомӣ мерафт ва танҳо дар синфи 10 – ум тасвири чеҳраро омӯхт. Бо қайчӣ кор кардан ва тухмбирёни наққошишударо танҳо як сол пештар омӯхтааст. Ба гуфтаи ӯ буридан ва кандакорӣ кардан дар коғазро ҷое намеомӯзонанд ва танҳо шахсе, ки шавқу ҳаваси беандоза дорад, худ аз худ ин ҳунарро меомӯзад.
“Ин коре, ки ман дорам, дар ягон ҷо омӯзонида намешавад. Ман худам нафаҳмида мондам, ки чӣ хел рӯйи коғаз кандакорӣ ва буридан бо қайчиро омӯхтам”, – бо шавқ нақл кард қаҳрамони мо.
Интернет – майдони ҳунарнамоӣ ва манбаи илҳом
Имрӯз аксарият саҳифаҳои иҷтимоиро танҳо барои вақтгузаронӣ истифода мебаранд. Барои Акмал бошад, шабакаҳои иҷтимоӣ ёрирасони беминнат ҷиҳати муаррифии ҳунараш гардидааст. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз сабти навор ва гузоштани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки мехоҳад одамонро ба ҳайрат оварад ва барояшон нишон диҳад, ки ҳаёт чӣ гуна зебост. Дар ҳақиқат то ҷойе ӯ тавонистааст ба ҳадафи худ бирасад.
“Ман акси дӯстамро тасвир намуда, наворбардорӣ кардам ва дар Instagram гузоштам. Ин расм ба бисёриҳо писанд афтод ва аз ин пас тасмим гирифтам, ки бо ҳунари худ дигаронро ба ҳайрат оварам”, – баён дошт Акмал Валиев.
Барои расмкашӣ ба ӯ қаламу рангҳои гуногун лозим нестанд. Танҳо коғази сафеди А4, қайчӣ, корди конселярӣ ва шавқу завқ. Барои Акмал Валиев ин кор соддаву муқаррарист. Чанд сония кофист, ки аз коғази одӣ дилхоҳ чеҳраро офарад.
“Дар рӯзҳои аввал албатта, омӯхтани ҳар кор мушкилӣ дорад. Масалан, агар кандакорӣ кардан дар коғазро гирем, барои он ман як рӯзи худро сарф кардам. Чанд маротиб рӯйи коғаз бо корд тасвир кардам. Фақат бори панҷум ба ман имкон даст дод, ки қаҳрамони филми фантастикии “Аватар” – ро рӯйи коғаз кандакорӣ кунам”, – зикр намуд рассоми ҷавон.
Ӯ мегӯяд, на ҳама чиз соддаву саҳл ба даст меояд. Бидуни заҳмат намешавад, ки ба мақсаде расид. Танҳо ва танҳо тамрини пайваста имкон медиҳад, то дар рӯйи коғаз кандакорӣ, буриш ё даруни тоба расмкашӣ кард.
Рассоми ҳаматарафа
Акмал Валиев ба ҷуз аз ду навъи рассомӣ, ки дар боло ишора кардем, инчунин тасвири расм бо қалами одӣ ва рангаро низ бе ягон мушкилӣ балад аст. Чун имрӯз тасвир дар рӯйи либосҳо низ муд шудааст, Акмал ҳунарашро рӯйи либос низ таҷриба кардааст, ки хеле ҷолиб аст.
“Пас аз гузоштани навор дар Instagram, нафарони зиёде барои фармоиш ба саҳифаи шахсиам муроҷиат карданд ва ин ба ман илҳоми бештаре дод, то усулҳои нав ба нави тасвирро худомӯзӣ карда, пешниҳод намоям”, – изҳор дошт Акмал.
Новобаста ба тасвири моҳирона шавқу ҳавси зиёд ба ин навъи санъат, Акмал касби дигарро интихоб намудааст. Ӯ донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи давлатии илму техникаи Сибир ба номи академик М.Ф. Решетнев буда, дар ихтисоси мошинсозӣ ва робототехника таҳсил мекунад.
“Рассомӣ барои ман як шуғл аст. Намехоҳам, ки онро ба ман нафаре омӯзонида бошад. Онро на ҳамчун касб интихоб кардаам. Мехоҳам дар самте, ки ҳоло таҳсил мекунам, чун рассомӣ муваффақ шавам”, – гуфт Акмал Валиев.
Эҷоди серхаридор
Аз Акмал пурсон шудем, ки оё мехоҳад ба нафаре ҳунарашро омӯзонад? Ӯ дар ин маврид чунин посух дод:
“Дар мавриди омӯзонидани ҳунарам ба дигарон ҳоло фикр накардаам ва умуман барои омӯхтани ин ҳунар ба ман кӣ муроҷиат мекунад? Ман дар ин самт мактаби махсусеро нагузаштаам ва маълумоти олӣ ҳам надорам”.
Вале бидуни муболиға метавон гуфт, ки Акмал бе маълумоти махсус ҳам дар кори худ муваффақ гардида, ҳаводорони худро дорад.
Маҳсули эҷоди ӯ 20 – уми июли соли 2022 дар намоишгоҳи аҷоиби “Силуэтҳо” зери унвони “Эҷоде, ки арзандаи таваҷҷуҳ аст” ба намоиш гузошта шуд, ки дар пеши назари иштирокдорон Акмал бо истифода аз қайчӣ ва коғаз чеҳраашонро тасвир намуд.
Дар ин чорабинӣ низ иштирокчиён ба ҳунари Акмал Валиев баҳои баланд доданд.
“Соли гузашта корҳоямро дар намоишгоҳи “Силуэтҳо” гузоштам, ки аз ҷониби ҳаводорони ҳунари рассомӣ хуб қабул гардид. Аз ин намоишгоҳ хотироти хубе ҳам ба худ гирифтам”, – иброз дошт рассом.
Парвина Самандарзода