fbpx

Падари Парвиз Давлатов: барои чӣ писарамро гунаҳкор карда истодаанд, ҳеч намефаҳмам

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


2
2 points
Давлаталӣ Давлатзода. Акс аз бойгонӣ

Давлаталӣ Давлатзода, падари Парвиз (Лутфулло) Давлатов, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки қазияи вобаста ба писараш ва арӯси хонавода “рашки зан нисбат ба шавҳараш” буд.

Давлаталӣ Давлатзода, ки дар гузашта дар мансаби муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили порлумон кор кардааст, гуфт, арӯси хонавода, Азиза Давлатова, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад, “лекин барои чӣ Парвизро гунаҳкор карда истодаанд, ҳеч намефаҳмам.”

“Аввал ин ки Парвиз дар он моҷаро ширкат надошт. Вай дар Душанбе буд. Ҳодиса берун аз шаҳр рӯй додааст. Аз рӯйи таблограммаи телефонаш ин чиз маълум аст ва Парвиз ҳуҷҷатҳоро ба муфаттишон пешниҳод кардааст. Дуюм, аз замони ҳодиса то рӯзи дастгир шудан, Парвиз ҳар рӯз соати 5-6-и субҳ рафта, аз пайи муолиҷаи Мадина мешуд. Барои ин кор маблағи зиёд ҳам қарздор шудааст, чун бояд ҳар рӯз дору мебурд,” — гуфт Давлаталӣ Давлатзода.

Мадина Муҳаммадҷонова, зани шиканҷашуда дар беморхонаи “Қарияи Боло” дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор дорад. Пизишкон гуфтаанд, бахше аз майнаи сари ӯ осеби вазнин дидааст ва тандурустии ӯро пешгӯӣ кардан номумкин аст. Ӯ наздики 70 рӯз инҷониб дар ҳолати кома аст.

Рӯзи 1-уми ноябр Додситонии шаҳри Душанбе ду касро бо иттиҳоми шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова дастгир кард. Гуфта мешавад, ӯ дар заминаи рашк, аз тарафи ҳамсари як ҳамкораш шиканҷа шудааст.

Қарз аз неругоҳи “Сангтӯда-1” ба беш аз 2 млрд сомонӣ раси

Ба ҳолати то 1 ноябри соли 2021 қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” барои интиқоли барқ ба беш аз 2 млрд сомонӣ расид. Қарздорӣ амалан аз замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввал дар соли 2008 сар шуда, мунтазам зиёд мешавад.

Пардохт аз ШСХК “Барқи тоҷик” дар доираи ҷадвалҳои пардохтҳои ҳади ақалл (ҳудуди 40% аз арзиши барқи харида) сурат мегирад, ки  ба таъмини кори доимии неругоҳ, анҷоми корҳои таъмир ва пардохти музди меҳнат ба кормандон имкон медиҳад, аммо неругоҳ ба иҷрои уҳдадориҳои худ ба саҳмиядорон, инчунин назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ имкон намеёбад.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” яке бузаргтарин қарздорон аз пардохти андоз  ба буҷети Тоҷикистон аст. Маблағи қарз аз андоз то 1 ноябри соли ҷорӣ ҳудуди 170 млн сомонӣ (15 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Муқовимати миллӣ: Аҳмад Масъуд дар Афғонистон мебошад, на дар Тоҷикистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузури раҳбараш Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистонро рад кард.

Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар зимни такзиби ин хабар гуфтааст, ки Аҳмад Масъуд дар хоки Афғонистон ва дар канори нерӯҳои муқовимат қарор дорад.

“Мо маҳалли ҳузури ӯро ба далоили амниятӣ наметавонем ошкор кунем. Дақиқ наметавонем бигӯем, ки ӯ дар Андаробҳо, Панҷшер, Бадахшон ё Тахор аст. Омири ҷавон пушти фаъолиятҳои худ аст ва Тоҷикистон нарафтааст”, – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин ин манбаъ гуфтааст, Кабир Восиқ ном нафаре дар Ҷабҳаи муқовимат нест ва бо ин ном касе аз раҳбарон ошноӣ надорад.

Қаблан расонаҳо аз қавли Кабир Восиқ муовини собиқи волии Панҷшер хабар дода буданд, ки Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст.

HRW ба СММ: Аз Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи башар пурсед, Афғонистон баҳона шуда наметавонад

Созмони дидбони ҳуқуқи башар – Human Rights Watch аз СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб кардааст, ки аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи вазъи риққатбори ҳуқуқи башар дар ин кишвар пурсанд.  Рӯзи 4-уми ноябр дар дафтари СММ дар Женева ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пешрафташ дар соҳаи ҳимояти ҳуқуқи инсон гузориш медиҳад.

Human Rights Watch дар як даъваташ аз СММ, ки рӯзи 2-юми ноябр нашр шуд, гуфтааст, ки дар ин охирҳо Тоҷикистон бо рад кардани низоми “Толибон” дар Афғонистон дар сархати хабарҳо қарор гирифт.

Дар изҳорот омадааст: “Ин як шонси дигар барои аъзои СММ аст, ки ба мақомоти тоҷик рӯшан кунанд, ки бӯҳрони Афғонистон наметавонад барои нодида гирифтани вазъи даҳшатноки ҳуқуқ дар ин кишвар баҳона шавад”.

Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт

Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U 23) ба марҳилаи ниҳоии Ҷомии Осиё-2022 роҳ ёфт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими мунтахаби Тоҷикистон  шомили чоргонаи тимҳи беҳтарине шудааст, ки дар гурӯҳҳои худ мақоми дувумро гирифтаанд.

Тоҷикистон бо ду пирӯзӣ бар Лубнону Непал бо ҳисоби 2:1 ва 6:0 ва як бохт аз Эрон (3:2) мақоми дувуми гуруҳи худро соҳиб шуда буд.

Борону барфи тар. Ба Тоҷикистон сардӣ меояд

Бино ба маълумоти Кумита, рӯзҳои 4-5 ноябри соли равон дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои бештар аз 200 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ҷойҳо барф ба шиддат меборад.

Гуфта мешавад, дар чанде аз ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.

“4 ноябри соли 2021 дамои ҳаво рӯзона аз 7 то 10 дараҷа поин меравад. Рӯзҳои 5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ туман мефарояд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ эҳтимол ҳавои торик мушкили диданро ба вуҷуд орад. Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд. Бахусус ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ эҳтиёт кунанд. Аз истифодаи бухориҳо низ баэҳтиёт бошанд, ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд.  Кӯдакон танҳо ва беназорат гузошта нашаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend