Оқибати сел дар Суғд

Оқибатҳои сел дар Суғд. КҲФ зарари офати табииро дар шаҳру ноҳияҳо ҳисоб кард

Бахшу шуъбаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳо ахиран зарари моддии аз сел расидаро гуфтанд.

Бегоҳии 2 – юми апрели соли ҷорӣ, соати 17:40 дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов боришоти шадиди борон ба амал омад. Дар натиҷа омадани сел ва лойоба ба қайд гирифта шуд, ки ба мардум зарари калонӣ моддӣ расонид.

Акс аз “Азия-Плюс”

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд, ба 7 таҳхонаи микроноҳияҳои 3, 14 ва 15-ум лойоба даромадааст. Гуфта мешавад, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр дар минтақаҳои мазкур сари вақт фаъолиятро ба роҳ монданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бошад, 7 иншооти ёрирасон, 2 истгоҳи фаръи трансфаматорӣ, 5 нососи обкашӣ ва роҳҳои маҳаллӣ зарар дидааст. Ҳамчунин анборхонаи фарсудаи МТМУ №47 фурӯ рафтааст.

Тибқи маълумот дар ноҳия, тахминан 70 гектар замини боғоти хоҷагиҳои деҳқонӣ зери лойқа монда, ба масоҳати 40 гектар ғаладонагиҳо (ҷав-гандум), 10 гектар беда, 1,7 гектар кишти картошка, 0,5 га кишти пиёз нобуд шудааст.

Тавре иттилоъ доданд, 2 км роҳҳои мошингарди маҳаллӣ ҳамвор карда шуда, истгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ низ барқарор гардид.

Акс аз КҲФ

Дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани сел дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, маҳаллаи Лангари шаҳри Исфара тахминан 300 метр ва дар маҳаллаи Хелсон ба дарозии 100 метр селроҳа аз қуму шағал пур шудааст. Барои тоза кардани селроҳа 2 адад техникаи муҳандисӣ сафабар гаштааст.

Дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар пайи офати табиӣ ба таҳхонаҳои манзили истиқоматии сокинони деҳаҳои Маданият, Селкан, Тоҷикобод ва Гулистон селоба даромадааст. Ҳамчунин, дар деҳаи Ғулакандоз 1 ҳуҷраи хонаи истиқоматӣ ва 1 ошхонаи шаҳрванд Зайнаб Ҷӯраева пурра зарар дидааст.

Оқибатҳои сел дар н. Ҷаббор Расулов

Масъулони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд гуфтанд, ки маълумоти пурра оид ба ҳолати фавқулодда иловатан пешниҳод мешавад.

Дар ҳамин ҳол кумита бо такя ба ҳавошиносон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 10 – 12 апрел дар кишвар ҳавои номусоид ва эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳиӣ дар назар аст.

Ин ниҳод ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки сари вақт ҷӯйбору каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок созанд. Аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ғунучини занбӯруғу гиёҳони шифобахш низ дар ин рӯзҳо  худдорӣ намоянд.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar