Миёни сокинони минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар задааст.
Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 24 июл низомиёни қирғиз ва сокинони деҳаи Оқсой ягона роҳ ба самти Ворухро бастаанд.
Идораи марзбонии Қирғизистон гуфтааст, аз ҷониби постгоҳи Тоҷикистон садои тир омад ва ҳоло вазъият ором аст.
Сокинони шаҳри Исфара гуфтаанд, аз нисфирӯзии 24-уми июл то соати 9-и шаб роҳ аз Ворух ба самти шаҳри Исфара, ки аз миёни деҳаи Оқсой мегузарад, баста буд.
Як нафар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, низомиёни қирғиз дар роҳ истодаанд ва сокинон ба самти мошинҳои Тоҷикистон санг партофтанд. “Аз тарафи мо се кас маҷруҳ шуд”.
Неруҳои марзбонии Қирғизистон бо нашри изҳороте гуфтааст, навор аз тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистон “ҳақиқат надорад”.
Неруҳои марзбонии Қирғизистон навиштааст, ки “аз тарафи постгоҳи “Плотина”-и Тоҷикистон ду маротиба садои тир шунида шуд. Дар ин рӯз фавран вохӯрии мақомоти марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сарбози қаторӣ дар вақти тафтиши яроқ тасодуфан ду маротиба оташ кушодааст. Захмиён нестанд”.
«Ховар» дар такя ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шоми 24 июл тақрибан соати 17:30 дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша рух дод.
“Қатораи мошинҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух иборат аз 8 адад барои гузаронидани тӯйи арӯсу домодии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара ҳаракат дошт.
Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи «Оқсой» қатори мошинҳо аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини Ҷамоати деҳоти Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи «Мерседес Бенс»-ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад.
Сипас аз мошин берун шуда, мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор медиҳад”,- хабар медиҳад Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд.
“Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон муътадил аст. Комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд”,- омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 972 километр марзи муштарак дорад, ки наздики 300 километраш то ҳол муайян ва нишонагузорӣ нашудааст. Миёни сокинони марзӣ ва низомиён солҳост бо сабабҳои гуногун муноқишаҳо сар мезанад.
Муноқишаи хунинтарин сентябри соли 2022 рух дода буд, ки аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуда, хисороти зиёди моливу ҷонӣ ба ҷо гузошта буд.