fbpx

Ҳалокати ду сарбози тоҷик дар натиҷаи тирпарронӣ дар марз

Айни ҳол   роҳи  Исфара - Ворух баста аст ва даҳҳо мусофирону мошинҳои мусофирбар дар Исфара интизор боз шудани роҳанд.


0

Бар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи имрӯза дар се минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, 2 сарбози тоҷик кушта ва 11 тан, ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Дар ин бора аз ҷамоати деҳоти Ворух ба Your.tj хабар доданд. 

Сарбозони кушташуда яке 19 дуввуми 26 сол дошта, сокинони шаҳри Ҳисору ноҳияи Восеъ будаанд.

Манбаъи мо аз  беморхонаи Ворух гуфт, ки сарбози 26-солаи фавтида, субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, аз тири марзбонони қирғиз ҷароҳат бардошта, дар беморхона аз хунравии зиёд ба ҳалокат расид. Сарбоз аз тири “снайпер” ҷароҳат бардошта буд.

Тавре “Азия плюс” менависад, 6 нафаре, ки ҷароҳат бардоштанд, 4 нафарашонро ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бурданд, 2 тани дигар дар беморхонаи ҷамоати Ворух қарор доранд.

Ҷониби Қирғизистон танҳо дар бораи захмӣ шудани ду сарбозаш дар минтақаи “Кех” хабар додааст.

Тирпарронӣ имрӯз дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух оғоз ëфта, сипас дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфараи Тоҷикистон, ҳаммарз бо Қаробоғи Қирғизистон, дар мавзеи Чорқишлоқи Исфара ва тирпарронии сеюм дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ ҳаммарз бо “Самарқандак” – и Ботканд оғоз шудааст.

Айни ҳол   роҳи  Исфара – Ворух баста аст ва даҳҳо мусофирону мошинҳои мусофирбар дар Исфара интизор боз шудани роҳанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15, дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.

“Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”, – омадааст дар иттилоияи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend