Мирмуҳсин дар озмун

Наврасе, ки “Тоҷикон”-ро медонад. Мирмуҳсин чӣ тавр ғолиби озмун шуд?

Мирмуҳсин Мирдодоеви 16-сола, аз шаҳри Бохтар барандаи Шоҳҷоиза ва соҳиби 70 ҳазор сомонӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” шуд. Ин озмун бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Мирмуҳсин хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар аст ва дар суҳбат бо муаллифи Your.tj дар бораи таҳсилу иштирок дар озмун ва асрори муваффақияташ нақл кард.

Донандаи 150 давлати ҷаҳон

Мирмуҳсин Мирдодоев аз хурдӣ ба омӯзиши фанҳои таърих ва ҳуқуқ алоқамандии зиёд дошта, китобу асарҳои таърихии зиёдеро мутолиа кардааст. Номҳои пойтахти беш аз 150 давлати ҷаҳонро медонад.

Дар даври вилоятии озмуни “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” сазовори ҷойи аввал ва дар даври ҷумҳуриявӣ барандаи Шоҳҷоиза гардид, ки инро устодону волидайнаш ҳамчун туҳфаи арзишманде қабул карданд.

Ин хонандаи болаёқат ҳамеша пайи омӯзиш қарор дошта, дониши худро мукамал мекунад, то оянда таҳсили худро дар яке аз донишгоҳҳои олии кишвар идома диҳад.

Мирсуҳсин дар озмунҳои вилоятии “Донояк”, “Нобиға”, “Соҳибватан” ва “Ифтихорӣ ватандорӣ” низ соҳиби диплом ва ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Инчунин, давоми 4 соли охир дар даври ҷумҳуриявии олипиадаҳои фаннӣ, аз ҷумла фанни таърих фаъолона ширкат намуда, сазовори мақоми аввал медали тилло шудааст.

Туҳфаи ғайричашмдошт

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳурияии “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” барои Мирмуҳсин Мирдодоев туҳфаи ғайричашмдошт буд. Ӯ бовар надошт, ки барандаи Шоҳҷоиза мегардад. Ҳарчанд ки бо таёрии ҷиддӣ барои ширкат дар озмуни мазкур ба шаҳри Душанбе омад.

“Бовар доштам, ки ҷойи якум ё дуюмро мегирам, хушбахтона Шоҳҷоизаро ба даст овардам. Дар 16 соли ҳаётам ин хел ҳаяҷонро эҳсос накарда будам. Вақте номамро барои гирифтани Шоҳҷоиза садо карданд, вуҷудамро ларза фаро гирифт. Феълан Шоҳҷоиза дар Литсей нигоҳ дошта шудааст”,- нақл мекунад Мирмуҳсин.

Боварии волидайн ба таҳсили фарзанд

Қаҳрамони мо хушҳол аз он аст, ки вақти пурқимати худро сарфи мутолиаи китобу асарҳои бадеӣ карда, бо ба даст овардани Шоҳҷоиза миёни мардум шинохта ва соҳиби эҳтироми хосса гардидааст.

То кунун пуле, ки аз озмун дар ҳаҷми 70 ҳазор сомонӣ ба даст овард, сарф накарда, онро барои таҳсили ояндааш нигоҳ медорад.

“Ман дар чандин озмунҳои фаннӣ дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок кардаму ҷойи аввалро насиб гаштам. Вале ин Шоҳҷоиза хонаводаи маро зиёд хушҳол кард ва боварии онҳо ба таҳсилу дониши ман бештар шуд. Чунин озмунҳо дубора моро водор месозанд, ки бештар рӯ ба хондану эҷод кардан биёрем. Алакай бовар карда истодаам, ки талошҳои хондани ман натиҷа дода истодааст”,- гуфт Мирмуҳсин Мирдодоев.

Ӯ мақсад дорад, ки баъд аз хатми литсей таҳсили худро дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар риштаи сиёсатшиносӣ идома дода, соҳиби маълумоти олӣ гардад.

Талош барои Шоҳҷоиза

Зиннатгул Шобалхиева, омӯзгори фанни таърихи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар ва ҳамзамон роҳбари синфи Мирмуҳсин Мирдодоев мегӯяд, вақте бо низомномаи озмуни ҷумҳурияии “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” шинос шуд, дар худаш боварӣ ҳосил кард, ки шогирдаш ғолиби озмун хоҳад шуд, зеро дараҷаи дониш ва маҳорату малакаи Мирмуҳсин барои иштирок дар озмуни мазкур 80 фоиз омода буд.

Озмуни ҷумҳурияии “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” дар Китобхонаи миллӣ сурат гирифт, ки Зиннатгул Шобалхиева ҳангоми баромад кардани шогирдаш Мирмуҳсин дар утоқи дигар ҳузур дошт ва баромади ӯро мустақиман тамошо мекард. Ӯ мегӯяд, Мирмуҳсин ба 14 саволе, ки ба ӯ дода шуд, посухи дуруст гардонид.

“Барои соҳиб шудани Шоҳҷоизаи озмун зиёд талош кардем. Ҳар рӯз баъди дарс бо Мирмуҳсин кор мекардем. Китобҳои зиёдро мутолиа намудем, аз интернет маълумот ҷустуҷӯ кардем. Ин дастоварди на танҳо мо, балки тамоми намояндагони соҳаи маорифи вилояти Хатлон аст”,- мегӯяд омӯзгор.

Ба гуфтаи Зиннатгул Шобалхиева, заҳматшояш бе подошт намонда, бо мукофоти пулӣ, аз ҷумла, аз тарафи Дастгоҳи президент дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби раиси вилоят 5 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи раиси шаҳри Бохтар 500 сомонӣ қадордонӣ карда шудааст.

Амонҷон Муҳиддинов

Skip to toolbar