fbpx

Дар Душанбе наздики 500 ҳазор “хлопушка” мусодира шуд


-2
-2 points
Дар Душанбе ҷавонон бо хлопушкаҳо боздошт шудаанд
Акс аз Раёсати ВККД дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе аз як гурӯҳ ҷавонон наздики 500 ҳазор маводҳои тарфгарӣ дарёфту мусодира карда шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, гумонбаршаванда Некрӯз Назарови 30-сола маводҳои тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ҳамроҳи дигар ҳаммаслакони худ аз фурӯш ва паҳнсозии он фоида ба даст оварданӣ будаанд.

“Ҳангоми кофтуков аз автомашинаи номбурда тамғаи “Лексус”, 2201 QQ 03, дар 816-қуттӣ дар ҳаҷми 489 ҳазору 600 дона маводҳои тарфгарии-тарконакҳои навъи “Трения с новым годом” мусодира карда шуданд”,- менависад мнбаъ.

Инчунин, ба сифати гумонбар шаҳрвандон: Зоҳир Муҳиддинов, Баҳрулло Меликов ва Бахтиёр Мирзоеви 30-сола, Абдулло Баротови 28-сола ва Ардашер Муродови 26-сола дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, дар идомаи коркардҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ Аминҷон Самадови 24-сола истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафурови в.Суғд низ дастгир карда шудааст, ки ӯ дар анборхонаи худ оташфаввораҳо (хлопушкаҳо)-и Некрӯз  Назаров пинҳон кардааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи-1 Кодекси ҷиноятии ҶТ барои муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё аз 1 то 2 солир зиндон ҷазо пешбинӣ кардааст.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend