fbpx

“Ӯ нав 18-сола шуда буд”. Чӣ тавр шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷанг мебаранд

Беш аз 930 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия меҷанганд, тақрибан 200 нафари онҳо аллакай ҳалок шудаанд, баъзеи онҳо ҳамагӣ 18-сола буданд.


0
Акси марбута аз бойгонии лоиҳаи "Настоящее время"

Аз чанд рӯз то чанд моҳ пас аз бастани шартнома – ба ҳисоби миёна умри сарбози шартномавие, ки ба ҷанг рафтааст, маҳз ҳамин қадар давом мекунад. Ба ҷанге, ки Русия чор сол боз алайҳи Украина мебарад. Аз ҷониби Русия, тибқи маълумоти лоиҳаи украинии “Зистан мехоҳам”, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд.

Мо қисман рӯйхати аз ҷониби ҷониби Украина пешниҳодшуда, аз ҷумла шахсони ҳалокшударо санҷидем. Ҳамаи маълумотҳо тасдиқ шуданд. Маълумотҳои дар рӯйхатҳо зикршуда ҳамчунин имкон доданд муайян намоем, ки ба ҳисоби миёна умри сарбози шартномавӣ дар ҷанг чӣ қадар давом кардааст, шахсони кадом синну сол бештар шартнома мебанданд ва муҳимтар аз ҳама дар кадом давра.

Тавзеҳи муҳим: маълум нест, чанд фоизи афроде, ки дар рӯйхат оварда шудаанд, душаҳрвандӣ (Русия ва Тоҷикистон) доранд ва чанд нафарашон танҳо шаҳрванди Тоҷикистонанд. Вале азбаски онҳо тибқи ҷои таваллуд шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ё миллаташон тоҷик аст, лоиҳаи украинии “Зистан мехоҳам” онҳоро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон сабт кардааст.

Муҳаммадюсуфбек Ваҳобов дар шаҳри Псков зиндагӣ мекард ва душаҳрвандӣ – Русия ва Тоҷикистонро дошт. Ин ҷавон бо Вазорати мудофиаи Русия ҳамагӣ ду моҳ пас аз расидан ба синни балоғат, 3 марти соли 2024 шартнома имзо кард. Тибқи маълумоти лоиҳаи украинии “Зистан мехоҳам”, пас аз як моҳ, 11 апрели соли 2024, Муҳаммадюсуфбек ба ҳалокат расид.

Охирин бор Муҳаммадюсуфбек рӯзи 31 март бо бародараш Диёрбек тамос гирифт ва хабар дод, ки дар самти Херсон, дар наздикии деҳаи Кринки қарор дорад. Оилаи ӯ ё фавран дар бораи марги писар хабардор нашуд, ё бовар кардан намехост. Вале рӯзи 23 апрел дар як телеграм-канали ҷустуҷӯи сарбозон муроҷиати Диёрбек нашр шуд, ки бародари хурдиашро меҷуст.

“Аввал ӯро ба Ростов бурданд, баъдан ба самти Херсон фиристоданд”,- нақл кард бародараш.

Дар як мусоҳибаи кӯтоҳ бо Your.tj наздикони Муҳаммадюсуфбек танҳо як ҷумла гуфтанд: “Ӯ дар асл интихобе надошт”. Онҳо аз шарҳи тафсилоти дигар худдорӣ карданд.

Қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанг кашида шудаанд, шаҳрвандии Русияро низ доранд ва бисёре аз онҳо зери мавҷи мобилизатсия қарор гирифтаанд, ки саркашӣ аз он метавонад боиси аз даст додани шаҳрвандӣ шавад.

Ба ҳисоби миёна сарбозони шартномавӣ дар ҷанг 140 рӯз зинда мемонанд

Лоиҳаи украинии “Зистан мехоҳам” маълумотро дар бораи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия меҷанганд, гирд овардааст. Ба иттилои онҳо, аз ҷониби Русия 931 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд. Дар рӯйхат зикр шудааст, ки марги 196 нафар расман тасдиқ шудааст.

Ҳангоми таҳияи ин матн, сомонаи Your.tj иттилоъ дарёфт кард, ки як шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Сироҷиддин Нуриддинов низ ба ҳалокат расидааст. Ӯ рӯзи 23 апрели соли 2025 – як сол пас аз бастани шартнома фавтид.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи шумори шаҳрвандоне, ки бо артиши Русия шартнома бастаанд, Тоҷикистон пас аз Узбекистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Ба иттилои лоиҳа, аз Узбекистон 1110 нафар ҷалб шудаанд.

Тавре сухангӯйи лоиҳаи “Зистан мехоҳам” Виталий Матвиенко ба Your.tj хабар дод, миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷанг иштирок мекунанд, шумораи зиёди нафарони дорои душаҳрвандӣ ҳастанд. Дар баъзе ҳолатҳо ин ба таври автоматӣ ӯҳдадории адои хизмати ҳарбиро ба миён меорад. Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхат тафовут байни онҳое, ки танҳо шиносномаи тоҷикӣ доранд ва онҳое, ки дорои душаҳрвандӣ мебошанд, оварда нашудааст.

“Баъзе аз онҳо [асирони ҳарбӣ] нақл мекунанд, ки фавран пас аз гирифтани шаҳрвандии Русия ба хидмат ҷалб шуданд, зеро ин яке аз шартҳои дарёфти шаҳрвандӣ будааст. Ҳар чӣ ҳам бошад, мо онҳоро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон арзёбӣ мекунем. Мо инчунин медонем, ки даҳҳо нафар аз зодагони Тоҷикистон ҳастанд, ки аз рӯйи таваллуд шаҳрвандони Русия мебошанд, вале миллаташон тоҷик аст”,- мегӯяд Матвиенко.

Муҳаммадюсуфбек ягона ҷавони 18-сола нест, ки дар оғози синни балоғат ба ҷанг бурда шудааст. Саидаҳмад Пирмадов рӯзи 28 ноябри соли 2023, ҳамагӣ 11 рӯз баъд аз ба 18 расиданаш, ба ҷанг фиристода шуд. Дар ҷанг ҳамагӣ ду моҳ иштирок кард.

Хабарнигорони Your.tj кӯшиш карданд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонони дигари тоҷик, аз ҷумла Меҳроб Носиров, ки шартномаро дар моҳи апрели соли 2024, ду моҳ пас аз расидан ба синни балоғат, ба имзо расонда буд, ва Шоҳҷаҳон Соярқулов, ки дар синни 20-солагӣ шартнома бастааст, тамос гиранд. Вале паёмҳо беҷавоб монданд ва дар бораи сарнавишти минбаъдаи онҳо чизе маълум нест.

Тибқи маълумоти лоиҳаи украинии “Зистан мехоҳам”, ҳангоми бастани шартнома, панҷ шаҳрванди Тоҷикистон 18-сола ва панҷ нафари дигар 19-сола будаанд. Аммо қисми асосии онҳоро афроди аз 20 то 40-сола ташкил медиҳанд. Бузургсолтарин иштирокчӣ аллакай 70-сола аст ва то ҳол дар ҷанг иштирок дорад. Вақти бастани шартнома, ӯ 67-сола будааст (лутфан интизор шавед то графика пурра намоён шавад).

Мо ҳамчунин таҳқиқ кардем, ки аз лаҳзаи бастани шартнома то фавт, давраи хидмат ба ҳисоби миёна чӣ қадар давом мекунад. Кӯтоҳтарин муддат ҳамагӣ 7 рӯз будааст. Давомнокии миёнаи зиндагии сарбози шартномавӣ тақрибан 140 рӯз, ё худ 5 моҳро ташкил медиҳад.

Виталий Матвиенко мегӯяд, 90 фоизи маълумоти шахсии ин нафарон, аз ҷумла маълумот дар бораи шартномаҳои ҳарбӣ, ҷойи омодасозӣ, хизмат ва ғайра, тавассути манбаъҳои дохили Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба дасти лоиҳаи украинӣ расидааст. Бархе аз онҳо дар асорат қарор доранд, дар бораи баъзеҳо дар манбаъҳои кушод некрологҳо (эълони марг) нашр шудаанд.

“Ин рӯйхат пурра нест. Мо мутмаинем, ки миқёси иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, каме бештар аст. Дар мавриди баъзе шахсони зикршуда мо медонем, ки дар куҷо сабти ном шудаанд, дар бораи баъзеи дигар медонем, ки кай ва дар куҷо ҳалок шудаанд ва дар куҷо дафн шудаанд. Вале на дар бораи ҳама. Ин раванд доим дар тағйир аст”,- мегӯяд Матвиенко.

Дар ин рӯйхат номи Самир Воситов оварда нашудааст, ки моҳи августи соли 2024 ба асорат афтода буд. Дар канали “Мобилизация” видеои Самири 18-сола нашр шуд, ки дар он тибқи нақли ӯ, дар шаҳри Тула зиндагӣ мекард ва аз онҷо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ бурда шуд.

“Ман фикр мекардам, ки мисли ҳама, як сол хизмат мекунам. Ҳатто фикр намекардам, ки ба хати марз меафтам”,- мегуфт Воситов, ки дар вилояти Курск ба асорат афтодааст.

Аксари шартномаҳо пас аз ҳодисаи “Крокус” баста шудаанд

Дар рӯйхате, ки лоиҳаи “Зистан мехоҳам” таҳия кардааст, дар бораи нафароне, ки соли 2022 ба таври оммавӣ ба сафи ширкати ҳарбии хусусии (ЧВК) “Вагнер” пайвастанд, қариб маълумоте мавҷуд нест. Қисми асосии маълумоти ин лоиҳа аз соли 2023 оғоз мешавад.

Муаллифи тасвир Repcak, махсус барои Your.tj

Дар бораи он ки чӣ гуна шаҳрвандони Тоҷикистонро дар зиндонҳо ба хизмат ҷалб мекарданд, дар ин ҷо хонед.

Бо вуҷуди ин, дар рӯйхат афроде ҳастанд, ки дар қаламрави Русия дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Масалан, Рустам Деҳқонзодаи 28-сола пас аз он ки суди ноҳиявии Санкт-Петербург дар моҳи майи соли 2023 ба ӯ 7 ҳазор рубл ҷарима таъйин кард ва бо қарори додгоҳ бояд аз Русия хориҷ мешуд, дар ҷустуҷӯи федералӣ эълон шуда буд. Аллакай 20 июн парванда ба иҷрочиёни судӣ супурда шуд, аммо тибқи маълумоти лоиҳа, рӯзи 26 июн Рустам бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома бастааст.

Маҳмуд Абдураҳмонови 35-сола, ки низ дар ҷустуҷӯ қарор дорад, дар моҳи июни соли 2024 шартнома бастааст. Шароити бастани ин шартнома маълум нест. Ба ҳамин монанд Фаридун Ҷӯраеви 27-сола низ моҳи сентябри соли 2023 шартнома ба имзо расондааст.

То замони нашри ин матлаб, дар бораи сарнавишти минбаъдаи ин шахсон маълумоте дастрас набуд.

Бо вуҷуди ин, тибқи маълумоти лоиҳаи украинӣ, қисми асосии шартномаҳо ба баҳору тобистони соли 2024 – пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл”, ки дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам дониста шуданд, рост меояд. Баъд аз ин ҳодиса, дар Русия рейдҳои оммавӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки он ҷо фаъолият мекарданд, оғоз ёфтанд.

Баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон аз марказҳои муҳоҷиратӣ рост ба ҷанг бурда шудаанд. Ба онҳо пешниҳод шудааст, ки ба ивази бастани шартномаи ҳарбӣ шаҳрвандии Русияро гирифта метавонанд. Бархе, мисли Мансурулло Қосимови 36-сола, ба ваъдаи “маоши хуб” бовар кардаанд.

Мансурулло Қосимов ҳамчун боркашон дар як анбори сабзавот бо музди 2 ҳазор рубл дар як рӯз кор мекард. Ба ӯ дар Луганск кор бо маоши 8 ҳазор рубл дар як рӯз пешниҳод карданд.

Баъд аз дар Украина ба асорат афтодан, Мансурулло нақл кард, ки дар Русия бо иҷозатномаи иқомати муваққатӣ зиндагӣ мекард. Рӯзи 1 ноябри соли 2024 ӯро ба вилояти Курск фиристоданд. Вале дар рӯзи аввал зери зарбаи дронҳои украинӣ монда, ба асорат афтод.

“Ба ман гуфтанд, ки танҳо пас аз рафтан ба комиссариати ҳарбӣ ба Луганск ба кор мумкин аст. Рафтам, вале дигар маро иҷозаи баромадан надоданд. Шаш рӯз дар тамрингоҳе дар Воронеж будам, либоси ҳарбӣ доданд, либоси мулкиро гирифтанд. Танҳо он вақт фаҳмидам, ки чӣ мегузарад. Вале ман инро аслан намехостам. Чор фарзанд дорам, барои чӣ ман бояд ҷанг кунам?”,- нақл кард Қосимов.

Шавкат Саидасаншоев, ки низ ҳангоми дар асорати Украина қарор доштан, гуфт, ки мардуми Осиёи Марказӣ ҳамчун “гӯшт барои туп” истифода мешаванд. Шавкат ихтиёрӣ шартнома баст, вале танҳо дар хати пеши ҷанг дарк намуд, ки хато кардааст.

“Дар ин ҷо [дар асорат] бо мо хуб муносибат мекунанд. Ман мехоҳам ба ҳамаи шиносону наздиконам бигӯям: шартнома набандед. Ҳамааш дурӯғ аст, ҳамаатонро ба сӯи марг мебаранд”,- гуфт Саидасаншоев.

Аз рӯйхати шахсони таҳти назорат

Моҳи октябри соли 2024 Вазорати корҳои дохилии Русия ба Вазорати меҳнати Тоҷикистон рӯйхати 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро фиристод, ки гӯё ба феҳристи шахсони таҳти назорат ворид шудаанд. Ин феҳрист аз моҳи марти соли 2025 ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар он қайд шудааст, ки ин афрод бояд ё Русияро тарк кунанд, ё ҳузури худро дар он ҷо расман қонунӣ гардонанд.

Бисёр нафароне, ки дар феҳрист буданд, он замон навиштанд, ки дар рӯйхат хатоҳо зиёданд, ҳатто нафароне ба он шомил шудаанд, ки аллакай шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Мо маълумотеро, ки Вазорати меҳнати Тоҷикистон нашр кард, бо рӯйхати лоиҳаи украинии “Зистан мехоҳам” муқоиса кардем. Маълум шуд, ки дар феҳристи шахсони таҳти назорат 93 нафаре сабт шудаанд, ки бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома бастаанд. Аз миёни онҳо 20 нафар аллакай ҳалок шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи ин шаҳрвандони Тоҷикистон (яке аз онҳо, дар баробари шаҳрвандии Тоҷикистон, шаҳрвандии Русия низ доштааст) шартномаҳоро ҳанӯз пеш аз пайдоиши феҳрист, яъне дар солҳои 2023 ва 2024 ба имзо расондаанд. Ёдовар мешавем, ки қисми асосии шартномаҳо ба баҳору тобистони соли 2024 рост меояд.

Муҳоҷирон ба таслимшавӣ даъват мекунанд

Дар тӯли ҷанг, лоиҳаи украинии “Зистан мехоҳам” пайваста он нафаронеро, ки ихтиёрӣ ё зери фишор ба фронт рафтаанд, ба таслим шудан даъват мекунад. Муассисони ин лоиҳа ваъда медиҳанд, ки дар сурати таслими ихтиёрӣ, бо асирон мувофиқи стандартҳои байналмилалии муносибат бо асирони ҷангӣ бархӯрд хоҳанд кард.

Онҳо ваъда медиҳанд, ки се бор ғизо медиҳанд, кӯмаки тиббӣ мерасонанд ва имкони тамоси доимӣ бо наздиконро таъмин мекунанд.

Барои осонтар кардани раванди таслимшавӣ, лоиҳаи “Зистан мехоҳам” маркази ягонаи қабули дархостҳоро дар сомонаи hochuzhit.com роҳандозӣ кардааст, ки дар он дастурҳои муфассал барои ҳарбиён оварда шудаанд.

Илова бар ин, чат-боти махсуси @spasisebyabot дар Telegram фаъол аст, ки тавассути он метавон дар бораи вазъ, макони будубош ва зарурати кӯмак барои ҳифзи ҳаёт хабар додан мумкин аст.

Сухангӯи лоиҳаи “Зистан мехоҳам” Виталий Матвиенко ба ҳамаи хориҷиён, ки ният доранд аз ҷониби Русия ҷанг кунанд, хотиррасон мекунад, ки дар ин ҷанг онҳо танҳо ҳамчун “масолеҳи яккарата” истифода мешаванд.

“Новобаста ба он ки корманди комиссариати ҳарбӣ ё шахси дигар ба шумо чӣ ваъда медиҳад арзиши онро надорад, ки ҳаёти худро дар як ҷанги бегона аз даст диҳед. Шумо дар ҳама ҳолат фиреб мехӯред ва ба сӯи марг фиристода мешавед”,- гуфт Матвиенко.

Ҳамчунин хотиррасон бояд кард, ки дар Тоҷикистон иштирок дар ҷанг аз ҷониби Русия ё Украина тибқи моддаи 401 “Зархаридӣ”-и Кодекси ҷиноятӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ҳисобида мешавад ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 20 сол ҷазо пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи эзоҳ ба моддаи 401(1), шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии ғайриқонунӣ дар қаламрави давлатҳои дигар то замони поёни фаъолияти он воҳид ё анҷоми ҷанг даст кашад ва агар дар амалаш нишонаҳои ҷинояти дигар вуҷуд надошта бошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешавад.

Ин ҷавобгарӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вақти имзои шартнома шаҳрвандии Русияро низ дошта бошанд, татбиқ намегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend