Сагеро аз дарёи Варзоб наҷот доданд

Наҷотдиҳандагон сагеро аз дарёи Варзоб бароварданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сагеро аз миёни дарёи Варзоб бароварданд. Дар ин бора сомонаи расмии КҲФ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ саг дар байни мавҷҳои пурталотуми дарё мондааст.

“23-юми май дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабаре нашр шуд. Дар он ба наҷоти саге даъват мекарданд, ки дар як ҷазирачаи дарёи Варзоб монда буд. Пас аз гирифтани ин маълумот наҷотдиҳандагони КҲФ шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса фавран сафарбар карда шуданд”,- омадааст дар хабар.

Ҳодиса дар мавзеи НОБ-и Варзоб ба амал омадааст.

Сокинон аз он нигарон буданд, ки саг дар ҷазирачае, ки дар соҳили рӯдхонаи Варзоб ҷойгир аст, 4 рӯз боз дармондааст.

“Наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса расида, бо ёрии қаиқ ва таҷҳизоти махсус амалиёти наҷотро оғоз карданд. Корро чараёни пурзури дарьё душвор мегардонд”,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, тақрибан дар давоми ду соат сагро наҷот доданд.

Skip to toolbar