Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои оташбас

Дар пасманзари ноором шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар дидбонгоҳи гумрукии “Равод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон гуруҳҳои корӣ вориди гуфтушунид шуданд.

Ин иттилоъ дар саҳифаи Фейсбукии Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд паҳн шуд.

Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистонро Раиси КДАМ ҶТ, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Қамчибек Ташиев раиси КДАМ-и ин кишвар роҳбарӣ намуданд. Дар мулоқот ҳамзамон вазирони корҳои дохилии ду кишвар, раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ширкат варзиданд.

“Зимни гуфтушунид ҷонибҳо аз зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд”, – омадааст дар хабар.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад. Қаблан Қирғизистон ду даъвати оташбасро аз ҷониби Тоҷикистон напазируфта буд.

Субҳи 16 – уми сентябр, баъди як рӯзи оромӣ ҷониби Қирғизистон дубора ба деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон аз силоҳҳои вазнини ҷангӣ оташ кушод. Марзбонони тоҷик низ дар ҷавоб аз силоҳҳои оташфишон истифода бурданд. Тибқи иттилои баъзе манбаъҳо Қирғизистон аз бесарнишинҳои “Байрактар”, ки аз Туркия харидорӣ карда буд, ба манзилҳои истиқоматии сокинони осоиштаи Тоҷикистон оташ кушодааст.

То ҳол шумораи расмии захмиён ва қурбониён аз ҷониби Тоҷикистон маълум нест. Қаблан дар бораи марги як марзбони тоҷик расонаҳо бо такя ба иттилои шоҳидони ҳол хабар дода буданд.

Қирғизистон ҳар лаҳза аз шумораи захмиёни муноқиша хабар медиҳад. Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ то ин соат 31 нафар аз ҷониби Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Зимнан дар расонаҳои интернетии кишвари ҳамсоя иттилои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолии осоишта нашр шуда буд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.

Skip to toolbar