fbpx

Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов вазъияти марзро баррасӣ кард

Сабабҳои ҳодиса дақиқ ва нерӯҳои иловагӣ аз марз берун карда мешаванд


0

Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вазъияти марзи ду кишварро баррасӣ карданд.

Дафтари матбуоти Президенти Қирғизистон дар ин бора иттилоъ додааст.

Манбаъ менависад, “роҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки ба сохторҳои марбут дар робита ба оташбас, хуруҷи нерӯҳо ва таҷҳизоти низомӣ аз хатти даргирӣ, дастур диҳанд.”

Бар асоси тавофуқнома, раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар ҷойи ҳодиса (минтақаи муноқиша) кор хоҳанд кард, барои таҳқиқи шароит ва сабабҳои ҳодиса комиссия таъсис дода мешавад.

«Ҳамчунин дар бораи суръат бахшидан ба кори Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тавофуқ ҳосил шуд», – менависад манбаъ.

Зимнан Хадамоти матбуотии вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки барои назорати оташбаси бамувофиқарасида дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон комисияи муштарак ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, ки вазифаи асосии комиссияи муштарак назорати риояи оташбас дар минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, комиссия аллакай, кори худро оғоз кард.

Он зери роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдукарим Алимбаев, раиси вилояти Ботканд ташкил гардид.

Ёдовар мешавем, ки марзбонони Қирғизистон субҳи 16 – уми сентябр, баъди як рӯзи оромӣ ҳамлаи мусаллаҳонаро ба чанд деҳаи наздимарзии Тоҷикистон оғоз карданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамла марзбонони ин кишвар аз силоҳҳои вазнини ҷангӣ истифода бурданд.

Шумораи дақиқи захмиён ва қурбониён аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест. Қирғизистон бори охир аз захмӣ шудани 31 шаҳрвандаш хабар дода буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend