fbpx

Дабир кулли СААД Тоҷикистону Қирғизистонро ба оташбаси фаврӣ даъват кард

Қирғизистон ду даъвати оташбасро аз ҷониби Тоҷикистон напазируфт


0

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо котибони Шӯрои амнияти ин кишварҳо телефонӣ гуфтугӯ кард.

Дар ин бора “Азия плюс” бо такя ба иттилои Telegram – канали котиботи СААД хабар дод.

Станислав Зас, Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов зимни гуфтушунид зарурати оташбаси фаврӣ ва баргузор намудани гуфтушунидро байни мақомоти марбута ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият танҳо бо роҳи осоишта таъкид доштанд.

Тавре ки маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надода истодаанд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад.

«Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», — омадааст дар иттилоия.

Задахӯрдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз, 16 сентябр оғоз шуданд.

Дар сар задани муноқиша ҷонибҳо ҳамдигарро айбдор мекунанд.

Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, дар ҷараёни тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон як марзбони тоҷик ҳалок ва 3 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон аз 18 нафар осебдидагон хабар медиҳад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend