Қирғизистон ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба 20 соли зиндон тағйир дод
Додгоҳи вилояти Ботканди Қирғизистон дар мурофиаи рӯзи 6-уми декабр ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бекор карда, онҳоро барои 20 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Дар ин бора ба расонаҳо ҳамари яке аз боздоштшудаҳо хабар додааст.
Ин мурофиаи додгоҳӣ дар пайи шикояти пайвандони Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов доир шудааст, ки 14-уми сентябри имсол додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳукми абад таъин карда буд. Қирғизистон ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро пас аз ҳаводиси охири моҳи апрел бо ҷурми “ҷиноят бар зидди сулҳ” ва “ғоратгарӣ” айбдор карда буд, вале пайвандонашон аз ин ҳукм розӣ набуданд ва ба бегуноҳии онҳо пофишорӣ намуданд.
Як манбаи “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гуфтааст, ки ин ду шаҳрванд, ки бо ду модда – “ҷиноят бар зидди сулҳ” ва “ғоратгарӣ” маҳкум шудаанд, аз рӯйи моддаи аввал 15-солӣ ва аз рӯйи моддаи дувум 5-солӣ ҳукм гирифтанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Бишкек бо наздикони маҳукшудаҳо талош доранд, ки дар давоми ҳафт рӯз аз ин ҳукм шикояти касатсионӣ баранд.
Мушкили интернет дар Бадахшон. “Дар баъзе идораҳо ҳаст, аммо сокинон надоранд”
Дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет дубора дастрас шудааст, аммо сокинон мегӯянд, ҳанӯз дар телефонҳои мобилиашон интернет надоранд.
Дар пайи эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябри имсол дар шаҳри Хоруғ, ки пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, рӯй дод, интернет дар вилояти Бадахшон дастнорас шуд.
Ёдовар мешавем, ки мақомот гуфта буданд, дар сурати хатми эътироз дастрасиро ба интернет барқарор карда, омилони қатли Гулбуддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашанд ва эътирозгаронро таъқиб намекунанд.
Корманди яке аз созмонҳои иҷтимоӣ рӯзи 7-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин субҳ дар ҷойи кори онҳо ва баъзе аз идораҳои давлатӣ интернет “пайдо шудааст”. Ба гуфтаи ӯ, раҳбари онҳо таъкид кардааст, ки аз изҳори назар ва нашри аксу видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ варзанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи қатъ ва дубора фаъол кардани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳеч изҳороте надодаанд.
Кувейт дар рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон кумак мекунад
Эмомалӣ Раҳмон бо мудири кулли Бунёди рушди иқтисоди кишварҳои араби Кувейт Марван Абдуллоҳ Ал-Ғоним ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишварро баррасӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии кишвар.
Дар мулоқот президент таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувейт ва манфиатдори рушди ҳамкорӣ бо муассисаи муҳими молиявии он – Бунёди рушди иқтисоди кишварҳои араби ин кишвар мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати металлургияи ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳиро муҳокима кардаанд.
Вазорати дифоъ: “Нақша иҷро шуд, аммо даъват давоми сол идома мекунад”
Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтанд, нақшаи тирамоҳии бурдани ҷавонон ба артиш пурра иҷро шудааст, вале даъвати онҳо ба комиссариатҳои ҳарбӣ давоми сол идома хоҳад кард.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми декабр гуфтааст, “бар асоси қонуни нави хидмати ҳарбӣ, бо қарори раисони комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо, даъвати ҷавонон то мавсими дигар идома меёбад.”
Сухангӯи вазорат дар идома афзуд, ҷавонони синни даъватӣ новобаста аз он, ки донишҷӯянд ё аз хориҷа бармегарданд, давоми сол барои пурра кардани ҳуҷҷатҳояшон ба комиссариати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Тоҷикистон дар соли 2022 мунтазири дарёфти ним млрд доллар грант аст
Ҳукумати Тоҷикистон аз дастгирии ройгони молиявӣ ба маблағи ҳудуди 5,4 млрд сомонӣ (475 млн доллар) дар соли оянда интизорӣ дорад.
Дар қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022” ҷалби грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 665 млн сомонӣ барои дастгирии буҷет муқаррар шудааст.
Ғайр аз ин, гирифтани грантҳо ба маблағи умумии 4,7 млрд сомонӣ ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст.
Кумаки молиявии бебозгашт, ки ҳукумат соли оянда аз он интизорӣ дорад, қариб ду баробар зиёдтар аз ҳаҷми кумакест, ки дар Буҷети давлатии соли 2021 (2,8 млрд сомонӣ ё худ 248 млн доллар) муқаррар шудааст.
Тоҷикистон ягона давлатест дар паҳнои посошӯравӣ, ки дар арсаи байнулмилалӣ ба сифати кишвари сатҳи даромадашон паст (кишварҳои камбизоат) арзёбӣ мешавад.