Наздики 130 бонуи тоҷик ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мактуб ирсол карда, хостаанд, ҳукми Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки ба 8 соли зиндон маҳкум шуд, бозбинӣ ва сабук карда шавад.
Занону модарони тоҷик, ки дар ин мактуб имзо гузоштаанд, “бо изтироб ва умеди зиёд” ба президент муроҷиат карда, изҳори боварӣ кардаанд, ки ӯ ҳатман овозашонро мешунавад.
Бонувони тоҷик аз хабари мудҳиши ба ҳашт соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидани Рухшона Ҳакимова ёдовар шуда, аз ҳоли ду духтари хурдсоли ӯ, ки яке ҳанӯз ширмак аст, изҳори нигаронӣ кардаанд.
“Ин хабари мудҳиш вуҷуди моро ба ларза овард, аммо ин шабу рӯз паршикастатар аз мо, бешак, духтарони хурдсоли ӯ Шаҳнура ва Шукрона ҳастанд, ки дар як лаҳза аз гармии оғӯши модар, меҳру муҳаббат ва навозиши ӯ маҳрум гаштанд.
Хусусан Шукронаи 10-моҳа на танҳо аз домони меҳри модар, балки аз шири ҷонфизои ӯ бенасиб гардид, ҳол он ки шири модар на танҳо ғизо, балки миёни онҳо василаи руҳу равонист. Мо, ҳатто, тасаввур карда наметавонем, ки ин тифлакони ноз, ки ҳоло ҳанӯз сухан карда наметавонанд, ба ин кӯҳи ғаму андӯҳ чӣ тавр тоб меоварда бошанд…”,- навиштаанд дар нома.
Бонувон, инчунин қайд кардаанд, ки сухани роҳбари давлат метавонад “сарнавиштҳоро тағйир диҳад”. Онҳо умедворӣ бар он намудаанд, ки президент “бо дилсӯзӣ ва адолат” ба ин қазия назар мекунад.
“Мо хоҳиш дорем, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда барои сабуксозии ҳукм ва баррасии роҳҳои гуманитарии ҳалли масъала мусоидат намоед, яъне ҷазое бошад, ки ба маҳрумкунӣ аз озоди алоқаманд набошад, то ки ин модар битавонад фарзандонашро худаш ба воя расонад”,- хоҳиш кардаанд занони тоҷик аз сарвари давлат.
Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори 31-солаи тоҷик, ки ду кӯдаки хурдсоли яке 10-моҳа ва дигари 2-сола дорад, бо иттиҳоми “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) аз ҷониби суд гунаҳкор эълон гардид.
Нисбати ӯ моҳи июни соли 2024 парванда боз шуд. Ҳарчанд ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, ҳамаи аснодаш мусодира шуда, ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Бо вуҷуди ин, баъд аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал ӯро аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифтанд.
Худи Рухшона ин иттиҳомро рад кардааст.
Рӯзи 13-уми феврал раиси нави Суди олӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки қонунгузорӣ таъхир дар иҷрои ҳукм барои ҷиноятҳои махсусан вазнинро пешбинӣ намекунад.
Вакили дифои Рухшона Ҳакимова, рӯзи 18-уми феврал гуфт, ки барои баррасии ин ҳукм ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардааст.
Рухшона Ҳакимова, фаъолияти касбиашро соли 2013 оғоз карда, дар як қатор расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон фаъолият кардааст.