fbpx

Дар чанде аз кӯчаҳои Душанбе ду рӯз барқ қатъ мешавад

Гуфта мешавад, қувваи барқ барои корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ қатъ хоҳад шуд.


0
Шамъ дар торикӣ
Акси марбута аз интернет

Бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ, дар рӯзҳои 8 ва 9-уми март, аз соати 08:00 то 17:00 дар як қисми кӯчаҳои ноҳияи И.Сомонӣ интиқоли қувваи барқ қатъ хоҳад шуд.

Дар ин бора “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Барқ дар кӯча ва биноҳои давоми ду рӯз қатъ карда мешавад:

  • Хиёбони Рудакӣ, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Л.Шералӣ, М.Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Некрасов, Бохтар, Ойгул, М.Холов, Пушкин;
  • ҶСП “Ориёнбонк”, хонаи Нависандагон, меҳмонхонаҳои “Авесто” ва “Тоҷикистон”, чойхонаи “Роҳат”;
  • Дигар иншооти муҳими шаҳр, аз ҷумла Маҷлиси Олӣ, хонаи Радио, бинои Вазорати корҳои кохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва Вазорати мудофиа.

Дар иншооти зикршуда барои корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ қувваи барқ қатъ хоҳад шуд, менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, барои таъмини иҷрои ҳарчи зудтари корҳои таъмирӣ, дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend