Муҳоҷирон дар Русия танҳо 2%-и ҷиноятҳоро содир кардаанд

Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия гуфтааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои сабтшуда дар ин кишвар, наздики 2 дарсад ба шаҳрвандони хориҷӣ рост меояд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Шойгу, то охири соли гузашта дар Русия 6,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебурданд, ки нисбат ба яксоли пеш аз он 400 ҳазор нафар бештар аст. Шумораи ҷиноятҳои содиркардаи онҳо бошад, бетағйир монда, 38,6 ҳазорро ташкил додааст.

Шойгу ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар соли гузашта тақрибан 1,5 ҳазор нафар бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудаанд.

Ӯ афзудааст, дар соли 2024 алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ 3,4 миллион протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Соли гузашта ҳамагӣ беш аз 10 дарсади муҳоҷирон муҳлати иқомати худро дар Русия тамдид кардаанд.

Қаблан ВКД Русия гуфта буд, ки соли 2024 ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ 0,9% коҳиш ёфта, ғоратгарӣ 27% ва дуздӣ 26% кам шудаанд.

Skip to toolbar