Тоҷикистон аз созиши дипломатии Эрону Арабистони Сауди хуш истиқбол кард
Эҳёи робитаҳои дипломатии Эрону Арабистони Саудӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон истиқбол ёфт.
14 – уми март Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри баёнияи расмӣ гуфт,
“Тоҷикистон аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ… истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад”.
Баъд аз 7 соли душманиву хусумат Эрону Арабистони Саудӣ рӯзи 10-уми март бо миёнравии Чин созиш кардаанд, ки дигарбора робитаҳои дипломатиро аз сар мегиранд.
Робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016 дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон қатъ гардид. Он замон ҳамлаваронро қатли Нимр ал-Нимр, як рӯҳонии шиамазҳаби Арабистони Саудӣ ба хашм оварда буд.
Тоҷикистон, ки бо ҳарду кишвар робитаҳои худ дорад, дар бораи таҳаввулоти муҳими байналмилалӣ аҳёнан баёнияҳои расмӣ медиҳад.
Модаре дар Норак талаби ҷазои омилони худкушии духтарашро мекунад
Аъзои оилаи Умедаи 25 – сола аз Норак даъво доранд, ки сабаби худкушии духтарашон “ҷабри шавҳару хушдоман” аст, вале бо гузашти як сол онҳо беҷазо мондаанд. Ба гуфтаи мақомот таҳқиқи ин ҳодиса ҳанӯз идома дорад.
Ҳодисаи мазкур моҳи марти соли гузашта ба вуқӯъ пайваста буд. Тарафи муқобил даъворо намепазирад.
Умеда се сол пеш бо Зиёдулло Абдуллоев аз шаҳри Турсунзода дар Русия оиладор шуд. Ду сол якҷоя зистанд. Арӯси хонадон дар моҳи марти соли гузашта дар Тоҷикистон худкушӣ кард.
Ба иттилои манбаи “Радиои Озодӣ” аз Прокуратураи шаҳри Норак дар робита ба қазия парванда боз шудааст ва “ҳодиса бар асоси моддаи 109 (ба худкушӣ расондан) таҳқиқ мешавад”.
Ба қавли ӯ, “фурсат лозим аст, то таҳқиқ ба анҷом расад ва маълум гардад, ки сабаби худкушӣ чӣ будааст.”
Пайвандони Умеда Абдуалимова эътироз доранд, ки мақомот таҳқиқи қазияи ӯро кашол медиҳанд.
Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе мегузарад
14 – 15-уми сентябри соли 2023 таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар дод.
Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал низ дар Душанбе дар ин рӯзҳо ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар кори саммитҳо иштироки президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.
Таъкид мешавад, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст ва асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин маротиба соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида, минбаъд соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, соли 2021 дар шаҳри Авазаи Туркманистон ва соли 2022 дар шаҳри Чолпон – Отаи Қирғизистон сурат гирифта буд.
Дар Душанбе баргузории мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар назар аст
Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ 19 –уми март мусобиқаи 4-уми байналмилалии гӯштини миллӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” дар назар аст.
Дар ин мусобиқа иштироки 100 нафар варзишгарон аз 24 кишвари ҷаҳон пешбинӣ мешавад. Тоҷикистонро дар он 30 нафар гӯштингирон намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг байни ҳам рақобат мекунанд.
Ғолибон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, гирандагони зинаҳои дуюм – бо 7 ҳазор доллар ва сеюм – 3 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.
Ба Душанбе омадани варзишгарони хориҷӣ аз рӯзи 17 март оғоз мешавад.
Дар ин мусобиқа иштироки намояндагони давлатҳои Фаронса, Италия, Юнон, Руминия, Нигерия, Уммон, Кувейт, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Русия, Беларус, Муғулистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо дар назар аст.