fbpx

Мо Шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем!: Нома ба омӯзгори дӯстдошта


1
1 point
Омӯзгорон дар Тоҷикистон
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Омӯзгор ҷомеаро саводнок ва роҳи ояндаи ҳар фарди онро бо таълиму тарбияи худ равшан мекунад. Омӯзгорӣ яке касбҳои муҳимтарин дар ҳама гӯшаи олам мебошад. Он дар радифи касбҳои шарафманд ва душвор дохил мешавад. 

Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия «Рӯзи омӯзгорон» таҷлил мегардад.

Дар ин рӯз мо аз омӯзгор, шоир ва рӯзноманигор хоҳиш кардем, то ба муаллими дӯстдоштаи худ бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон» мактубе нависанд.

Мушаррафа Ҷӯраева, профессор ва мудири кафедраи «Услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ»-и факултети рӯзноманигории ДМТ

«Ассалом, Устоди гиромӣ!

Давоми чанд моҳи охир бо алам, бо дард ҷузъиёти рӯзи охирини дидори Шуморо ба хотир оварданӣ шавам, ҳар дафъа дарду аламам зиёдтар мешавад. Он рӯз 23-юми апрел бояд конференсияи илмии кафедраамонро мегузаронидем. Аз авзои ҷаҳон ва хабарҳои ногувори ҳар рӯз аз ҳар сӯ мерасида, рӯзҳои охир ҳамеша мушаввашхотир будам. Баъд аз маҷлиси садорати факултет ба кафедра даромада Шуморо дар ҷойи муқаррариатон машғули хондани чизе дидам. Дар тан сару либос (костюм)-и ба худатон зебандаи сафедранг доштед. Бо «ассалому алайкум, Муаллим» диққататонро ҷалб кардам, ки баргашта бо ҳамон табассуми малеҳи танҳо ба худатон хос «ҳа, ваалайкум ассалом» гуфтед, бароятон «комплимент» карда гуфтам, ки «имрӯз барои конференсия фасон шуда омадед?!». Дар ҷавоб хандон-хандон «ҳа, охир конференсия ҳам ид-дия» гуфтед. Оҳ, устоди беҳамтою нотакрорам, амакҷони хушгуфтору хушрафторам, бародари аз бародарҳои ҷонӣ ҷонитари падарам, дӯсти содиқтарину беғаразтаринам, оё ба гӯшаи хотиратон омада бошад, ки аз умри азизи Шумо ҳамагӣ бист рӯзи дигар боқӣ мондаасту бас. Бо алам, бо дард он рӯзро ба хотир меорам, ки он рӯзи охирин ҳам мисли тамоми умри пурбаракататон лабрези зиндагӣ, лабрези шодию нишот, пур аз қуввату нерӯи фавқулодда маҳфили моро гарму аҳли нишастро хушҳол карда, пас «ман дар Академияи идоракунии давлатӣ дарс дорам» гӯён рафтед. Оҳ, устоди беозорам, оё медонистед, ки ин охирин рафтан аз факултет буд?!

Бо вуҷуди он ки мо, ҳама шогирдони Шумо, аз ҷӯйи кандаатон ба серӣ об нӯшидаем, ҳама аҳли кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ меваҳои дарахти сабз карда бузург намудаи Шумо ҳастему аз меҳнати пурбаракати Шумо ба камол расидаем, аз давлати дидоратон, сояи пурнавозишатон сер нашудем. Кафедраро бе Шумо тасаввур кардан наметавон, зеро номи кафедраи «Услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ» якумрӣ ба номи мубораки Шумо пайванд аст. Ҳоло ҳам ҳар касе пурсад, ки «Шумо мудири кадом кафедра?», мегӯям, «мудири кафедраи Камолиддинов», зеро тору пуди кафедраи мо аз риштаҳои меҳру муҳаббату самимияту садоқати Шумо, устоди бузургвору беҳамтою нотакрору хушрафтору хушгуфтору беозорам танида шудаанд.

Ба муносибати 85 солагии зодрӯзи муборакатон 8 октябри соли 2020 нияти гузаронидани конференсияи байналмилалиро шунида чӣ қадар хурсанд шуда будед, табассуми мисли тифлони маъсум фараҳангез чеҳраи нурониатонро зеб дод. Оҳ, устоди ҷаҳоншиносам, ҳоло қариб ҳар рӯз ба почтаи электрониам олимони ҳавзаҳои илмии на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистону Россия ҳам ки аз ин иқдом шод шуда, таҳниятамон гуфта буданд, мақолаҳояшонро фиристода истодаанд… ниятҳои нек доштам. Мисли кӯдак хурсандӣ карда, Шуморо садри аъзами ин маҳфил тасаввур мекардаму дилам лабрези нишот буд, ки ҳамчун шогирд барои устоди ҷофидоямон лоақал ҳамин қадар хизмат карда метавонем… Акнун дуо мекунем, ки рӯҳи мубораки Шумо тарбияту мададамон кунаду Худои меҳрубон ҳамаи моро, шогирдону ҳамкорону фарзандону наздикони Шуморо дар паноҳи бузурги меҳрубониҳояш нигоҳ дораду ба рӯзи бузургдошти Шумо расонад, то арзи сипосу эҳтирому самимияту меҳру муҳаббатамонро изҳор карда тавонем.

Худои меҳрубон макони охирати Шуморо ободу рӯҳи муборакатонро раҳмату махфират кунад, устоди азизу мӯътабарам!»

Нусратулло Бобоев, шоир ва омӯзгор

«Дуруд устоди азизам! Умедворам, хубу бардамед, чун солҳои пеш. Дишаб хоб дидам, ки шумо дар синф ба тахта чизе менависед, аммо аз курсии охир чашмам нагузашт, хонда натавонистам. Бе он ки баргашта ба ман нигоҳ кунед, хандида гуфтед:

-Ҳа, рафиқ Бобоев, чашмат намегузарад? Хира шудаанд чашмонат. Аввалин аломатҳои пирӣ. Ҳоло рафта-рафта фаромӯшхотир мешавӣ, моро ҳам фаромӯш мекунӣ… Суханатонро аз даҳонатон гирифтам:

-Не, устодҷон, Худо нигаҳ дорад! Магар мешавад идеоли худро аз ёд бурд? Ҳаргиз! Агар шуморо фаромӯш кунам, кӯр мешавам. Бубинед, ҳатто дар хоб ҳам бо шумо сӯҳбат дорам…

Гӯё дирӯз буд, ки дар мактаб кӯшиш мекардам, мисли шумо либос пӯшам, ҳаракат кунам, сухан гӯям. Маҳз муҳаббату ихлос ба шумо буд, ки пешаи омӯзгориро интихоб кардаму омӯзгор шудам. Бале, омӯзгор шудам, аммо шумо нашудам. Ҳар ҳарфи шумо ҷазби дигар дошт, зеро самимӣ буду аз дил мебаромад…

Ҳамин тавр, бо шумо сӯҳбаткунон ба тахта наздик шудаму навиштаатонро хондам: Худро дарёб!»

Илҳомҷон Ҳамидиён, омӯзгор

«Устоди азизам, Асадулло Саъдуллоев, ассалом!

Баъд аз 18 соли шиносоӣ бароятон нахустин бор нома навишта, мехоҳам бисёр самимона, бо ҷаҳони сипоси тоҷикона, як сабад меҳру тарона ва лутфи орифона Иди омӯзгорро бароятон табрик гуфта, барои ҳамаи муваффақиятҳоям ба Шумо ташаккур гӯям ва ин иродатро дар симои фарзандонатон ҳадя кунам.

Аз ибтидои шиносоӣ бароям намуна шудед. Тобистони гарми соли 2003 буд. Бо марҳум падарам (ҷояшон ҷаннат) утоқи декани факултети журналистикаро меҷӯстем. Ман писари лоғару гандумранги шаҳрӣ, дар тан костюми се андоза аз худ бузургтар бо фахри доштани аттестати аъло аз мактаб ва 1 папкаи калони мақолаҳои нашршуда вориди утоқи Шумо шудам ва баъд аз салом, даъво кардам, ки «Аллакай журналистам. Фақат жанрҳоро намедонам, ёд диҳед». Бо самимияти ба худ хос ҳамроҳи падарам хандидед ва гуфтед: «Албатта журналист шудед. Аз ҷасорататон маълум, аммо журналистика фақат ҷасорат нест. Шумо бояд ба мардум даркор бошед». Даркорӣ будан. Ин эҳсос имрӯз ҳам маро пайгир ва вобастаю масъул мекунад.

– Касбияти худро баланд бардоред, бахилӣ накунед, мутахассис шавед, ном кор кунед, баъд нон меёбед, – мегуфтед Шумо. Тасаввур намекунам, ки агар имрӯз пур шудани фазоро бо нафарони тасодуфӣ медидед, чӣ мегуфтед? Ҳарчанд таъкиди Шумо «майдони илм васеъ аст» буд, намедонам, ба ин майдон омадани носазоҳоро чӣ сон қабул мекардед? Намедонам, ки чӣ хел ба профессионалҳо роҳбарӣ кардани дилетантро ҳазм мекардед? Устод, ҷоятон ҷаннату фирдавс ва холии холист. Сутуни девор мелангад. Ба машварати Шумо беш аз пеш ниёз дорам.

Аҷаб хислате. Ба ягон донишҷӯ «қасд» надоштед, маҳалу миллат бароятон бегона буд. Ҳама аз соддагию муҳаббати Шумо (сӯ)истифода мекарданд. Шогирдони зиёд Шуморо бо ихлос «Устод» мегуфтанду мегӯянд, аммо вақте мани «эркаи кафедра»-ро «Писарам» фарёд мекардед, дигар мо устоду шогирд набудем. Ин меҳри пуршарар фарзандӣ буду падарӣ. Ва ҳар боре бо марҳум падарам дар ин хусус суҳбат мекардем, «Бачам, ту писари ҷамъият» мегуфтанд ба ман.

Агар мебудед, имсол 80-солагиатон буд. Ҳамеша дар дили моед, устоди азизам. Ёдатон накӯст ва хотиратон гиромӣ!

Бо дуою дуруд, Илҳомҷон Ҳамидиён»

Зебо Тоҷибоева, сармуҳаррири сомонаи Your.tj

«Зӯҳро Закариевна, ман то ҳол дар хотир дорам, ки чӣ гуна шумо дар қабулгоҳ нишаста ҳуҷҷатҳои синфи якро ба мактаб қабул мекардед. Ҳар як саволи додаатон, мӯйҳои бофтаву лӯхтаки духтаратон Албинаро, ки баъдан ҳамсинфам шуд, то ҳол дар хотир дорам.

Ману модарам дар рӯзи охири қабули ҳуҷҷатҳо ба мактаб омада будем, то маро ба синфи як номнавис кунем. Он замон аллакай ҳамаи кӯдакон номнавис ва ба синфҳо тақсим шуда буданд. Баъдан модарам нақл кард, ки муаллимони дигар намехостанд маро ба синфи худ қабул кунанд. Чун аз ному насабам дар хиҷолат буданд, куҷо бо ин ному насаб ба синфи русӣ? Оҳ, падарам ҳама кӯшишашро карда буд – ман сирф номи суннатии тоҷикӣ доштам, ки бо он ифтихор мекунам. Аммо Шумо маро дидан баробар фаҳмидед, ки чӣ гунаам. Пас аз ин бидуни ягон шубҳа ба модарам гуфтед, ки дар синфи Шумо таҳсил хоҳам кард, гарчанде аллакай теъдоди хонандагонат маълум буд.

Инчунин 1-уми сентябрро хуб дар ёд дорам, ки он сол хеле хунук буд ва ман дар тан куртаи остинкӯтоҳ доштам, дастонам аз хунукӣ мурғак зада буданд, бештар аз хиҷолат. Қадам аз ҳама ҳамсолонам баландтар буд. Он вақт шумо маро ба оғӯш гирифта гуфтед: хунук махӯру хавотир нашав.

«Зебуля» номи хонаводагии ман буд ва пас аз суҳбати Шумо бо модарам дар синф низ маро ҳамсолонам бо ин ном фарёд мекарданд. Тӯли даҳ сол бо шарофати Шумо номи ман дар синф ҳамчун «Зебуля» боқӣ монд. Имрӯзҳо низ вақте бо ҳам мукотиба мекунем ва Шумо ягона муаллиме ҳастед, ки бо мо доимо дар тамосед, лаҳзае, ки номи кӯдакиамро мегиред руҳам болидаву ором мегардад.

Сипосгузорам аз Шумо, ки муаллими аввалини ман будед. Миннатдорам, аз он ки дар синф ҳеҷ гоҳ дилгир намешудам, бо вуҷуди он ки ҳамаи барномаи синфҳои ибтидоиро дар хона аз худ карда будам. Муҳимтар аз ҳама, шумо ҳамеша имконият медодед, то дар байни ҳамсолонам мавқеи  худро ҳимоя кунам. Баъзан он бо занозанӣ анҷом меёфт, албатта, мо ҷазо мегирифтем, аммо Шумо пинҳонӣ ба модарам мегуфтед, ман барои ҳақиқат мубориза бурдам ва сухани охирин бояд ҳамеша аз ман бошад. Инчунин мегуфтед, бигзор доимо ҳамин тавр бошад, чун ин маро ҳеҷ гоҳ шикаст намедиҳад. Ин буд ки Шумо ба ман ва ман ба Шумо бовар мекардам. Оқибаташ чунин шуд.

Бо муҳаббат ва эҳтироми беандоза, шогирди шумо Зебуля Тоҷибоева»

P.S: Омӯзгорони гиромӣ, идораи Your.tj ҳамаи Шуморо ба муносибати иди Омӯзгор самимона таҳният гуфта, ба Шумоёни азиз саломатӣ, хушбахтӣ, муваффақият, дар тарбияи насли наврас ва корҳои эҷодиатон дастовардҳои назаррасро таманно менамояд.

Малика Сафарзода, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend