Наҷоти сайёҳи рус дар кӯҳҳои Варзоб
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз наҷоти як гардишгари рус ва ҳамасафари тоҷикаш, ки дар кӯҳҳои назди деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб бенишон гардида буданд, хабар дод. Ин дуюмин ҳодиса дар зарфи як моҳи охир аст, ки сайёҳони рус дар ҳамин мавзеъ дармемонанд ва имкони поин шудан наёфта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кӯмак мепурсанд.
Бино ба иттилои КҲФ, ҳодиса рӯзи 14-уми октябр рух дода, ба қисми навбатдории Кумита як шаҳрвандони дигари Русия дар мавриди ҳодисаи мазкур хабар додааст.
«Субҳи рӯзи 15-уми октябр, соати 06:00 гардишгари рус Тулаев Иля Владимировичи 34-сола ва роҳбалади ӯ, ҷавони тоҷики 28-соларо дар баландии 2850 метр аз сатҳи баҳр пайдо ва беосеб поин овардаанд», – менависад манбаъ.
Хотиррасон мекунем, ки ин дуввуним ҳодисаи дармондани гардишгарони мебошад. Моҳи гузашта, 25-уми сентябр низ се гардишгар дар кӯҳи деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб ба фалокат дучор омадаву яке ҳангоми афтодан маъюб шуда буд.
Моҳи сентябр Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 17,1 млн доллар нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхтааст
Давоми моҳи сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 17,1 млн доллар ва аз оғози сол бошад, ҳудуди 100 млн доллар нерӯи барқ интиқол додааст, ки 11,5% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст. Дар ин бора Агентии омори кишвар иттилоъ дод.
Ин дар ҳолест, ки сокинони деҳоти Тоҷикитсон аз аввали даҳаи охири моҳи сентябр сар карда, аз маҳдудияти интиқоли нерӯи шикоят мекунанд.
ШСХК “Барқи тоҷик” ҳафтаи гузашта дар муроҷиати худ ба истеъмолгарон маҳдудияти истифодаи барқро камбуди захираҳои об дар робита ба камобӣ, инчунин баргузории корҳои таъмиру навсозӣ маънидод кард.
Ҳиссаи неруи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 6%-ро ташкил дод.
Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (май-август) – ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.
Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар – то 40 МВт кам карда мешавад.
Аммо маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки дар муқоиса бо моҳи август маблағи содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи сентябр ҳамагӣ ба андозаи 5,5% – аз 18,1 млн то 17,1 млн доллар кам шудааст.
Мувофиқи қарордҳои имзошуда соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.
Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.
Хушдоман дар марги келинаш худро қисман гунаҳгор ҳисобидааст
Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ дар марги келинаш худро қисман гунаҳгор ҳисобидааст. Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқ ва манфиатҳои Абдуфаттоҳ Мисоқов – падари Манора намояндагӣ мекунад, хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, баррасии ин парванда ҳамакнун дар Додгоҳи ноҳияи Файзобод идома дорад.
“Шоҳидон ва далелҳо дар парванда тасдиқ намуданд, ки Манора аз муносибати бераҳмона аз ҷониби хушдоман ва қайсингул чандин маротиба шикоят карда буд”,-омадааст дар хабари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ.
Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, келини ин занро соли гузашта дар хонааш ва бо 26 зарби корд ёфтанд. Мақомот дар аввал гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Пайвандонаш аз оғоз ба худкушии ӯ шубҳа доштанд.
Худи Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба Радиои Озодӣ гуфта буд, наздикони зан аз ӯ хостаанд, ки аз “гуноҳаш” гузарад. Ӯ гуфт, барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги духтараш ҳама талошро хоҳад кард ва аз аризаи худ даст нахоҳад кашид.
Вакили мудофеи Бибикалон Назирова хостааст, нисбати зерҳимояаш “Дар бораи авф” татбиқ шуда, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд. Аммо айбдоркунандаи давлатӣ ба дархости ҳимоятгар эътироз намуда, аз додгоҳ хостааст онро рад кунад. Наздикони зани боздоштшуда Бибикалон Назирова дар ин бора суҳбат накарданд.
Зиёда аз 400 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Ироқу Сурия овардаанд
Президенти Тоҷикистон мегӯяд, зиёда аз 400 нафар занону кӯдакон аз Ироқу Сурия баргардонида шудаанд. Бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна дар ду марҳила сурат гирифт.
Як гурӯҳи занону наврасон соли 2019 аз Ироқ ва гурӯҳи дигарро имсол аз Сурия ба Тоҷикистон оварданд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми октябр дар ҳамоиши муқобили бо терроризм гуфт, талошҳо барои “офиятбахшӣ ва барқарорсози”-и афроде, ки аз Сурияву Ироқ баргардонда шуданд, идома дорад.