fbpx

Мероси падар хоҳӣ… Давомдиҳандаи “Шӯхиҳои Аловуддин” кист

Отахон мақсад дорад дар оянда актёри ду жанри ба ҳам муқобил – мазҳака ва фоҷиа бошад. Орзу мекунад нақшҳои Скапен ва Ҳамлетро иҷро намояд.


4
4 points
Аз саҳнаи "Ба роҳ"-и Отахон Абдуллоев

Отахон Абдуллоев, писари ҳунарманд ва ширинкори маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев аст. Ҳунарманди шодравони тоҷик бо силсилаи саҳнаҳои ҳаҷвии “Шӯхиҳои Аловуддин” бештар шинохта гардида буд, ки дар он дар жанри саҳнаи як актёр нақш иҷро мекард.

Отахон баъд аз дуюним соли даргузашти падар тасмим гирифт кори ӯро давом диҳад. Аллакай чанд навор ҳам сабт кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ба мухлисони падараш писанд омад.

Муаллифи Your.tj бо Отахон Абдуллоев, ки ҳоло дар Институти давлатии умумирусиягии кинематографии ба номи С.А.Герасимов (ВГИК) таҳсил дорад, ҳамсуҳбат шуд ва аз таҳсилу фаъолияти ҳунарӣ ва нақшаҳои ояндааш нақл кард.

Таҳсил дар ВГИК

Отахон Абдуллоев ҳоло дар ин институт тариқи бурсия таҳсил мекунад. Се соли иштироки пайваста дар имтиҳони дохилшавии он бенатиҷа анҷом ёфта, дар соли чорум муваффақ шуд.

Зеро ба гуфтаи ӯ, тӯли ин се сол имтиҳон онлайнӣ тариқи барномаи Zoom баргузор гардида, имкониятҳои довталаби самти актёриро маҳдуд мекард.

Имсол имтиҳони ҳузурӣ бо иштироки устоди Институти давлатии умумирусиягии кинематографии ба номи С.А.Герасимов ва ҳунарманди маъруфи узбектабори муқими Русия Фарҳод Маҳмудов (актёри филми “Бригада”) ҷараён гирифт.

Фарҳод Маҳмудов

Отахон мегӯяд, аз имтиҳони қабул як лаҳза ҳеҷ аз хотираш нахоҳад рафт, чунки қариб ноумед шуда буд.

Чун насабаш бо ҳарфи “А” шуруъ мешавад, ҳамеша аз рӯйи журнал ӯро якум даъват мекарданд. Нахуст Маҳмудов номи касеро гирифт, ки Отахон пештар дар ҳеҷ куҷо чунин ному насабро нашунида буд. Вақте Маҳмудов бори дигар бо гӯйиши русӣ номи қаҳрамони моро гирифт, муаллимони тоҷик ба Отахон ишора карданд ва ӯ дар саҳна ҳозир шуд.

Ба гуфтаи Отахон, таҳсил дар ин институт барои як ҷавони ҳунарманди тоҷик имконият фароҳам меорад, ки узви филмбардонрони “Мосфилм” бошад.

“Дар ин ҷо рақобат шадид аст. Хатмкунандагон кӯшиш мекунанд асосан ба театр роҳ ёбанд, на синамо. Синамо дуюмдараҷа аст. Зеро театрҳои бонуфузи Москва тамошобини зиёд доранд ва ҳар сол то 5-6 нафар хатмкунандаи боиқтидорро ба кор мегиранд”,- нақл кард ӯ.

“Дар мо рақобат нест”

Ба андешаи Отахон нақшофарӣ дар синамо ҳунармандро то андозае қолабӣ мекунад. Албатта, нишон додани чеҳраи қаҳрамон дар назди дурбини камера кори саҳл нест. Аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, актёри театр бо тамошобин ҳамеша рӯ ба рӯ аст, метавонад аз баҳои худ мустақиман огоҳ шавад.

Отахон мегӯяд, ки ҳар чизе ки дар донишкадаи санъати тоҷик аз Қурбон Собир омӯхт, дар Москва низ гӯё такрори ҳамон дарсҳо мекунад. Танҳо ду ҷиҳатеро дар театрҳои ин шаҳр мушоҳида кард, ки боиси зиёд будани тамошобинон аст: яке мавҷудияти рақобат, дигаре қолабшиканӣ.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Abdulloev☆ (@otaxon_alovuddin)

“Агар ҳамчун як ҷавони тамошобин дар муқоиса бо театрҳои Москва фикри худро гӯям (бигзор гапи ман ҳам баландтар наравад) сабаби камшумор будани тамошобинонамон то ҳол дар қолаби шӯроӣ мондани намоишҳо ва мавҷуд набудани рақобат аст. Мутаассифона коргардони зиёд надорем, ки байни ҳам рақобат кунанд”,- гуфт ҳунарманди ҷавон.

Мавриди қайд аст, ки аввалин кори ҳунарии ӯ ҳамчун коргардони театр кори дипломиаш буд. Ҳамроҳи ҳамкурсонаш асари “Шоҳзодаи кӯчак”-и Антуан де-Сент Экзюпериро дар саҳна зинда намуданд.

Отахон ҳамеша орзу дошт, ки дар саҳнаи “Аршин Мал Алан” нақш иҷро кунад. Зеро падараш дар ин намоиш нақши хотирмон  иҷро кардааст. Аз ин рӯ аввалин кори намоишии ӯ дар донишгоҳи Москва гузоштани порча аз ин пийеса буд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Abdulloev☆ (@otaxon_alovuddin)

Ӯ мақсад дорад фаъолияти кориашро дар театр идома диҳад, аммо аз синамо низ дурӣ ҷустанӣ нест.

Отахон то имрӯз дар филмҳои “Хаёлӣ”-и Парвиз Раҷабзода, “Баҳори хазонрез”-и Раҷабалӣ Пиров, дар силсилафилми “Дӯкон”-и Далер Раҳматов ва дар филми коргардони эронӣ Шаҳром Мукрӣ, ки ба кинофестивали “Канн” пешниҳод шудааст, нақши эпизодиро иҷро кардааст.

Худаш низ ҳоло ду филми кӯтоҳметраж сабт кардааст. Филми дуюми ӯ, ки ҳамин сол дар доираи ҷоизаи байналмилалии “48 Hours” сабт шуда буд, аз миёни дуюним ҳазор филм ҷойи шашумро гирифта ба рӯйхати ТОП-10 ворид шуд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Abdulloev☆ (@otaxon_alovuddin)

Актёр, навозанда ва овозхон

Отахон мегӯяд, дар интихоби касб наздиконаш ба ӯ ҳеҷ гоҳ фишор наовардаанд.

Ӯ ба наздикӣ ду эпизодро дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуд. Саҳнаҳо дар бораи ҷавони сароянда қисса мекунад. Дар навор худи Отахон нақши чанд нафарро иҷро мекунад. Қариб ҳамаи персонажҳо асбобҳои мусиқӣ менавозанду суруд месароянд.

Отахон тасдиқ намуд, ки мусиқӣ ва сурудро воқеан худаш иҷро кардааст. Зероӯ тӯли 7 сол дар мактаби мусиқии шаҳри Бохтар дар гурӯҳи фортепианонавозӣ таҳсил кардааст. Аммо дар оянда нияти овозхон шуданро надорад.

“Падарам дар хона тамоми намуди асбобҳои милливу чанде аз ғарбиро ҷамъ оварда буданд. Ҳар шаб ҳамроҳи падар мусиқӣ менавохтем, асосан асбобҳои зарбӣ. Лаҳзаҳои беҳтарини ҳаётам ҳамон шабҳо буд, ки дигар такрор намеёбад”,- бо ҳасрат ёд меорад ӯ.

Отахон дар ин наворҳо бо забони русӣ хеле шево ҳарф мезанад. Ӯ иқрор шуд, на дар мактаби русӣ таҳсил намудааст ва на дар хона бо русӣ сухан гуфтааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Abdulloev☆ (@otaxon_alovuddin)

“Дар кӯдакӣ медидам, ки падарам бо ҳамкасбони русзабонаш чӣ тавр зебо ҳарф мезад. Мехостам ба ӯ тақлид кунам, аз ин рӯ ба таври ҷиддӣ худомӯзӣ мекардам, бо ин забон афсонаҳои зиёде мехондам. Яъне бо падар баробар шудан мехостам”,- мегӯяд ӯ хандида.

Наворбардори “Шӯхиҳои Аловуддин”

Отахон фарзанди хурдии оила ва ягона идомадиҳандаи касби падар аст. Чунки бародаронаш кормандони низомианд.

Отахон бо падараш Аловуддин

Отахон аз аввал дар ҳамаи саҳнаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин” пушти камера ҳузур доштааст. Ӯ мегӯяд, вақте 3-4 сол дошт, намоиши ин саҳнаҳои ҳаҷвӣ оғоз шуда буд. Падараш камераҳоро мегузошту модараш танҳо тугмаи сабтро пахш мекард. Отахон аллакай аз 11-12 солагӣ дастёри падар шуда буд ва аз ӯ маҳорати наворбардорӣ меомӯхт.

“Падар мегуфт: “аз дидгоҳи худат камераҳоро гузор, ман ислоҳ мекунам”. Баъд мефаҳмонд, ки бояд ин тавру он гуна бошад. Ман то охирин саҳнаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин” дар пушти камера будам”,- хотираҳояшро варақ зад писари ҳунарманди маъруф.

Отахон гуфт, баъд аз даргузашти падар қариб ду сол меандешид, ки дар жанри саҳнаи як актёр нақш иҷро кунад ё на. Акнун нақша дорад ба оҳистагӣ шумораи чунин саҳнаҳоро зиёд кунад. Лекин мехоҳад “ман”-и худро доштан мехоҳад.

Отахон мақсад дорад дар оянда актёри ду жанри ба ҳам муқобил – мазҳака ва фоҷиа бошад. Орзу мекунад нақшҳои Скапен ва Ҳамлетро иҷро намояд.

Ӯ инчунин аз кастинги филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Ҷомӣ ва Навоий: Дурахши ахтарон” низ гузашта буд. Аммо барои расидан ба орзуи таҳсил дар хориҷа, аз орзуи иҷрои нақш дар филми овозадор даст кашид.

“Лазиз” бо Отахон

Барномаи телевизионии “Лазиз” нахуст бо пешбарии Ҷамшед Олимов ва сипас шодравон Аловуддин Абдуллоев рӯйи оинаи нилгун омада буд. Баъдтар барномаро писари ӯ идома дод ва он ба “Лазиз бо Отахон Аловуддин” табдили ном кард.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Хаётчон Хамрохонов (@hayotjon___hamrokhonov)

Вақте директори МД Телевизиони “Сафина” Носир Саидов ба Отахон пешниҳод кард, ки барномаро идома диҳад, дар аввал розӣ нашуд. Зеро аз рафтани падараш он қадар вақти тӯлонӣ нагузашта ва табъаш хира буд.

“Бароям дар аввал сахт мушкил буд. Чунки барномаро идома додан баъд аз чеҳраи саршиноси кишвар аз мани ҷавон масъулияти бузург талаб мекард”,- иқрор мешавад ӯ.

То имрӯз Отахон бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар ин барномаро пешниҳоди тамошобинон гардонидааст.

Отахон баъд аз хатми донишгоҳ мехоҳад ба театри тоҷик баргардад, агарчи дар Москва имконияти маъруфият пайдо кардан бештар аст. Зеро ба андешаи ӯ, агар ҳунарманди боистеъдод дар дуртарин музофот ҳам бошад, ҳатман номаш оламгир хоҳад шуд.

Нодира Собирзод


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

4
4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
9
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
5
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend