Меъмор, рассом, кулолгар, карикатурист… ё 40 ҳунари як зан

Касби мардонаву занона вуҷуд надорад, ин шавқ аст, ки касро ба мақсад мерасонад. Қаҳрамони мо маҳз бо ҳамин андеша ва ҳаваси эҷод кардану офаридан ба ин ҷодаи пурмашаққат қадам ниҳод. Ҳарчанд дар ин роҳ шебу фарози зиёде буд, аммо ҳеҷ чиз иродаи қавии ӯро нашикаст.

Фирӯза Эмомова тавонист истодагарӣ кунад ва ба орзуҳояш ҷомаи амал бипӯшонад. Ӯ рассом, меъмор, кулолгар, карикатурист, олим, омӯзгор аст. Дар суҳбат ба муаллифи Your.tj ин бонуи ҳунар пайроҳаи тайкардаашро қисса кард.

“Дард, танҳоӣ, борон…”

“Ба рассомӣ шавқу рағбати беандоза доштам, хоса тасвири табиат бароям писанд буд. Зери ҳар ранг, хат ва тасвир порае аз дил, тиккае аз ҷон ва шаммае аз эҳсос мегузоштам. Ин буд, ки тасвирҳо натанҳо зебо меомаданд, балки бо забони ҳол гуфтугӯ мекарданд”,- мегӯяд қаҳрамони мо ва боз ба дунёи андешаву хаёлоту тасаввурот фурӯ меравад.

Коргоҳи эҷодии ӯ рангоранг, аз ҳама анвои ҳунарӣ дида мешавад. Аз кӯзаҳои пурнақшу нигор, ки бо чанд шаклу намуд ва ҳаҷму андоза офарида шудаанд, то расмҳои пуробурангу зебо, ки ҳама дар худ ҷаҳони маънӣ доранд ва ҳарфе мегӯянд.

“Ҳангоми тасвир нафаси чор унсури ҳаётбахш – обу хоку боду оташро эҳсос мекунам.

Ин ҳис баъзан дар лаҳзаҳои дард, танҳоӣ, борон ва ё саволҳои беҷавоб пайдо мешавад. Дар ҳамин ҳолатҳо тасвир намудан, эҷод кардан ва шеър навиштанро дӯст медорам”,- мегӯяд Фирӯза Эмомова ва як-як намунаи сеҳри мӯқалами худро муаррифӣ мекунад.

Қаҳрамони мо иброз дошт, ки маҳз роҳнамоии падар, ӯро ба ин ҷодаи ҳунар овард.

“Ҷойи ту ҷойи зебоипарастон аст”,- гуфтани ӯ, тамоми масири ояндаи бонуро муайян кард.

Фирӯза аввал Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва сипас Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро хатм намуд.

“Ба автобус роҳ намедоданд…”

“Замони донишҷӯйӣ пастию баландиҳои зиёд дошт, таҳсил дар ду самт хеле душвор буд.

Таҷҳизоти мо аз асбоби расмкашӣ ва тахтаҳои калони якметрӣ (подрамник) иборат буд, ки мо ин тахтаҳоро ҳар рӯз бардошта ба автобус ва ё троллейбусҳо савор мешудем. Ин ба ронандагон ва мусофирон писанд набуд”,- ба хотир меорад ҳамсуҳбати мо.

“Подрамник” ин чорчӯби чӯбин мебошад, ки рассомон канвас-матои махсуси расмкаширо ба он мекашанд ва маҳкам мекунанд. Маҳз “подрамник” аст, ки ба расм шакл, устуворӣ ва умри дароз мебахшад. Агар канвас бидуни “подрамник” истифода гардад, он метавонад каҷ шавад, овезон гардад ё зер таъсири намӣ ва ё гармӣ шаклашро аз даст диҳад.

“Имтиҳонҳо аз намоиши корҳои курсӣ, эҷодӣ ва рассомию кулолгарӣ иборат буд. Ҳангоми омода намудани намоиши лоиҳаҳо ё корҳои эҷодӣ умуман хоб намерафтем. Ин ҳама шабзиндадориҳо буд, ки имрӯз ба ин ҷо расидем ва самараи меҳнат мечашем, – мегӯяд қаҳрамони мо ва аз аввалин фармоиш ва дастмузди хеш ёдовар мешавад.

Албатта, миллион кор намекунем, аммо ҳар чӣ набошад, натиҷаи корамонро мебинем. Яке аз хотирмонтарин фармоиши ман ин тасвири аспи сафед бо сангрезаҳои рангин буд, ки аз ҷониби яке аз кишварҳои Аврупо дархост шуда, гарму самимӣ истиқбол гардид. Вақте дар лабони фармоишгар табассумро дидам, тапиши дилам қадре ором шуд”.

“Мехостанд шикананд, аммо нашуд…”

“Ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидам, ки сарчашмааш ба роҳи илм рафтанам буд. Ҳоло намехоҳам номардии ҳар якеро гӯям, аммо ҳамин қадар кифоя, ки натавонистанд: маро шикаста, ғурурамро рабуда, ҳунарамро гирифта ва донишамро эътироф накарда.

Аз дасташон коре наомад, рисолаамро ҳимоя кардам ва номзади илми меъморӣ шудам. Нисбати ҳеҷ кадоми онҳо хусумат надорам, зеро ғалабаи ман худ ҷавоби сазовор аст”,- мегӯяд қаҳрамони мо ва ба устодонаш сано мехонад, ки ӯро дар нимароҳ нагузоштанд.

Фирӯза Эмомова барои анҷоми кори илмӣ, ба тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон рафт ва аз таърихи дирӯзу имрӯзи санъати пластикӣ дар Тоҷикистон бархӯрдор гашт. Мавсуф исбот кард, ки ороишоти миллӣ, аз қабили кошикорӣ, кандакорӣ, ҳайкалтарошӣ, нақшунигор, кулолӣ, панно, деворанигорӣ, гаҷкорӣ ба санъати пластикӣ ворид мешавад.

Ӯ имрӯз дар баробари ба илм машғул шудан, ҳамзамон машқи кулолгарӣ низ мекунад. Фирӯза мегӯяд “ба як мард чил ҳунар кам” бошад, “ба як зан чил ҳунар зебанда аст”.

“Як сол мешавад, ки дар вақтҳои фориғ ба сохтани армуғонҳои миллӣ машғул ҳастам. Онҳоро бо услуби чакан ва атлас рангубор карда, дар намоишҳо ба маъраз мегузорам.

Агар пурсед, ки корро аз кай шурӯъ кардам, ин ба солҳои навади асри гузашта мерасад. Ҳанӯз соли 1997 бо маҳсулоти кулолии худ дар шаҳри Москва ҳунарнамоӣ карда будам. Онҷо дар қатори дигар ҳунармандон фарҳанги миллиро муаррифӣ намудем”,- афзуд бонуи ҳунарманд.

Қаҳрамони мо бештар маҳсулоти хурди кулолгарӣ (армуғонҳои хусусияти миллидошта), аз қабили кӯзача, пиёла, чойник месозад, ки ба сайёҳони хориҷӣ писанд меояд. Онҳо инро ҳамчун ҷузъе аз фарҳанги тоҷикон ба тамоми гӯшаю канори олам мебаранд ва ба дӯстону пайвандони худ тӯҳфа мекунанд ё ҳамчун хотира бо худ нигоҳ медоранд.

“Карикатура забони ҳақиқат аст…”

“Ҳанӯз дар замони шӯравӣ карикатураҳои маҷаллаи “Хорпуштак” маро ба шавқ меовард Каллаҳои аз андоза калон кашидашуда, андоми хурд, чеҳраҳои аҷоибу ғароибу каснадид.

Гӯё ин асарҳо дар як вақт ҳам механдониданд ва ҳам ба андеша водор мекарданд. Маҳз ҳамин хусусиятҳои карикатура, маро ба тасвири он шавқманд мекард”,- иброз дошт қаҳрамани мо ва намунаи карикатураҳои тасвиркардаашро намоиш дод.

Дар ин карикатураҳо падидаҳои номатлуби ҷомеа – ришвабозӣ, қаллобӣ, ҳаннотӣ, дуздӣ, ба фарҳанги бегона тақлид кардан, нимбараҳна пӯшидан, ба танқид кашида шудааст.

Ба ибораи дигар, карикатураҳои Фирӯза Эмомова ба мавзӯҳои доғи рӯз алоқаманд буда, аз ҳаёти имрӯза гирифта шудааст. Аз ин рӯ, онҳо ба ҳар кас ошно ва фаҳмо мебошанд.

“Рӯзе маро ба маҷаллаи ҳаҷвӣ-танқидии “Хопуштак” ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Ҳамин тавр, чандин карикатураҳои ман дар саҳифаҳои “Хорпуштак” рӯи чоп омаданд”,-илова кард ҳамсуҳбати мо ва аз дигар паҳлӯҳои тасвири карикатура ёдовар шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ёфтани мавзуъ барои тасвир душвор нест, зеро дар ҳар қадам ягон чӣ дидан мумкин. Мушкил дар он аст, ки ҷомеа онро чӣ хел қабул мекунад, оё сарфаҳм меравад ё не.

“Ҳамаи мо танқид карданро дӯст медорем, аммо на ҳама ба қабули танқид омода аст. Аммо ин асос шуда наметавонад, ки мо чашм пӯшем ва карикатураҳо эҷод накунем. Мо бояд бо танзи малеҳ, танбеҳи сабик, ибораву ишораҳои нозук ҳақиқатро рӯи об барорем. Он гоҳ ҷомеа рушд мекунад, “шутур каҷии хешро мебинад” ва камбудӣ ислоҳ мешавад”,- изҳор дошт Эмомова.

“Карикатура бояд аз нав “зинда” шавад”

Дар ҳақиқат, карикатураҳои қаҳрамони мо бидуни шарҳи зиёдатӣ низ фаҳмо ҳастанд. Онҳо бо рангорангӣ, образофаринӣ, чеҳрасозӣ, маънобахшӣ аз дигарон фарқ мекунанд.

“Дар кӯдакӣ ҳар шумораи маҷаллаи “Хорпуштак”-ро бесаброна интизорӣ мекашидем. Он вақт теъдодаш аз марзи даҳ ҳазор гузашта буд, хурду калон ба он обуна шуда буданд. Чанд соли охир дар ҳудуди чорсад нусха нашр мешавад, ки хеле нигаронкунанда аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаи сармуҳаррири маҷалларо хонда аз худам пурсидам: Чаро теъдоди нашри маҷалла хело кам аст? Шояд барои ҷомеа дигар танқид лозим нест?”,- суол мегузорад Фирӯза Эмомова ва боз худаш посух медиҳад, ки набояд чунин бошад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз карикатура, шарж, комикс бояд аз нав “зинда” карда шаванд.

“Бояд мутахассисонро дар ин равия омода кард, зеро онҳо чун обу ҳаво барои мо заруранд.  Агар ихтисосеро маҳз барои тасвири расмҳои ҳаҷвӣ-танқидӣ таъсис диҳанд, хуб мешавад. Карикатура бояд рисолати худро иҷро кунад ва барои ислоҳи ҷомеа мадад расонад”,- хулоса кард Фирӯза Эмомова.

Амони Муҳаммад, Your.tj

Skip to toolbar