“Мехоҳам фарзандонам тоҷик бузург шаванд”. Нахустнамоиши “Паканаи айнакдор” дар Душанбе

Дар кинотеатри “Зебунисо”-и шаҳри Душанбе дирӯз, 20-уми январ нахустнамоиши филми “Паканаи айнакдор”-и “Суғдсинамо” баргузор гардид.

Ин филми кӯдакона дар жанри тахайюл (фэнезӣ) ва ҳаҷвӣ офарида шудааст. Дар Тоҷикистон бо чунин сабк нахустин бор филми бачагона эҷод шуд.

Ба тамошои он аҳли ҳунар, рӯзноманигорон ва дӯстдорону ҳаводорони филмҳои тоҷикӣ омада буданд ва толор пур буд.

“Мехоҳам фарзандонам тоҷик бузург шаванд”

Пеш аз оғози намоиш Фарҳод Ғаффорпур, коргардони филм сухан ронда, гуфт, ки мақсад аз таҳияи ин филм аз як тараф тарбияи насли наврас дар рӯҳияи накӯкориву таҳаммулпазирӣ бошад, аз ҷониби дигар пур кардани фазои холии синамои кӯдакон дар Тоҷикистон аст.

“Мехоҳам фарзандони ман тоҷик бузург шаванд. Писарчаи хурдакаки ман дар кӯча вақти бозӣ бо калтак “шамшербозӣ” карда худашро “ман “Ҷумонг”” (қаҳрамони филми кореягӣ – шарҳи муҳаррир) мегӯяд. Як рӯз духтарчаам аз ман пурсид, ки “дадаҷон, мешавад ман андешаҳоямро ба русӣ баён кунам?”.

Ин барои ман як фоҷеа буд. Вале ангезае шуд, то барои кӯдакони тоҷик чунин як филме таҳия намоем. Дар оянда шумораи чунин филмҳои кӯдакона бояд зиёд шавад ва кӯдакони мо бояд тоҷик ба воя расанд!”,- хитоб кард коргардон.

Осим Орифпур, продюсери “Паканаи айнакдор” аз мушкилиҳои рушди синамои миллӣ гуфта, қайд намуд, ки бо вуҷуди ҳамаи ин ҳунармандони содиқ филмҳои хуб меофаранд.

Мавзуъ ва мундариҷаи “Паканаи айнакдор”

Филми “Паканаи айнакдор”-и киностудияи “Суғдсинамо” соли 2024 дар шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Исфара сабт гардида, мавзӯи таҳсил, муносибати калонсолон ба хурдсолон ва табъизи кӯдаконро фаро мегирад.

Дар филм ба ғайр аз актёрони наврас ҳунармандони ҳирфаӣ Сорои Собир, Шуҷоат Ҷалолиддинов, Аҳлиддин Ҳасанов, Гулбаҳор Ғаффорова, Фаррух Сангинов, Ғайрат Қодиров, Сурайё Хоҷаева, Озода Аҳатова ва дигарон нақш бозидаанд.

Абдуқодир Норови 11 сола дар филми “Паканаи айнакдор” нақши қаҳрамони асосӣ – Сиёвушро иҷро кардааст. Ӯ тариқи кастинг соҳиби ин нақш шудааст.

Ба ғайр аз Абдуқодир Норов боз кӯдакони дигар, Самрат дар нақши Рустам, Суруш дар нақши Доро, Муҳаммадҷон дар нақши Бежан, Сумая дар нақши Моҳрӯ, Фариштамоҳ дар нақши Дилоро, Марям дар нақши Гулрӯ филмро бо бозии худ диданибоб сохтаанд.

“Паканаи айнакдор” дар баробари сеҳру ҳазлу фароғат доштан боз мавзӯъҳои муҳимро дар бар мегирад. Бачаҳо метавонанд, ки аз он дар бораи мубориза бо таҳқиру озор, худшиносӣ, эътимод ба худ, оқибати амалҳо, бахшиш ва ҳамдардӣ чизеро биёмӯзанд.

Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки “Паканаи айнакдор” баррасӣ мекунад, мустаҳкам кардани робита миёни волидон ва фарзандон аст.

Пас аз анҷоми филм тамошогарон бо кафкӯбиҳои бардавом ба офарандагони он аҳсан гуфта, чанде назару андешаҳои худро баён доштанд.

Аз ҷумла, чанд нафар изҳори пушаймонӣ аз он карданд, ки чаро кӯдаконашонро бо худ ба кинотетр наоварданд.

Офарандагони филм эълон карданд, ки аз 22 январ филми “Паканаи айнакдор”-ро дар кинотеатри “Кайҳон”-и шаҳри Душанбе тамошо кардан мумкин аст.

Skip to toolbar