Кони ангишти Шӯроб дар Исфара

Марги ду нафар бар асари ихроҷи газ дар Исфара таҳқиқ мешавад

Дар кони “Ангишти Шӯроб” – и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара бар асари ихроҷи гази карбон 2 кӯҳкан фавтидаанд. Сабабҳои ҳодисаи мазкурро Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат таҳқиқ мекунад.

Ба иттилои маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон, ин ҳодисаи фоҷеабор соати 18:20 дақиқаи рӯзи 27 март рух додааст. Дар натиҷаи ихроҷи гази карбон 2 нафар кӯҳкани 45 ва 57 – солаи сокинони шаҳри Исфара ҳалок шудаанд.

“Як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ – кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд”,- зикр мешавад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагон ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Skip to toolbar