fbpx

Дар ноҳияи Деваштич даррандаи хавфнокеро боздошт карданд, ки шикораш 30 ҳазор сомонӣ ҷарима дорад


-2
-2 points
Боздошти даррандаи хавфнок дар Тоҷикистон
Акс аз муаллифи Your.tj

Тоҷикистон кишвари озод аз вараҷа эълон шудааст

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба феҳристи 42 давлати пирӯз бар зидди бемории вараҷа дохил шуд. Дар ин бора, сомонаи расмии ин созмон хабар медиҳад.

Дар Тоҷикистон бемории вараҷа нест
Акс аз stolincge.by

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламраваш сертификат додааст.

Ҳамин гуна сертификат ба давлати Озарбойҷон низ дода шудааст.

“Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои решакан кардани бемории вараҷа дар қаламравҳои худ сертификат дод. Сертификатсия натиҷаи талошҳои пайваста ва тӯлонӣ буд, ки ду кишвар барои аз байн бурдани ин беморӣ анҷом доданд”, – гуфта мешавад дар изҳороти мудири кулли СҶТ Тедрос Гебрейюс.

Ӯ гуфтааст, муваффақияти ин давлатҳо боз як далели он аст, ки бо захираҳои дуруст ва ӯҳдадориҳои сиёсӣ, аз байн бурдани бемории вараҷа имконпазир аст.

“Ман умед дорам, ки кишварҳои дигар метавонанд аз таҷрибаи онҳо омӯзанд”, – гуфтааст Тедрос Гебрейюс.

Дар маҷмӯъ 41 кишвар ва 1 қаламрав аз ҷониби СҶТ аз бемории вараҷа озод эълон шудааст, аз ҷумла 21 кишвари минтақаи Аврупо. Қарори ниҳоӣ дар бораи додани шаҳодатномаи бидуни вараҷаро Директори генералии СҶТ дар асоси тавсияи Гурӯҳи мустақили машваратӣ оид ба решакан кардани бемории вараҷа ва сертификатсия қабул мекунад.

Вараҷа як бемории хатарнок аст, ки дар натиҷаи паразитҳо тавассути нешзании магасҳои сироятшудаи мода (Anopheles) ба одамон интиқол дода мешавад. Вараҷа пешгирӣ ва табобатшаванда аст. Тақрибан 247 миллион нафар дар саросари ҷаҳон дар соли 2021 гирифтори бемории вараҷа шуданд. Ҳамон сол, тахминан 619,000 нафар аз вараҷа фавтиданд.

Дар ноҳияи Деваштич даррандаи хавфнокеро боздошт карданд, ки шикораш 30 ҳазор сомонӣ ҷарима дорад

Сокинони деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич даррандеро, ки солҳо боз ба рамаи гӯсфандонашон ҳамла менамуд, боздошт кардаанд. Силовсин замоне дастгир шудааст, ки болои дарахти баланде панаҳ мебурд.

Шоҳин, яке аз сокинони деҳаи Далёни Боло дар суҳбат ба Your.tj иброз намуд, ки шаш сол боз ин дарранда борҳо ба рамаи онҳо ҳамла намуда чандин сар бузу гусфандонро  нобуд кардааст.

“Ин ҳайвон аз гург ҳам хавфноктар аст. Зеро сагҳои ҳимоятгари рама дар бисёр ҳолат ҷуръати ба он ҳамла намуданро намекунанд” – гуфт сокини деҳа.

Сокинон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин ҷонвари дарранда, барои шикори чорвои хонагӣ аз кӯҳ ба деҳа фаромада буд. Вале бегоҳии дирӯз он аз ҷониби гурӯҳи сокинон дастгир шуд.

Зимнан силовсин дар хонаи яке аз сокинони деҳа нигаҳдорӣ мешавад ва сокинон мегӯянд, дар бораи боздошти он масъулони идораҳои ҷангал ва экология хабардор карда мешаванд.

Силовсин ҳайвоне аз оила гурбашаклон аст.

Ин ҳайвонро асосан дар кишварҳои минтақаи Авруосиё ва Амрикои шимолӣ дучор шудан мумкин аст. Дар Тоҷикистон он дар баландкӯҳҳо зиндагӣ мекунад.

Бар асоси қонунҳои ҷангалдорӣ барои шикори ин навъи ҳайвон 30 ҳазор сомонӣ муҷозот пешбинӣ шудааст.

Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон меояд

Сафари расмии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 апрел дар назар аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар доданд.

президенти Туркманистон

Ба иттилои манбаъ, Бердимуҳаммадов дар чаҳорчӯби сафараш бо мақомоти давлатӣ чанд дидорҳои дуҷониба анҷом дода, дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ хоҳад кард.

Ҷузъиёти дигари ин сафар гуфта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар додаанд, ки дар остонаи сафари раисиҷумҳури Туркманистон, дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон ва ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад.

Санаи баргузории ин чорабиниҳо 8-9 апрел пешбинӣ шудааст.

Барои ширкат дар ин чорабинӣ як ҳайати 100 нафара аз Туркманистон вориди Душанбе хоҳанд шуд, ки ҳудуди 70 нафари онҳоро соҳибкорон аз манотиқи мухталифи ин кишвар гуфта мешаванд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар соҳибкорони ватанӣ намояндагӣ мекунанд.

“Дар доираи ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи соҳибкорӣ, ҷустуҷӯи шарикони нав, тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷорӣ ва робитаҳои соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар баррасӣ мешавад”,— хабар медиҳад Палатаи савдо ва саноат.

Намоишгоҳи молҳои содиротии ду кишвар низ дар назар аст.

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳҳои аввали соли ҷорӣ ҳудуди 11,8 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 дарсад бештар аст.

Баъзе ҷузъиёти сафари Толибон ифшо шудааст

Рӯзномаи афғонистонии “8-и субҳ” бо такя ба манобеи худ баъзе ҷузъиёти сафари намояндагони Толибон* ба Тоҷикистонро ифшо кардааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти ин сафарро шарҳ надодаанд.

Бинои консулгарии Афғонистон дар Хоруғ
Акс аз Afghanistan International

Ба гуфтаи манобеи “8-и субҳ”, ҳафтаи гузашта ҳайати Толибон таҳти раҳбарии Муҳаммад Мӯсо, раиси умури молии вазорати хориҷаи Афғонистон, бо раводиди тиҷоратӣ аввал ба Душанбе ва пас аз он, ба Бадахшони Тоҷикистон сафар кардаанд.

Маълум нест, ки ҳамроҳи Муҳаммад Мӯсо чанд нафар намояндагони Толибон ба Тоҷикистон омадаанд, вале гуфта мешавад, ки “ҳайати Толибон барои гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кардааст” ва ҳадафи асли интиқоли консулгарӣ ба дасти намояндаи Толибон будааст.

“Ҳадафи сафари ҳайати Толибон ба Тоҷикистон музокирот дар бораи интиқоли Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ буд. Ҳоло муайян нест, ки ду тараф дар мавриди интиқоли консулгарӣ ба тавофуқи муқаддамотӣ расидаанд ё на”, – навиштааст рӯзнома.

Таъкид мешавад, ки теъдоде аз дипломатҳои собиқи Афғонистон барои ин сафари намояндаи Толибон ба Тоҷикистон замина фароҳам овардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то ба ҳол сафари намояндагони Толибон ба Тоҷикистонро шарҳ надодааст.

Як масъули Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо “Азия-Плюс” омадани намояндагони Толибон ба Душанберо қотеона рад карда гуфтааст, ки “сафари Толибон ба Бадахшон масъалаи дигар аст”.

“Дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ягон тағйроте нест. Сафорат ва консулгарӣ бо ҳамон кормандони пешинаашон кор карда истодаанд. Интиқоле ҳам сурат нагирифтааст”, – афзуд ин масъули сафорат.

Ёдовар мешавем, ки аввалин бор Қаҳҳор Балхӣ, сухангӯи сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон рӯзи 25-уми март дар Твиттери худ навишт, ки як ҳайати Толибон аз консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон дидан кардаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend