Марди тоҷик мехоҳад бо дучархааш ба Ҳаҷ равад, аммо ба ӯ иҷозат намедиҳанд

Акбар Саидов 58 сол дорад ва аз хурдсолӣ то имрӯз ба ҳама ҷо бо дучарха меравад. Ӯ чанд сол пеш бо дучархааш ба кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон сафар намуда буд ва кайҳост, ки дар дил орзуи бо дучарха ба зиёрати хонаи Худо рафтанро дорад, аммо ба ӯ иҷозат намедиҳанд.

Ӯ ба Your.tj дар бораи манфиатҳои дучархаронӣ ва кӯшишҳои чандинсолааш барои сафари Ҳаҷ бо велосипед нақл кард.

Бо дучарха ба Ӯзбекистон

Акбар Саидов соли 2018 бо дучархааш ба шаҳри Термизи Ӯзбекистон сафар карда, дӯстони ӯзбекистониашро дар ҳайрат гузошта буд.

“Як дӯстам дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекард. Пас аз бо дучарха ба шаҳри Хуҷанд сафар намуданам, бо худ гуфтам чаро бо дучархаам ба Ӯзбекистон наравам. Одате дорам, ки фикр ба сарам омад, бояд ҳатман иҷро шавад. Ҳамин тавр аз Душанбе ба роҳ баромадам ва тавассути марз аз Панҷакент ба Термиз рафтам.

Ҳар нафаре, ки аз бо дучарха ба кишварашон омадани ман огоҳ мешуд дар ҳайрат меафтод. Ман ба дӯсти тирмизиам нагуфта будам, ки наздаш бо дучархаам меоям. Ӯ аз дидани ман хеле шод шуду амаламро ситоиш кард ва гуфт, ки дафъаи оянда дар дучархаам ҳатман парчами Тоҷикистонро насб кунам, то мардум бифаҳманд, ки аз Тоҷикистон бо дучарха омадаам”, – нақл мекунад, Акбар Саидов.

Орзуе, ки амалишавиашро арабҳо ба зима гширифтанд

 Ба ғайр аз ин, қаҳрамони мо наздики 15 сол аст, ки нияти бо дучарха ба зиёрати Макка ва Мадина рафтанро дорад.

“Ҳанӯз 45 сол доштам, ки ин ақида ба сарам омаду мехостам онро амалӣ гардонам. Барои ин ба Кумитаи олимпӣ ариза навиштам. Вале мутаассифона он замон аз кумита бароям ҷавоби рад дода, гуфтанд, ки ҳоло барои ин сафар иҷоза дода наметавонанд.

Аммо ман ин чизро бароям ҳамчун як ҳадаф қабул карда будаму барои амалӣ шудананаш пушти дари дигар идораҳои дахлдор мерафтам. То имрӯз корам кашол меёбад. Ман то ҳол ноумед нестаму аз ниятам нагаштаам”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Охирҳои моҳи март ӯро ба Мусобиқаи Осиё оид ба дучархаронӣ даъват карданд, чун Акбарро аз рӯи муроҷиатҳояш тақрибан дар тамоми кумитаву идораҳои дахлдор мешинохтанд. Вай дар ин сабқатҳо миёни мардони 55-99 сола иштирок кард ва аз тарафи сарпарастон низ бо тӯҳфа ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуд. Дар ин мусобиқа, ки сарпарастон аз кишвари Арабистони Саудӣ иштирок доштанд, Акбар фурсатро муносиб дониста бо онҳо ҳамсуҳбат мешавад ва нияташро мефаҳмонад.

“Ман дар ин мусобиқа ба сарпарастоне, ки аз кишварҳои арабӣ омада, сӯҳбат карда, аз чунин орзу доштанам нақл кардам. Ваъдаам доданд, ки барои амалӣ шудани орзуи деринаам кӯмак хоҳанд кард. Ба ман ваъда доданд, ки дар фурсатҳои наздик маро бо дучархаи замонавӣ барои сафар таъмин мекунанду дар масъалаи “виза” ҳам мусоидат хоҳанд кард”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

 

Манфиати дучархаронӣ ва ташвиқи он

Тавре Акбар Саидов нақл мекунад, аз рӯзе, ки худро шинохтааст дучарха меронаду ба он сахт алоқаманд аст. Доимо дӯстону наздиконашро барои истифодаи дучарха ташвиқ мекунад.

“Ҳамин ки дуруст роҳ рафтанро омӯхтам, падарам бароям дучарха харид. Аз ҳамон вақт бо бародару рафиқонам мусобиқа намуда, доимо ғолиб мешудам. Зеро ҳар кореро бароям мефармуданду ба ҷойе равонам мекарданд, бо дучарха мерафтам”, – нақл мекунад, Акбар.

Акбар манфиати дучархарониро дар вуҷудаш эҳсос мекунад. Чун дучархаронӣ низ навъи варзиш асту ӯ ҳамарӯза бо он машғул мешавад. То имрӯз боре ҳам аз вазъи саломатиаш шикоят надораду ба бемории ҷиддие ҳам гирифтор нашудааст.

“Бародарам низ мисли ман ба ҳама ҷой бо дучарха меравад. Ман ба фарзандону рафиқонам низ тавсия медиҳам, ки аз дучарха ҳарчӣ бештар истифода кунанд. Бо ин ҳам вазъи саломатии инсон хуб ва ҳам муҳити зист тоза нигоҳ дошта мешавад”, – мегӯяд, Акбар.

Акбар дар мусобиқаҳои дучархаронӣ иштирок намекард, вале пеши худ доим масофаи муайяне мегузошт ва онро бо дучарха тай мекард. Ҳар дафъа масофаҳо зиёд мешуданд ва қаҳрамони мо  барои тай кардани масофаи дарозтаре ҳавасманд мешуд.

“Замоне, ки синам ба 20-25 расид, пеши худам ҳадаф гузоштам ки бо дучарха ба ноҳияҳои гирду атроф биравам. Аз он ки ҷавони боқувват будам, ҳамеша мехостам, ки аз дирӯза дида, имрӯз бояд зиёдтар ҳаракат кунам. Бо ҳамин минвол бо дучархаам ҳатто ба шаҳрҳои Хучанд ва Кӯлоб низ рафтам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Ӯ мегӯяд, ки агар воқеан арабҳо барои ба сафари Ҳаҷ баромадан кӯмакаш кунанд, бо худ парчами Тоҷикистонро мегираду ба роҳ мебарояд.

“Барои ин сафар ба мо харитаи махсус таҳрезӣ мекунанд ва ман аз рӯи он метавонам аз кишварҳои ишорашуда бе мамоният гузар кунам. Ҳар рӯзе кӯшиш мекунам, ки тақрибан 100 км роҳ биравам.

Агар худо хоста бошаду ҳеч мушкиле пеш наояд, дар муддати 60-70 рӯз дар Макка ва Мадина хоҳам шуд. Зиёрати хонаи Худо бо дучарха охирин орзуи ман нест, балки баъди он мехоҳам бо велосипед ба дигар кишварҳои дурдаст сафар намоям ва миллату кишварамро муаррифӣ кунам”, – мегӯяд, Акбар Саидов.

Skip to toolbar