fbpx

Дар соли 2021 беш 103 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Шиносномаи Русия

БОР: Тоҷикистонро имсол мушкили иқтисодӣ интизор аст

Эҳтимол дорад, ки бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои буҳрони ҷиддии иқтисодӣ дар Русия, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 коҳиш ёбад ва танҳо соли 2023 вазъ каме беҳтар шавад.

Ин натиҷаи гузориши тозаи Бонки Осиёи Рушд аст, ки ҳамасола нашр мешавад. Иқтисоддонҳои бонк пешбинӣ кардаанд, ки баъди якбора аз 4,5 то 9,2 дар сад боло рафтани рушди иқтисоди кишвар дар соли 2021, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли ҷорӣ то 2 дар сад коҳиш меёбад. Интизор меравад, иқтисоди кишвар дар соли 2023 аз ҳисоби рушди саноат ва кӯмаки шарикони рушд боло равад.

Бино ба пешбинии Бонки Рушди Осиё ҳаҷми таваррум ва ё инфлятсия, ки соли 2021 ба 8 дар сад баробар буд, соли 2022 ба 15 дар сад мерасад. Болоравии нархи маводи сухт, маводи ғизоии воридотӣ ва фишор болои сомонӣ ба далели коҳиши якбораи қурби рубли русӣ аз омилҳои он дониста шудааст. Дар гузориш ҳамчунин эҳтимоли болоравии маоши давлатӣ, нафақа ва нархи нерӯи барқ низ дар назар гирифта шудааст. Аммо тибқи пешбинии гузориши нави Бонки Осиёии Рушд соли 2023 сатҳи таваррум дар кишвар ба далели поин рафтани нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон то 10 дар сад коҳиш меёбад.

Дар гузориш пешниҳод шудааст, ки бо роҳи кам кардани вобастагӣ аз қарзи беруна тавассути рушди сармоягузорӣ ба бозорҳои дохилӣ ва ҳисоботи пайвастаи Вазорати молия оид ба қарзҳои дохилӣ, аз ҷумла гузориши санҷидашудаи солонаи 15 корхонаи калонтарини давлатӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба рушди бахши хусусӣ мусоидат карда шавад.

Дар соли 2021 беш 103 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд

Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Русия, соли 2021 шумори рекордии тоҷикистониён – 103 ҳазору 681 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба шиносномаи Русия соҳиб шудаанд, дар муқоиса бо соли 2020 (63 ҳазору 681 нафар) ба миқдори 63,5% афзудааст.

Агар теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба соли тақвимӣ тақсим шавад, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 288 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.

Ҳамчунин тибқи ҳисоботи ВКД Русия, 96,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар ин кишварро доранд. Ин маънои онро дорад, ки ба наздикӣ онҳо ҳам эҳтмиол шаҳрванди Русия шаванд. Боз 47 ҳазору 46 тоҷикистонӣ Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дар Русияро доранд, ки қадами аввал ба соҳиб шудани шаҳрвандии Русия мебошад.

Ба сурати умум, соли гузашта 735,4 ҳазор хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар панҷгонаи аввали кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дар зинаи аввал Украина ҷой гирифтааст, ки 375 ҳазору 989 нафар сокинони ин давлат ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудаанд. Соли гузашта ба 49 ҳазору 862 шаҳрванди Қазоқистон (зинаи 3-юм), 46 ҳазору 931 шаҳрванди Арманистон ва 31 ҳазору 867 шаҳрванди Ӯзбекистон низ шаҳрвандии Русия дода шудааст.

Шоҳида Маҳмадҷонова ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи “Абдураҳмон 09” дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Пештар намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки ӯро 7 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Нахустин мурофиаи Маҳмадҷонова рӯзи 7-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд.

Ба хабарнигори Радиои Озодӣ иҷозат доданд, ки дар мурофиа ширкат кунад.

Додситон дар ин мурофиа Маҳмадҷоноваро ба он муттаҳам кард, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи “Гурӯҳи 24” ва Наҳзати исломӣ тарафдорӣ кардааст. Ба гуфтаи додситон, Шоҳида Маҳмадҷонова дар “Ютуб” дар зери наворҳои писараш “Абдураҳмон 09” ва ҳам як навори “Ислоҳ+” муқобили сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон шарҳ навиштааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова гӯиё баъди моҳи майи соли 2021 ду бор дар “Ютуб” комментҳои зидди ҳукуматӣ навиштааст. Аз ҷумла, як шарҳи ӯ дар рӯзи президент навишта шудааст ва дар он ӯ дар нисбати раҳбарияти олии кишвар ҳарфҳои таҳқиромез гуфтааст.

Шоҳида Маҳмадҷонова дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки “худро гунаҳкор ҳисоб мекунад ва аз кардааш пушаймон аст”. Маълум нест, ки ин эътирофро ӯ ихтиёрӣ кардааст ё зери фишор.

Шоҳида Маҳмадҷонова афзуд, ки моҳи июни соли 2021 бародарашро, ки дар як қисми низомӣ кор мекард, аз кор барканор карданд. Наздиконаш ба Маҳмадҷонова гуфтаанд, ки бародараша ба хотири хоҳарзодааш “Абдураҳмон 09” аз кор озод шудааст.

Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки вақте ба манзили модараш омад ва аҳволи бародарашро дид, худро гунаҳкор ҳисоб кард. Вай ҳамчунин афзуд, ки дар оғози соли таҳсили 2021, вақте дид, ки бародараш дар хариди либосҳои мактабӣ барои фарзандонаш мушкилӣ дорад, асабонӣ шуд ва ин ду шарҳро дар “Ютуб” навишт.

Вакили дифои Шоҳида Муҳаммадҷонова аз додгоҳ хост, ки бо назардошти пушаймон будани зерҳимояти ӯ, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.

Русия дипломати Толибонро ба унвони кордори муваққати Афғонистон ба расмият шинохт

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки ин вазорат ёддошти хаттии фиристода ба сафорати Афғонистон дар робита ба инро, ки Маскав кордори муаррифишуда аз сӯйи давлати муваққати Толибонро ба расмият мешиносад.

Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Дар моҳи феврал нахустин дипломати афғони фиристода аз сӯйи Толибон вориди Маскав шуд. Дар моҳи март вай таъйиди салоҳият шуд ва охирҳои моҳи март Вазорати хориҷаи Афғонистон аз итмоми маъмурияти Саид Тайиб Ҷавод ва таъйини Ҷамол Ғурвор ба унвони кордори муваққати Афғонистон дар Маскав хабар дод.

“Шашуми апрел, Вазорати хориҷаи Русия дархости хаттӣ дар робита ба пазириши расмии мақоми ин дипломати афғонистониро ба унвони кордори Афғонистон дар Маскав барои сафорати Афғонистон фиристод, ки ин иқдомро гоме дар ҷиҳати эҳёи равобити комили дипломатик медонем”, – иброз дошт Захарова.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки Маскав ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати Толибон акредитатсия дод.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend