Марди тоҷик ба куштани ҳамсараш гумонбар аст

Марде дар Суғд ба куштани ҳамсараш дар заминаи рашк гумонбар аст

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сокини 38-солаи ин ноҳия ба куштори ҳамсараш гумонбар дониста мешавад. Гуфта мешавад, ҳодиса дар заминаи заминаи рашк ба амал омадааст.

Ҳодиса рӯзи 26 апрел рух додааст хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Мард дар хонаи холаи ҳамсараш мебинад, ки зани 23-солааш бо телефон гуфтугӯ дорад.

“Ӯ аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ бо мақсади куштор бо истифода аз корди хоҷагӣ мусаллаҳ гашта, 6 маротиба ба қисми аъзои бадани ҳамсараш задааст”,- омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 104, қ. 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ, барқасдона аз ҳаёт маҳрум кардани шахси дигар) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳодисаи дуюм куштор дар хонавода давоми як моҳи охир аст. Рӯзи 6-уми апрел дар Балҷувон сокини ноҳияи Восеъ Абдулфайз Хоҷаев бо мақсади оштишавӣ ба хонаи волидони ҳамсараш меояд.

Вақте ки аз ҳамсараш ҷавоби рад мегирад, занро бо якчанд зарбаҳои корд захмӣ мекунад.

Дар ин ҳодиса бародари 17-солаи зан барои ин кор аз шавҳари хоҳараш қасос гирифта, ӯро бо корд мекушад.

Skip to toolbar