Куштор дар Тоҷикистон

Марде дар Данғара ҳамсарашро бо 34 зарби корд куштааст

Марди 35-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони одамкушӣ дастгир шудааст, хабар медиҳад ВКД. Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда дар заминаи рашк ҳамсарашро ба ҳалокат расонидааст.

“Санаи 12-уми декабри соли 2024, тахминан соати 08:00, бо сабабҳои рашки оилавӣ ба хонаи ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур рафта, дасту пойҳояшро баста бо корди ошхонагӣ 34 маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст”, – хабар медиҳад ВКД.

Назари гумонбар маълум нест.

Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳафтаи гузашта ВКД ба ин монанд хабареро нашр карда буд, ки мард дар заминаи адоват, ҳамсари собиқи бародарашро бо роҳи буғӣ ба ҳалокат мерасонад.

Skip to toolbar