fbpx

Зане, ки чархи осиёбро давр мезанонад. Чи тавр Шукрона осиёбон шуд

Ӯ ба марди деҳотӣ ба шавҳар баромад ва осиёби хусурашро ба мерос гирифт.


2
2 points

Шукрона Самиева, сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон аст. Дар ҳавлияш коргоҳи хурди коркарди ғалла дорад. Ҳар рӯз баъди анҷоми кори хона дари коргоҳашро боз карда, гандумҳои мардумро қабул ва дар осиёб орд мекунад. Ӯ аслан зодаи шаҳри Душанбе аст.

Чӣ духтари шаҳрро маҷбур кард, ки ба деҳа омада, масъулияти осиёбро бар дӯш гирад? Шукрона ба муаллифи Your.tj дар ин хусус гуфт.

Қудрати ишқ аз Душанбе ба Балҷувони кӯҳӣ бурд

Шукрона Самиева 36 сол дорад. Соли 2011 бо шавҳраш издивоҷ карда, ба ноҳияи баландкӯҳи Балҷувон омад. Он замон шавҳараш дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе донишҷӯ буд.

«Шавҳарам дар яке аз хонаҳои баландошёнаи мо истиқомат мекарда иҷоранишин буд ва дар донишгоҳ таҳсил мекард. Маро дида ошиқам шуд. Ман ҳам ӯро дӯст доштам. Мо қариб ҳар рӯз ногаҳонӣ ҳамдигаро медидем ва муҳаббатамон то рафт зиёд мешуд. Қавл додем, ки бо ҳам арӯсӣ мекунем. Ҳарчанд волидайнамон розӣ набуданд, вале ишқи мо ғолиб омад. Бо амри тақдир ба всиоли ҳам расидем»,-нақл мекунад ӯ.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо хонаводаи Самиевҳо мехостанд, ки барои писарашон аз духтарони деҳа келин кунанд, то ба ҳама корҳои деҳа тобовар бошад. Зиндагии мардуми деҳа аз шаҳр бо доштани гову гӯсфанд ва кори замин фарқ мекунад. Вале бо амри тақдир Шукрона келини хонаводаи Самиевҳо шуд. Се келини ин хонавода, ки аз деҳа буданд, ба зиндагии худ пайвастанду Шукрона бо хусуру хушдоман монд.

«Дар ин ҷо зиндагӣ тамоман дигар аст. Аз ҳайвонҳои хонагӣ сахт метарсидам. Ба худ мегуфтам, ки ман дар ин ҷо намеистам. Вале бо гузашти чанд моҳе говдӯширо ёд гирифтам. Медидам, ки дигар занони хона барои зимистон тапак мекарданд. Ман ҳам бо онҳо ҳамроҳ мешудам. Барои он ки шавҳарам таънасори хонаводаашон нашвад, кӯшиш мекардам, ки ҳама корро анҷом диҳам»,-иброз дошт Шукрона.

Чархгардони осиёб

Қаҳрамони мо соҳиби чаҳор фарзанд аст. Ҳарчанд дар аввал деҳа барояш нофорам буду мехост дубора ба шаҳр баргардад, вале имрӯз ҷигарбандонаш зиндагияшро рангинтару мустаҳкамтар кардаанд. Акнун табиати деҳа, кӯҳҳу пуштаҳои он барояш аз шаҳр азизтар шудааст.

Мегӯяд, ки коргоҳи хурди коркарди гандум аз хусураш ба онҳо мерос мондааст. Баъди фавти хусураш шавҳараш онро истифода мекард. Даромади ягонаи зиндагияшон аз ҳисоби осиёб буд. Оҳиста-оҳиста фарзандон бузургтар шуданду мушкилоти рӯзгор низ вазнинтар.

Шавҳари Шукрона Самиева устои мошин аст. Тамоми кори осиёбро ба ҳамсараш вогузор карду худаш дар шаҳри Душанбе кор пайдо кард.

«Вақте шавҳарам дар осиёб кор мекард, гоҳо ба ӯ ёрӣ мерасонидам. Ҳамаи нозукиҳои истифодабарии онро ба ман нишон дод. Худаш ба Душанбе рафт. Беш аз як сол мешавад, ки осиёбро ман истифода мебарам. Як халта орд 340-350 сомонӣ шудааст. Орд намехарем. Фарзандонам калон шуда истодаанд, бояд хона бисозем»,-мегӯяд осёбчӣ.

Нерумандӣ аз дуои муштариён

Ба нақли Шукрона Самиева дар мавсими ҳосили гандум, ки моҳҳои июну июл аст, дар як рӯз то 10 нафар гандумҳои худро барои коркард ба коргоҳи онҳо меоварданд. Имрӯз бошад муштариёнашон кам аст. Вале ягон рӯз осиёбаш бекор намемонад. Сари ҳар халта 5 килограммӣ гандумро ҳаққи корашонро мегиранд.

“Мизоҷон маҳсулоташонро ба коргоҳ оварда, аз ман мепурсанд, ки осёбчӣ дар куҷост, гандумҳои моро қабул намекунад? Бо ханда мегӯям, ки шумо бо осиёбчӣ гап зада истодаед. Бовар намекунанд. Вақте осиёбро ба кор дарварда, гандумҳоро орд мекунам, дар ҳайрат мемонанд. Калонсолон мегӯянд, ҳазор раҳмат ба падару модарат, ки чунин фарзандро тарбия кардаанд. Бо шунидани ин суханҳо дубора нерӯ гирифта, ба корам идома медиҳам”,-мегӯяд Шукрона Самиева.

Чорводорӣ қариб дар ҳар як хонаводаи сокинони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мушоҳида мешавад, зеро кӯҳу пушта дар онҷо хеле зиёд аст. Дастрасӣ ба хӯроки чорво дар онҷо мушкил нест. Аз ин рӯ мардумаш ба соҳаи чорводорӣ майл доранд. Шукрона Самиева дар хонааш 5 гов, се гӯсфанд ва ду буз дорад. Мегӯяд, ки ҳарчанд дар рӯзҳои аввали омаданаш ба деҳа аз ҳайвонҳои хонагӣ бим дошт, вале алъон аз ин соҳа низ дил канда наметавонад. Ҳарчанд дур аз волидайну хешу табор аст, вале шукрона мекунад, ки оилаи солиму зиндагии ором дорад.

Амонҷон Муҳиддинов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend