fbpx

Дар Русия беш аз 244 миллион рубл музди пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик баргардонида шудааст

Ба муҳоҷирони тоҷик тавсия дода мешавад, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ баста, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ доранд.


0
Маблағи муҳочирон баргардонида шуд
Акси марбута аз саҳифаи намояндагӣ

Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Русия дар соли 2023 музди меҳнати пардохтношудаи муҳоҷирон дар ҳаҷми 244 миллиону 612 ҳазору 402 рубли русӣ (муодил ба 29 миллионк 353 ҳазору 488 сомонӣ) баргардонида шудааст. Дар ин бора ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Аксари сабабҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷиронро намояндагӣ ба набудани шартномаи меҳнатӣ, номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо ва баъзан сифати пасти иҷрои корҳо вобаста медонад.

“Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад”,- шарҳ медиҳад ин ниҳод.

Гуфта мешавад, дар ин сурат намояндагӣ бо навиштани аризаи шикоятӣ бо истифодаи камтарин далел масъалаи нопардохти музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ менамояд.

Ин ниҳод ба муҳоҷирони тоҷикистонӣ тавсия медиҳад, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Русия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ маҳфуз нигоҳ доранд.

Намояндагӣ таъкид кардааст, дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар шаҳри Москва ва Ҳавзаҳои федералии Россия шаҳрвандон бо рақамҳои зерин муроҷиат карда метавонанд:

  • Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
  • Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
  • Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
  • Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  • Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
  • Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend