Мошинбозори Душанбе

Манъи воридоти мошинҳои бароришашон то соли 2013 ба Тоҷикистон

Имрӯз, 2-юми август қарори манъи воридоти худравҳои сохташон то соли 2013 ба ҳудуди Тоҷикистон ба тасвиб расид. Мақсади асосии татбиқи ин қарор пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо дониста мешавад.

Қарор пас аз ду моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои мусофирбар, сабукрав, боркашон ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.

Гуфта мешавад, қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво аз ҳисоби истифодаи нақлиёти автомобилии кӯҳна хориҷ мешавад. Инчунин аксарияти садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки онҳо рух медодааст.

Ҳамчунин, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки назорат, барасмиятдарории гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридшавандаро мутобиқи қарори мазкур таъмин намояд.

Дар ин замина, қарори қаблӣ, ки соли соли 2018 қабул шуда, воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005-ро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мекард, аз эътибор соқит дониста шуд.

Skip to toolbar