fbpx

Шаҳрвандони Русия, ки ба оташ задани ҷойи зисти тоҷикон гумонбар буданд, озод шуданд

Чор муҳоҷири тоҷик, ки дар ин ҳодиса ҷабрдида буданд, бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” ҳанӯз дар боздошт қарор доранд.


0
Муҳоҷирони тоҷик ки манзили зисташонро дар русия оташ зада буданд
Акс-коллаж аз Радиои Озодӣ

Чор шаҳрванди Русия, ки ба оташ задани ҷойи зисти муҳоҷирони тоҷик ва куштори ду нафар гумонбар буданд, бо қарори Суди шаҳри Иркутск бегуноҳ дониста шуда, дар толори суд озод карда шудаанд.

Наздикони муҳоҷирони ҷабрдида ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки рӯзи 1-уми август суд як корманди милитсия ва се сокини маҳаллиро комилан бегуноҳ дониста, раҳо кардааст.

Чор нафар ба он айбдор мешуданд, ки шаби 12-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии Иркутск ба вагоне, ки ҳафт муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекарданд, ҳуҷум карда, онро оташ заданд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ду муҳоҷири тоҷик Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ҳалок шуданд.

Мақомоти Русия чор муҳоҷири дигари дар ин ҳодиса ҷабрдида – Маҳмадтоҳир Ашуров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро, ки дар вагон мезистанд, бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” боздошт кардаанд.

Тақдири онҳо рӯшан нест, чун таҳқиқи парвандаҳои онҳо анҷом наёфтааст.

Матбуоти Русия навишта буд, ки рӯзи сар задани ҳодиса муҳоҷирон бо чанд сокини маҳаллӣ баҳс кардаанд. Баъди он сокинон бо як милиса шабона ба ҷойи зисти муҳоҷирон ҳамла кардаанд.

Мақомоти Русия баъди эътирози ниҳодҳои Тоҷикистон нисбати як корманди Шӯъбаи кофтукоби ҷиноятии Иркустк ва се ҷавони маҳаллӣ парванда боз кард.

Гуфта мешавад, ки онҳо дар боздошт набуданд.

Дирӯз, 1-уми август суд гуфтааст, ки афсари милитсия ва се сокини маҳаллӣ ҳеч гуноҳе надоранд. Ҳарчанд, шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки худи онҳо ба гуноҳашон дар чанд мурофиа иқрор шуда буданд.

“Онҳо аз ҷабрдида узр пурсида, гуфта будаанд, ки аз сари эҳсос вагони муҳоҷиронро оташ задаанд”.

Яке аз ҷабрдидагон ба пайвандонаш нақл кардааст, ки вақте аз суд пурсид, агар онҳо бегуноҳ бошанд, пас вагонро кӣ оташ зад ва кӣ косахонаи сари ӯро шикаст, суд посухе надодааст.

Ду сол пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти рус талаб карда буд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ кунанд.

Модарони чаҳор муҳоҷири дигар, ки дар боздошт буданд, ба Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин нома навишта, бегуноҳии фарзандонашонро таъкид карда буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend