Шамъ дар торикӣ

“Лимит” расман баргашт. Муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”

Боздошти марде дар Исфара бо гумони қатли ҳамсар бар асари рашк

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд як сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми куштори ҳамсараш бар асари рашк боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Акс аз сомонаи boets-shop.ru

Ҳодиса 28-уми январ тахминан соати 11:30 рух додааст.

“Марди 50-солаи сокини шаҳри Исфара, маъюби гурӯҳи дуюм, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш зани 48-соларо, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, бо оҳани дарозиаш 60 см, 4 маротиба ба сараш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- шарҳ медиҳад ВКД.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин модда ӯ ба муҳлати аз 8 то 15 сол равонаи зиндон шуда метавонад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 шумори ҷиноятҳои марбут ба куштор ва суиқасд ба он 24,3% афзуда, давоми сол ба сурати умум 5 ҳазору 358 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки 2,2% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

“Лимит” расман баргашт. Муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”

“Барқи тоҷик” аз ҷорӣ шудани “лимит” – и барқ   дар Тоҷикистон хабар дод.

“Бо мақсади пешгирии норасоии нерӯи барқ ва оқибатҳои манфии он ба соҳаи иҷтимоию иқтисодии кишвар аз 1-уми феврали соли 2023 маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ   ҷорӣ карда мешавад”,- гуфта мешавад дар муроҷиати “Барқи тоҷик”.

Лимит ба Душанбе ва шаҳрҳои калони кишвар дахл намекунад.

Гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо пас аз ба эътидол овардани реҷаи обу-энержии дарёи Вахш лағв карда мешавад.

Вазорати кишоварзӣ: сармо ба 10 – 12 фоизи сабзавот зарар расонд

Зимни нишасти матбутии рӯзи 30 январ вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки сармо аз рӯзи 11 то 23 январ ба 10-12%-и сабзавот, асосан картошка, сабзӣ ва ғайра зарар расонида, осебаш ба пиёз он қадр зиёд нест, зеро пиёзи яхбастаро такроран истифода бурдан мумкин аст.

“Болоравии нархи пиёз ба сармо рабт надошта, он дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳо ҳамсоя низ қимат шуд, – иброз дошт вазир. – Ҳозир содироти пиёз, сабзӣ ва картошка аз Тоҷикистон то ба эътидол омадани нархҳо дар бозор муваққатан манъ шуд”.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2023 майдони кишти пиёз васеъ шуда, “ҳосили якум дар ҷануби кишвар моҳи апрел гирифта мешавад ва ба поинравии нархҳо ба пиёз мусоидат мекунад”.

“Нашъунамои пиёзи моҳи сентябр ва октябр киштшуда муътадил аст. Танҳо вазъи пиёзи моҳи ноябр дар майдони зиёда аз 1 ҳазор гектар киштшуда боиси нигаронӣ аст, лекин то кадом андоза ба онҳо таъсир расонидани сармо баъдтар вақти гарм шудани ҳаво маълум мешавад”, – гуфт Ҳакимзода.

Тибқи пешгӯии Вазорати кишоварзӣ, аз сармо метавонанд картошка, дарахтони мевадеҳ, аз ҷумла анҷир, анор ва хурмо зарар бинанд. Таъсири хунукӣ ба токзорҳои ангур ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад.

Зимнан зикр шуд, ки дар соли 2023 ба парвариши пахта, картошка, пиёз ва сабзӣ афзалият дода мешавад.

“Агар содироти пахта аз ҳама бештар воридшавии асъор ва ҷойҳои зиёди кориро таъмин кунад, пас се маҳсулоти дигар низ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда доранд”, – илова намуд Ҳакимзода.

Skip to toolbar