fbpx

“Занон бештар ба муҳоҷират мераванд”. Нишондоди муҳоҷирати тоҷикон дар ду соли охир

Дар 9 моҳи соли 2022 - юм 92 ҳазору 826 нафар занон аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд.


0
Муҳоҷирати занони тоҷик
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дар асоси омори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, шумораи муҳоҷирони тоҷик, ҳам мардону ҳам занон, дар ду соли охир афзудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвар аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ хабар медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ҳангоми ироаи паёми охирини худ дар рӯзи 23-юми декабри 2022 гуфт, “дар соли 2022 – юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд”.

“Дар панҷ соли охир сатҳи некӯаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид”, – афзуд президент.

Дар ин ҳол, бинобар омори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, сафи муҳоҷирони тоҷик дар ду соли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Омори муҳоҷиратро дар графикаи мо бубинед:

Дар Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ афзоиши муҳоҷиратро тасдиқ кардан, аммо гуфтанд, ки “назар ба соли 2010 муҳоҷирати меҳнатӣ дар 9 моҳи соли 2022 коҳиш ёфт”.

Моёншо Маҳмадбекзода, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар ин ҳол мегӯяд, сафи занҳои муҳоҷири тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст.

Ӯ мегӯяд, аз Тоҷикистон дар соли 2010 – 736 ҳазору 466 нафар (79 ҳазору 632 нафар зан) муҳоҷир буданд ва ин нишондод дар 9 моҳи соли 2022 ба 534 ҳазору 258 нафар (92 ҳазору 826 нафар зан) расид.

Ба гуфтаи Маҳмадбекзода, дар даҳсолаи ахир омори аз ҳама баланд дар робита ба муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2013 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 799 ҳазору 699 нафар тоҷикон ба кишварҳои гуногун муҳоҷир шудаанд ва аз ин теъдод 100 ҳазору 875 нафар занон дониста мешаванд.

Аммо омори аз ҳама баланд вобаста ба муҳоҷирати занон дар соли 2014 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол 106 ҳазору 416 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Аммо пас аз гузариши бемории коронавирус ва бардоштани маҳдудиятҳои сафар масъулин мегӯянд, ки сафи муҳоҷирон афзоиш ёфт. Дар ин миён сафи занони муҳоҷир низ ба таври чашмрас зиёд гардидааст.

Ин нишондиҳандаро дар графикаи мо бубинед:

Ёдовар мешавем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти кишварҳои “Осиёи марказӣ + Русия” дар шаҳри Остона бо муроҷиат ба президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки ҳамасола беш аз 2 млн нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд. Ӯ афзуда буд, аз ин теъдод танҳо 600 ҳазор нафарашон муҳоҷири меҳнатӣ буда, 140 ҳазор нафари дигар “ба дигар кишварҳо парвоз мекунанд”.

М.Раҳмат


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend