Кор дар Қатар: сокинони Тоҷикистон ба мусоҳибаи онлайнӣ даъват мешаванд

Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон сокинони кишварро барои иштирок дар мусоҳибаи маҷозӣ (онлайнӣ) ҷиҳати кор дар Қатар даъват кардааст.

Ба иттилои манбаъ, мусоҳиба рӯзи 8 апрел дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80, тариқи платформаи “Microsoft Teams” баргузор шуда, соати 13:00 оғоз меёбад.

Гуфта мешавад, ҷойҳои корӣ дар шабакаи қаҳвахонаҳои “Caribou Coffee Qatar” “пешниҳод гардида, барои 15 нафар омодакунандаи қаҳва, 10 пешхидмат (мард ва зан) ва 5 корманд барои омода кардани сендвич талабот вуҷуд дорад.

Маълумоти дақиқ дар бораи ҳаҷми маош ироа нашудааст. Бо ин ҳол, зикр мегардад, ки хароҷоти ҷойи зист ва нақлиёт барои рафтуомад ба кор аз ҷониби корфармо таъмин мешавад.

Мусоҳиба ба забони англисӣ баргузор мегардад. Довталабон бояд пешакӣ тарҷумаи ҳоли худро (CV) ба рақами WhatsApp-и Оҷонсӣ +992 987906666 ирсол намоянд ва дар мусоҳиба бо либоси расмӣ ҳозир шаванд.

Хоҳишмадон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд ба ин рақамҳо тамос гиранд:

+992-37-221-39-67

+992-37-221-39-83.

Skip to toolbar