Комёб Файзулло, писари ректори Донишгоҳи славянӣ ба 3 соли зиндон маҳкум шудааст

Падараш гуфтааст, мошин аз ӯ буд.


Баъди беш аз як моҳи садамае, ки дар он сарояндаи ҷавони тоҷик, Некрӯз Ниёзов ба ҳалокат расид, ба Комёб Файзуллои 18-сола, ронандаи мошине, ки сабабгори марги ин овозхон гардид, суд 3 соли зиндон муқаррар кардааст.

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳукми Комёб Файзуллоро “се рӯз пеш содир кард”,- гуфтаанд ба Радиои “Озодӣ” имрӯз, 2-юми ноябр.

Ҳукми ӯ тибқи моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст,) содир шудааст.

Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ, падари Комёб ба хабарнигори Озодӣ гуфтааст мошине, ки писараш садама кард, аз ӯ буд ва шаби ҳодиса писараш мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд.

Гуфта мешавад, наздикони Некрӯз Ниёзов дар мурофиаи судӣ иштирок накардаанд, “чун фарзандашонро дигар баргардонда наметавонанд”.

Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи славянӣ Машраб Файзулло онҳо аз аввал тақозо кардаанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун баррасӣ шавад.

“Ин хел фалокат метавонад ба сари ҳар кас биёяд, ҳеч кас аз ин чизҳо дар амон нест. Писарам аввал дар боздоштгоҳи ВКД буд, баъд ба СИЗО гузаронданд. Барояш хӯрок мебарем, аммо вонахӯрдем. Ман дар мурофиа ширкат накардаам. Комёб бо саводи худаш ба Донишгоҳи миллӣ дохил шуд ва баъд ӯро ба Донишгоҳи славянӣ интиқол додем, чанд забони хориҷиро медонад”,- гуфтааст ӯ дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ”.

Машраб Файзулло ба наздикони Некрӯз Ниёзов изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар натиҷаи як садама, ки шаби 21-уми сентябр дар Душанбе рух дод, Некрӯз Ниёзов, овозхони 28-сола тоҷик ба ҳалокат расид.

Дар ин садама ду мошини гаронбаҳо, ки яке аз онҳоро Комёб Файзулло ва мошини дуввумро нафаре бо номи Оятулло Аҳтамзода меронд, ба ҳам бархӯрданд.

Дар бораи Аҳматзода маълумоти зиёд дар даст нест ва рӯшан нест, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ё не.