Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:1611.11.2021
Этикаи журналистӣ пас аз пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ хеле тағйир ёфт. Ҳамчунин ба он ҷангҳои иттилоотие, ки дар интернет ҷараён доранд, низ таъсир мерасонанд.
Оё фаъолияти тиҷоратиро аз қисмати эҷодӣ ҷудо намудан ба редаксияҳо лозим аст ва инро дар шароити редаксияҳои тоҷикӣ, ки коргари зиёд надоранд, чӣ тавр метавон анҷом дод. Оё рӯзноманигорони тоҷик бояд ба ҷангҳои иттилоотӣ дахолат кунанд? Атрофи ин ва дигар масоил мо бо журналисти тоҷик Абдулазиз Восиев сӯҳбат кардем.
Ӯ мутмаин аст, ки блогерон, ки акнун нисбат ба расонаҳо хабарро тезтар мерасонанд, бояд одоби журналистиро низ риоя кунанд.
Абдулазиз ҳамчунин бар ин назар аст, ки ҳар нафаре, ки маълумоти журналистӣ надорад, имрӯз метавонад рӯзноманигор бошад. Муҳим маҳорат аст, ки ҳангоми таҷриба ба даст меояд. “Ҳатто табибе, ки маҳорати хуби навиштан дорад, метавонад рӯзноманигор шавад”, - мегӯяд, Абдулазиз.
Подкаст дар доираи лоиҳаи IWPR «Giving Voices – Driving Change: from the Borderland to Steppes» таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани зарфияти насли нави таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аст, ки таҳлили босифат ва дастрасро ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд. Муҳтавои подкаст, назарот ва дидгоҳҳо танҳо ба муаллифон марбут буда, метавонанд ба мавқеи расмии IWPR мухолифат дошта бошанд.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
1 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
7 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад