Эмомалӣ Раҳмон мардумро дар Иди Қурбон ба сарфакорӣ даъват кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар табрикоташ ба муносибати Иди Қурбон шаҳрвандони кишварро ба ҷойи хароҷоти беҳуда ва худнамоӣ ба расонидани кӯмак ба ниёзмандон, ятимону маъюбон ва ободонии кишвар даъват кард.

“Мо – шаҳрвандони Тоҷикистон шукр мекунем, ки иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу диниро дар фазои истиқлолу озодӣ ва амнияту оромӣ, ки бузургтарин дастоварди мардумамон мебошад, таҷлил мекунем.

Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки дар фарҳанги исломӣ андешаҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муҳаббату хайрхоҳӣ ба наздикону пайвандон, мурувват ва муомилаи нек бо ҳамсояҳову дӯстон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба беморону ниёзмандон ва ёди хайр аз гузаштагон мақоми баланд доранд”, – гуфтааст президенти кишвар.

Президенти кишвар ҳамчунин қайд кард, ки дар рӯзи ид шахсони дорои имконияти моддӣ дар роҳи Худо қурбонӣ мекунанд ва он ҳамчун суннат бар дӯши ҳама ҳатмӣ нест. Ӯ таъкид намуд, ки ин корро танҳо онҳое бояд анҷом диҳанд, ки оилаи онҳо аз ҳар лиҳоз таъмин аст ва аҳли хонадони онҳо танқисиву мушкилот надоранд.

“Онҳое, ки имконияти моддӣ надоранд, метавонанд бо сухани нек, амали хуб ва рафтори шоистаи худ дили одамонро шод кунанд, ки ин ҳам аз ҷумлаи корҳои хайру савоб ба шумор меравад”, – илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, президент гуфт, ки “дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кумак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кумак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад.”

Ӯ таъкид кард, ки муҳимтарин рисолати динӣ, виҷдонӣ ва имонии мову шумо – мардуми шарифи кишвар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба волидайн ва хизмат ба онҳо, гиромӣ доштани суннату арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, расидан ба қадри истиқлолу озодии Ватан ва бо риояи моҳияту асли давлати демократӣ ва дунявиамон баргузор намудани расму ойинҳои милливу динӣ мебошад.

“Мову шумо вазифадорем, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ худдорӣ карда, имкониятҳои моддии худро барои осоиши хонадон ва таълиму тарбияи фарзандонамон сарф кунем, то онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд”, – илова кард, Эмомалӣ Раҳмон.

Skip to toolbar