fbpx

“Ин савол”. Чаро ба варзиш машғул шудани духтарон муҳим аст?


-1
-1 points

Беш аз 15 сол аст, ки дар Тоҷикистон Федератсияи Киокушинкай каратэ–до фаъолият мекунад ва то имрӯз дар сар то сари кишвари 2 ҳазор нафар ҷавонон аз ҷумла духтаронро дар ин навъи варзиш тарбият намудааст. То имрӯз дар ҷумҳурӣ духтарони варзишгар зиёданд, аммо то ҳол ҳастанд нафароне, ки барои ба варзиш машғул шудани духтарон зид мебароянд. Фарангис Хоҷазода, варзишгар узви ФКК дар бораи мушкилоти духтарони варзишгар ва дастовардҳояш нақл кард.

Тавре Фарангис қисса мекунад, ӯ аввалан пинҳонӣ ба варзиш машғул мешудааст. Танҳо пас аз ғолиб шудан дар мусобиқае ӯ ба аҳли оилааш гуфтааст, ки ба варзиш машғул аст. Фарангис мегӯяд, ки аз наздиконаш кам набуданд, нафароне, ки ба варзишгар шудани ӯ зид баромаданд, аммо ӯ аз роҳи интихоб намудааш пас нагашт.

“Ана ҳамин “духтар аст, ба варзиш машғул нашавад” гуфтанҳои атрофиён  барои духтарон монеа эҷод мекунанд, ки нақшаҳои ояндаи худро амалӣ гардонанд”, – мегӯяд, Фарангис.

Ӯ ҳамчунин дар бораи мувафақиятҳову нақшаҳояш дар соҳаи варзиш, сабабҳои ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавондухтарону ҷавонписарон суҳбат кард. Муфасалтар дар подкасти мо бифаҳмед.

Шакли аудиоии подкастро ин ҷо метавонед гӯш кунед:

Киокушинкай ва насли нав дар рухияи инсондусти,саломати, таҳаммулнопазири ба хушунат ва мубориза бо ифротгароивутерроризм бо назардошти осебпазирии ҷавонон. Лоиҳа аз ҷониби Барномаи грантҳои хурди Комиссияи рушди демократияи сфорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳаро Федератсияи каратэ-до киекушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend