Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро дар бораи ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраршудаи хизматро адо кардаанд, инчунин даъвати навбатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хизмати ҳарбӣ имзо намуд.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, тибқи фармон, дар моҳҳои апрел–майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии ВКД, қӯшунҳои мудофиаи граждании КҲФ, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, баталёни аграрии Агентии таъминоти амволи махсус хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраршудаи хизматро адо кардаанд, ба эҳтиёт рухсат мешаванд.
Ҳамзамон, дар моҳҳои апрел–майи соли 2026 ба сохторҳо ва мақомоти зикршуда шаҳрвандони марди аз 18 то 27 сола (солҳои таваллуди 1999–2008), ки ҳуқуқи мавқуфгузорӣ ё озодшавӣ аз даъват надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.
Ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва раисони комиссияҳои даъватии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ супориш дода шудааст, ки даъвати шаҳрвандонро ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус бо роҳи интихоби дақиқи даъватшавандагон, бо дарназардошти хусусиятҳои хизмат дар ин воҳидҳо ва таъмин намудани онҳо дар навбати аввал, амалӣ намоянд.
Ба Вазорати тандурустӣ супориш шудааст, ки табибону мутахассисони соҳибтаҷрибаро барои гузаронидани муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон сафарбар намояд.
