Бино ба иттилои Созмони байналмиллалии муҳоҷират, таҳримҳое, ки кишварҳои Ғарб бар зиддӣ Русия ҷорӣ намудаанд, ба муҳоҷирони кории Осиёи миёна таъсири худро расонидааст, ки шумораи онҳо беш аз 4 млн. нафарро ташкил медиҳад.
“Оқибатҳои ҳамлаи Русия ба Украина натанҳо ба ин ду кишвар, балки ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки иқтисодашон бештар аз иқтисоди Русия вобаста аст, зарба мезанад. Маблағи ирсолии муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, то 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Имрӯз аксари онҳо ба ватан бармегарданд ва интиқоли пул аз онҳое, ки он ҷо мемонанд, босуръат коҳиш меёбад”, – ҳушдор медиҳад Созмони байналмиллалии муҳоҷират.
Дар Русия ҳудуди чаҳор миллион муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ кор мекунанд: зиёда аз як миллион нафар аз Тоҷикистон, ҳамин миқдор аз Қирғизистон, ҳудуди ду миллион аз Ӯзбекистон ва 200 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Онҳо асосан дар соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, инчунин дар баъзе соҳаҳое кор мекунанд, ки тахассуси баландро талаб мекунанд.
“Онҳо ба армияи бекорон мепайванданд”
Ба гуфтаи СБМ, таҳримҳо алайҳи Русия ба унвони як чораи ҷавобӣ пас аз ҳамла ба Украина метавонад ба иқтисоди Русия ва бозори меҳнат зарбаи ҷиддӣ расонад. Аз даст додани кариб ду миллион ҷойи кор ва аз 4,4 фоиз то 7,8 фоиз афзудани бекорӣ аз эҳтимол дур нест. Пастривии иқтисоди Русия бошад ҳатман ба даромади муҳоҷироне, ки дар онҷо кор мекунанд ва мутаносибан ба вазъи иқтисодии кишварашон таъсир мерасонад, зарбае хоҳад буд.
Ренате Ҳелд, директори Дафтари минтақавии СБМ дар Вена мегӯяд: "Коҳиши шадиди интиқоли пул аз Русия бешубҳа ба иқтисоди кишварҳое, ки ба интиқоли пулӣ такя мекунанд, таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Аксари муҳоҷирон айни ҳол тасмим гирифтаанд, ки дар Русияро бимонанд, аммо агар вазъи иқтисодӣ бадтар шавад, шумораи бештари муҳоҷирон ба ватан бармегарданд".
Чанде пеш мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба сегонаи кишварҳои бештар аз пули муҳоҷирон вобаста дохил карда буданд.
Ба қавли Ҳелд, ин раванди ба кишварҳои худ баргаштани муҳоҷирон алакай оғоз ёфтааст. Тибқи омори СБМ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 60 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ва 133 ҳазор муҳоҷир аз Ӯзбекистон Русияро тарк кардаанд. Акнун онхо эхтимол ба армияи бекорон дар мамлакатхои худ дохил шаванд.
“Барои фаҳмидани миқёси мушкилот танҳо ба рақамҳо диққат кардан кифоя аст: масалан, дар соли 2020 интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба Қирғизистон ва Тоҷикистон мутаносибан 31 дарсад ва 27 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ВВП) ин кишварҳоро ташкил додааст, ки қисми зиёди интиқоли маблағҳо аз Русия сурат гирифтаанд. Таърихи муштарак, наздикии ҷуғрофӣ, донистани забон, соддагардонии расмиёти маъмурӣ - ҳамаи ин омилҳо муҳоҷиронро ба Русия ҷалб кардааст”, - шарҳ медиҳад, СБМ.
Гуфта мешавад, ки тибқи тахминҳои Бонки Ҷаҳонӣ, соли ҷорӣ интиқоли пул аз Русия ба таври қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад ёфт: ба Қазоқистон 17 дарсад, ба Узбакистон 21 дарсад, ба Тоҷикистон 22 дарсад ва ба Қирғизистон 33 дарсад.
СБМ ҳушдор медиҳад, ки пушти ин ракамхо таҳдиди шадиди камбағалшавии оилаҳои муҳоҷирон меистад. Маблағе, ки муҳоҷирон – маъмулан аз оилаҳои камбизоат, аксаран ба деҳот ба наздикони худ фиристодаанд, барои аз фақр наҷот ёфтани оилаҳояшон мусоидат мекард.
Ҳамчунин Созмони байналмиллалии муҳоҷират, исрор мекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ назорати мунтазами ҷараёни муҳоҷирон, интиқоли пули онҳоро назорат кунанд ва муҳоҷирони баргаштаву наздикони онҳоро дастгирӣ намоянд.