Эҳсосоте, ки ҳамеша боқӣ мемонанд. Чӣ гуна аксбардоре аз Хоруғ тасвирро ба қисса табдил медиҳад

Орзу Собиров, зодаи Хоруғ истеъдоди худро дар аксбардорӣ замоне пай бурд, ки дӯсташ аз ӯ хоҳиш кард, то дар тӯяш нақши аксбардорро иҷро кунад.

Бе доштани камераи касбӣ, Орзу дониши назариявии бузургеро азхуд кард, ки баъдан ба ӯ имкон дод аксҳои нотакрор эҷод кунад.

Дар бораи оғози фаъолияти эҷодии худ ҳамчун аксбардор Орзу дар суҳбат ба муаллифи Your.tj нақл кард.

Тӯйи дӯсташ нуқтаи гардиш дар фаъолияти Орзу шуд

Орзу Собиров соли 1995 дар Хоруғ таваллуд шудааст. Дар кӯдакӣ ӯ худро дар соҳаҳои гуногуни эҷодӣ, аз ҷумла тарроҳии графикӣ ва аксбардорӣ, санҷидааст.

“Ҳамчун фарзанди калон дар корҳои хона кӯмак мекардам, ба аҳли оила ғамхорӣ менамудам ва ин маро баркамолтар кард. Аммо ҳамеша барои он чизе, ки маро илҳом мебахшид, вақт меёфтам”, – нақл мекунад Орзу.

Гарчанде аксбардорӣ машғулияти дӯстдоштаи асосии ӯ набуд, бо гузашти вақт ва ба шарофати худомӯзӣ, дарк кард, ки ба ӯ бениҳоят писанд аст ҳикофҳоро тавассути аксҳо нақл кунад.

Яке аз корҳои Орзу Собиров

Пас аз хатми мактаб дар Хоруғ, Орзу Собиров ба факултети барномасозии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Душанбе дохил шуд.

“Ин ҳайратовар буд – шаҳри нав, издиҳоми зиёд, суръати нави зиндагӣ. Аммо ман қарор додам, барои рушд кардан бояд мутобиқ шавам ва ба пойҳои худ истода тавонам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Дар дарсҳои барномасозӣ Орзу ба тарроҳии графикӣ, Photoshop ва аниматсия машғул мешуд ва ҳамин тавр шавқи ӯ ба нақли визуалӣ ҳарчи бештар қавитар мегардид.

Яке аз корҳои Орзу Собиров

“Ман ҳамеша таҷриба мекардам – бо рангҳо, санъати рақамӣ, ҳаракат. Омодагии махсус надоштам, аммо меомӯхтам, ки ҳикояҳоро ба таври визуалӣ нақл кунам”, – илова мекунад Орзу.

Рӯзе яке аз дӯстони Орзу аз қаҳрамони мо хоҳиш кард, ки дар тӯяш дар Хоруғ аксбардор бошад ва Орзу бо хушнудӣ розӣ шуд.

“Аввал фикр мекардам, ки ин танҳо як манбаи иловагии даромад аст,- механдад ӯ. – Аммо дар он лаҳза чизе тағйир ёфт ва ман фаҳмидам, ки ин раванд ба писандам аст. Он рӯз ҳама чиз дигар шуд”.

Қадамҳои аввал: омӯзиши назария бидуни амалия

Пас аз хатми донишгоҳ дар Душанбе, Орзу ба зодгоҳи худ – Хоруғ баргашт. Маҳз дар он ҷо роҳи ӯ дар соҳаи аксбардорӣ оғоз ёфт.

Орзу барои худ ҳадаф гузошт, ки ҳарчи бештар вақтро ба рушди касбияш бахшад. Шабона ӯ композитсияи аксҳоро меомӯхт, корҳои дигар аксбардоронро таҳлил мекард.

Яке аз корҳои Орзу Собиров

Дар оғоз қаҳрамони мо дастгоҳи аксбардорӣ надошт, аммо ин ӯро бознадошт. Ӯ то дергоҳон машқ мекард, дастурҳои омӯзишӣ оид ба принсипҳои аксбардориро тамошо менамуд ва ҳар як ҷузъиёти майдаро дар хотир нигоҳ медошт. Бо омӯзиши назария ҷавон дар бораи аксбардорӣ дар маҷмуъ маълумоти зиёд гирифт.

Ба гуфтаи Орзу, одамон борҳо ба ӯ маслиҳат медоданд, ки касби дигареро интихоб кунад, ки метавонад даромади устувор оварад.

“Ман назарияро бидуни таҷҳизот меомӯхтам. Мушоҳида мекардам, таҳрир менамудам, кадрҳоро дар зеҳнам тасаввур мекардам. Ҳатто вақте дигарон ба ман маслиҳат медоданд, ки ба “кори ҳақиқӣ” машғул шавам, дар роҳи худ боқӣ мондам”, – таъкид кард ӯ.

Пас аз чанд моҳ Орзу тавонист аввалин дастгоҳи аксбардории худро бихарад. Баъд аз муддате ӯ камераи касбӣ харидорӣ кард.

“Он рӯзе, ки [аввалин камераамро] ба даст гирифтам, худро озод ҳис кардам. Ҳама он ғояҳое, ки дар сарам буданд, ниҳоят тавонистам ба воқеият табдил диҳам”, – ба ёд меорад аксбардор.

Аксҳои ӯ рӯз ба рӯз беҳтар мешуданд. Таҷриба бо рӯшноӣ, ҷойгиршавӣ ва услуб ҳар як тасвирро равшантару серрангтар мегардонд.

Аксҳои хотирмон

Яке аз аксбардориҳои хотирмонашро Орзу дар водии дурдасти Бартанг гузаронид.

“Он ҷо рӯшноӣ набуд, шароит душвор буд, аммо одамон аҷиб буданд. Табассумҳои онҳо, матонаташон – ман бояд инро сабт мекардам”, – нақл мекунад қаҳрамони мо.

Ҳар як аксе, ки ӯ мегирифт, бештар аз як тасвир буд. Он ҳикояе дар бораи қувват, ҳамбастагӣ ва зебоии тасвирнашаванда буд.

Ҷашнҳои миллӣ дар Хоруғ барои Орзу ҷойҳои дӯстдошта барои ҷустуҷӯи кадрҳои нодир мебошанд. Дар яке аз чунин ҷашнҳо Орзу ҳамсояи солхӯрдаеро дид, ки дар ҳавлӣ бар курсӣ нишаста, ҷараёни идро, ки дар он даҳҳо нафар иштирок доштанд, тамошо мекард.

Ҳангоме ки иштирокчиён марди солхӯрдаро пай бурданд, назди ӯ мусиқии миллиро иҷро карданд.

Дар ҳамон лаҳза чашмони мард пур аз ашк шуд. Вақте ӯ кӯшиш мекард ашкҳояшро пок кунад, Орзу маҳз ҳамин лаҳзаро сабт карда тавонист.

Ин акс барои Орзу аҳамияти махсус дорад, зеро дар он, сарфи назар аз издиҳоми зиёд ва миқёси чорабинӣ, танҳо як нафар инъикос ёфтааст.

Эътимоди мардум барои ман шарафи бузург аст

Имрӯз аксбардор роҳбарии гурӯҳеро ба уҳда дорад, ки аз ду наворбардор иборат аст ва барои лоиҳаҳои калонтар наворбардори сеюм низ ҳамроҳ мешавад.

“Дар ҳамкорӣ мо рӯйдодҳоро аз ҳама ҷонибҳо сабт мекунем. Кори дастаҷамъӣ неруи эҷодии моро бештар мекунад”, – нақл мекунад Орзу.

Ҳоло Орзу бештар бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла AKF, USAID, UNDP, JICA, OSCE, ACCELERATE PROSPERITY ва дигарон ҳамкорӣ мекунад.

Бо вуҷуди ин, дар вақтҳои фориғ, ӯ ва дастаи хурдаш тӯйҳо, лоиҳаҳои корпоративӣ ва портретҳои эҷодиро сабт карда, дар сатҳи баланди нақли визуалӣ омода менамоянд.

Барои Орзу на танҳо камолоти техникӣ муҳим аст, инчунин муҳим аст, ҳикоя нақл карда шавад, фазоро нишон дода тавонад ва хислати одамон пеши камера кушода гардад.

Барои Орзу ниҳоят муҳим аст, ки муштариёнаш аз кори ӯ қаноатманд бошанд.

“Одамон хотираҳои муҳимтарини худ, тӯйҳо, рӯйдодҳои муҳимро ба ман бовар мекунанд. Ин эътимод шарафест, ки ман ҳеҷ гоҳ онро ҳамчун чизи одӣ қабул намекунам”, – мегӯяд аксбардор.

Ин эътимод ба пояи фалсафаи эҷодии ӯ табдил ёфтааст.

Ба ҳар як лоиҳа, хоҳ калон бошад хоҳ хурд, Орзу бо чунин ғамхорӣ муносибат мекунад, гӯё он қиссаи оилаи худаш бошад.

Аксбардор итминон дорад, кори ӯ танҳо сабти акс нест, балки ҳифзи эҳсосот ва офаридани чизест, ки барои асрҳо боқӣ мемонад.

“Вақте одамон пас аз солҳои зиёд ба ин аксҳо менигаранд, мехоҳам маҳз ҳамон эҳсосеро ҳис кунанд, ки дар он лаҳза доштанд”, – илова кард ӯ.

Оиламанбаи илҳом

Пуштибони Орзу ҳамеша оилаи ӯ будааст.

“Онҳо ангезадиҳандаи асосии мананд. Вақте одамон, махсусан оилаи ман, аз кори ман шодӣ ва илҳом мегиранд, ҳис мекунам, ки барои онҳо низ кори муҳиме анҷом додаам”, – мегӯяд Орзу.

Аксбардор мекӯшад ҳарчи бештар вақтро бо наздиконаш гузаронад.

Ӯ бовар дорад, ки илҳоми ҳақиқӣ маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ором ба вуҷуд меояд, хоҳ рӯзҳои истироҳат дар ҳавои тоза бо фарзандон бошад, хоҳ шомгоҳон дар иҳотаи оила.

Маҳз дар ҳамин тавозун ӯ ҳамон ҳамоҳангиро меёбад, ки барои офаридани аксҳои зинда ва самимӣ зарур аст.

“Оилаам ба ман неру мебахшад. Вақти бо ҳамсар ва фарзандонам гузарондашуда, сайру гашт дар табиат – ҳамааш ёдрас менамояд, ки чаро ман ин корро мекунам”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Орзуи намоишгоҳ ва китоб

Орзу ният дорад, намоишгоҳи шахсии аксҳояшро баргузор кунад, ки дар он ҳар як кадр ҳикояе дар бораи одамон, ҷойҳо ва эҳсосоте, ки дар тӯли ин солҳо сабт кардааст, қисса намояд.

“Мехоҳам одамон қиссаҳои паси тасвирҳои маро бубинанд ва ҷаҳонро аз нигоҳи ман дарк кунанд. Китоб нишон медиҳад, ки метавон аз сифр оғоз кард, ба худ бовар кард ва чизи воқеан ҷолиб офарид”, – нақл мекунад қаҳрамони мо.

Ҳамзамон Орзу рӯи китобе бо номи “Ҳазор чеҳра” кор мекунад. Ин лоиҳаест, ки пурра бар аксҳо асос меёбад, на бар сухан.

Ин китоб маҷмуаи махсус интихобшудаи портретҳо ва лаҳзаҳо хоҳад буд ва ҳар як тасвир қиссаи хоси худро нақл мекунад.

Бо ёрии ин аксҳо ӯ умед дорад, ки тамоми роҳи эҷодии худро пайгирӣ кунад.

“Аз сифр оғоз кардан натарсед. Омӯзед, таҷриба кунед, кунҷков бошед. Ҳеҷ гоҳ таслим нашавед. Агар аз таҳти дил кор кунед, ҳама чиз имконпазир аст”, – маслиҳат медиҳад Орзу.

Барои шиносоӣ бо корҳои Орзу ва эҳсоси нигоҳи вижаи ӯ ба ҷаҳон аз паси объективи дурбинаш, ба галереяи онлайниаш бо ин пайванд ворид шавед: www.orzusobirov.ru.

Зуҳайло Зулфова, махсус барои Your.tj

Тарҷума аз русӣ, матни аслро дар ин ҷо бихонед

Skip to toolbar