Ясмин боз тилоӣ шуд. Бонуе, ки Тоҷикистонро аз рӯи бодибилдинг намояндагӣ мекунад, кист

Ясмин Ан-Нимр, бадансоз (бодибилдер) аз Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон  дар риштаи бадансозӣ, ки аз 5 то 11 ноябри соли 2024 дар ҷазираҳои Маафушии Молдив баргузор гардид, нишони тиллои ин мусобиқаро ба даст овард ва бори сеюм сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Ӯ расо як сол қабл дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши бодибилдинг, дар Кореяи Ҷанубӣ байни бонувон дар вазни то 75 кг мақоми аввалро соҳиб шуда буд.

Your.tj дар бораи муваффақиятҳои ин бонуи варзишгар, ки Тоҷикистонро дар чандин мусобиқаҳои байналмиллалӣ муаррифӣ намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб шудааст, нақл кард.

 

Ясмин баъди қаҳрамонии сеюм

Ӯ тобистони соли 2022 низ Тоҷикистонро дар Молдив аз рӯи ин навъи варзиш намояндагӣ карда, байни беш аз 300 варзишгар аз минтақаи Осиё дар вазни худ беҳтарин дониста шуд.

Дар мусобиқаи бодибилдинг дар ҷазираи Маафушӣ 343 варзишгар аз 27 кишвари Осиё ширкат карданд.

Намояндаи Тоҷикистон Ясмин Ан-Нимр дар ин мусобиқаи бонуфуз медалҳои тилло (дар вазни то 55 кг) ва нуқра (дар гурӯҳи иштирокчиёни 30-сола) ба даст овард.

Акс аз саҳифаҳои иҷтимоӣ. Ясмин бо парчами Тоҷикистон ва медали тило дар Корея

Чемпионати бодибилдинг яке аз мусобиқаҳои ҷолибтарин ҳисобида мешавад, зеро дар он шахс ба ҳама намуди зоҳирии худро нишон медиҳад ва бо ин мефаҳмонад, ки барои ҷисми худ чӣ кор карда мумкин аст. Варзишгарро аз рӯи меъёрҳои шакли мушакҳо ва зебоии бадани варзишиаш баҳо медиҳанд.

Ясмин Ан-Нимр яке аз беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон, қаҳрамон ва барандаи ҷоизаҳои чандинкаратаи кишвар аст.

Варзишгарро собиқ раиси Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги кишвар Олим Парпиев тамрин медод. Баъдан ба ҷои ӯ варзишгари маъруф Толеъ Холназаров таъин шуд.

Бовар надоштам, аммо ғалаба кардам

Ясмин ҳамагӣ се соли охир бо бодибилдинг машғул аст. Қаҳрамони бомуваффақияти пауэрлифтинг бо маслиҳати мураббиёнаш ба ин навъи варзиш гузаштааст.

Ӯ дар суҳбати худ ду сол қабл гуфта буд, баъди ширкат дар мусобиқаи байналмилалии бодибилдинг, ки дар Тошканд баргузор шуд, ҳашт моҳ ба чемпионати Осиё омодагӣ дидааст.

“Рости гап, ман он қадар боварӣ надоштам, ки дар вазни худ ғолиб мешавам. Дар байни рақибон варзишгарони боистеъдод бо бадани зебою обутобдида бисёр буданд. Бо вуҷуди ин, дар мусобиқа тавонистам маҳорати беҳтаринамро нишон дода, соҳиби медали тилло шавам”, – мегӯяд Ясмин.

Вай гуфта буд, ки вақте иштирок дар ин мусобиқа, мураббияш Олим Парпиев дар бараш набуд. Бонуи варзишгар хеле нигарон буд, зеро ҳамаи варзишгарон бо мураббиёнашон якҷоя кор мекарданд. Ясмин бошад, ба воситаи телефон аз мураббияш тавсияҳо мегирифт.

“Дар он ҷо ба ман як шогирди мураббиям кӯмак кард. Олим-ака бо ман ба Молдив рафта натавонист. Вақте ки мураббӣ дар барат нест, албатта, варзишгар бовариро дар худ камтар ҳис мекунад, зеро ҳузури мураббӣ худ дастгирии пурқуввати равонӣ аст”,- гуфт Ясмин.

Ба гуфтаи Олим Парпиев, ӯ дар толори клуби варзишии “55 Spirit”-и пойтахт 8 моҳ шогирди худро ба мусобиқоти осиёӣ омода кардааст, вале бо сабабҳои оилавӣ натавонистааст ӯро дар сафар ҳамроҳӣ кунад.

“Ман ба Ясмин хеле ғамхорӣ мекунам. Парҳез ва тамрини ӯро якҷоя ба нақша гирифтем, рӯзҳои истироҳат надошт, ҳамарӯза дар толор машқ мекард, то аз мусобиқа дасти холӣ барнагардад”,- гуфта буд Парпиев.

Дар мусобиқа ғолибият ба даст овардани Ясминро ба ӯ аз Канада хабар додаанд.

“Ман мусобиқаро пайваста ба таври онлайн тамошо мекардам ва ба Ясмин тавсияҳо медодам. Ҳангоми намоиши ниҳоӣ ногаҳон интернет хомӯш шуд ва дигар баромади Ясминро тамошо карда натавонистам, ки воқеан маро ғамгин кард. Ногаҳон яке аз шогирдонам ба ман аз Канада занг зада гуфт, ки Ясмин медали тилло гирифтааст. Ман бениҳоят хурсанд будам”,- афзуд мураббӣ.

Мураббӣ сабаб шуд

Ясмин аз соли 2015 ба варзиш машғул аст. Барои машқ кардан ба толори варзишӣ мерафт, аммо ба таври номунтазам.

Вай иқрор шуд, ки вақте бародараш бо бокс ба таври ҷиддӣ машғул шуд, ҳаваси ӯ низ ба варзиш бештар гардид. Дар толори варзишии “Лидер” бо мураббии ояндааш Олим Парпиев шинос шуд, тасмим гирифт, ки ба тамрин машғул шавад.

Олим Парпиев

“Вақте бародарам дар хона тамрин мекард, ӯро тамошо мекардам, аммо худам ба варзиш машғул намешудам. Аммо вақте ки ӯ ба толори варзишӣ рафтанро оғоз кард, ман ҳам худро ба пауэрлифтинг барои тамрин ва мустаҳкам кардани мушакҳоям номнавис намудам. Панҷ сол бо ин навъи варзиш пайваста машқ кардам”, – гуфт бонуи варзишгар.

Ясмин Ан-Нимр ҳар сол дар мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ оид ба пауэрлифтинг ҷойҳои аввалро ишгол карда бошад ҳам, вале дар берун аз ҷумҳурӣ ягон маротиба баромад намекард.

Аз пауэрлифтинг то бодибилдинг

“Боре пас аз як тамрини навбатӣ мураббӣ Олим Парпиев пешниҳод кард, ки ман дар бодибилдинг машқ кунам.

“Ба кишварҳои дунё сафар карда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок хоҳӣ кард”,- гуфт ӯ. Дар аввал ман розӣ набудам, аммо мураббӣ фаҳмонд, ки ин майдони хубест, ки дар он метавонам муваффақияти зиёд ба даст орам. Ҳамин тариқ, ман ҳамагӣ як солро барои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сарф кардам ва моҳи октябри соли 2021 аллакай дар мусобиқаи Тошканд иштирок кардам”,- гуфт Ясмин.

Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки дар муқоиса бо пауэрлифтинг, бодибилдинг варзиши хеле гаронарзишу душвор аст ва ӯ “худро ба он мутобиқ карда истодааст”.

Чӣ тавр дар як сол 30 килограмм вазн партофтан мумкин?

Вақте Ясмин аз пауэрлифтинг, ки дар он мушакҳо тамрин дода мешаванд, ба бодибилдинг гузашт, вай 84 кг вазн дошт.

Давоми як соли тамрини ҷиддӣ ва пурмашаққат, ӯ тавонист 30 кг вазнашро партояд, ки ин ба ҳар варзишгар имкон намедиҳад.

“Пеш аз сафар ба Тошканд вазни Ясмин ба 54 кг расид. Ӯ ба ғизо ва тамрини худ аҳамияти зиёд медиҳад, ки гарави муваффақияташ аст”,- гуфт мураббияш.

Ясмин бори аввал дар мусобиқаҳои Тошканд иштирок кард. Бо вуҷуди он ки варзишгар нав ба ин намуди варзиш шурӯъ карда буд, ба ӯ муяссар шуд, ки дар он ҷо медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст орад. Дар Тошканд ҳамроҳи ӯ дигар аъзоёни даста ва мураббиён низ буданд, аз ин рӯ варзишгар дар худ бештар боварӣ ҳис мекард.

“Дигаронро намедонам, аммо вақте дар он ҷо суруди миллӣ садо дод, ман худро гум кардам. Он вақт ман чӣ эҳсосе доштам, тасвир нокарданист. Дар Молдив низ бо ман ин ҳолат такрор ёфт”,- гуфт Ясмин.

Ясмин дар Тошканд

Ясмин аз куҷост?

Бисёриҳо аз ному насаби ғайриодии қаҳрамони мо дар ҳайрат монда, бовар надоранд, ки Ясмин тоҷик бошад.

Аммо Ясмин аз Тоҷикистон аст. Падараш араб ва модараш тоҷик. То хатми мактаб Ясмин дар Москва зиндагӣ мекард ва ҳеҷ гоҳ Тоҷикистонро надида буд.

“Айёми кӯдакӣ ва ҷавониям дар Москва гузаштааст. Пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналмиллалӣ дохил шудам ва ба Тоҷикистон омадам. Ҳоло дар Душанбе кору зиндагӣ мекунам”, – гуфт Ясмин.

Қаҳрамони мо бо чаҳор забон: русӣ, тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезанад. Қариб 17 сол аз рӯи ихтисосаш дар идораҳои байналмилалӣ кор кардааст.

“Аммо вақте ки ман ба варзиш ҷиддӣ машғул шудам ва он дар ҳаёти ман авлавият пайдо карда, тамоми вақт ва қувватамро гирифт, ман пурра ба тамрин гузаштам ва дигар кор накардам”,- шарҳ дод Ясмин.

Ба мусобиқаҳо – аз ҳисоби худ

Ясмин Ан-Нимр нақл карда буд, ки ба мусобиқоти Молдив аз ҳисоби худ рафта, парчами Тоҷикистонро баланд кардааст ва аз ҷониби ҳеҷ кас дастгирӣ наёфтааст.

“Ман барои рафтан ба Молдив беш аз 5000 доллар сарф кардам. Ҳеҷ кас ба ман кӯмак накард. Инчунин барои омодагӣ ба мусобиқаҳо худам маблағ сарф кардам. Агар сарпарасте ёбам, ин метавонад заминаи хубе барои тарғиби варзиш ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад”, – гуфта буд ӯ.

Бо вуҷуди ин, мураббияш Ясминро ба мусобиқаҳои байналмилалии бодибилдинг ҳамеша омода мекунад.

Парпиев гуфта буд, ки ширкат дар чунин мусобиқаҳо дар хориҷ аз кишвар барои шогирдаш як навъ таҷриба аст, зеро Ясмин ягона занест, ки дар Тоҷикистон ба ин навъи варзиш машғул аст.

Дарвоқеъ, Ясмин дигар дар мусобиқоти пауэрлифтинг дар Тоҷикистон ширкат намекунад ва тасмим гирифтааст, тамоми нерӯ ва маҳорати худро ба бодибилдинг равона кунад.

Skip to toolbar