fbpx

Чаро дар Тоҷикистон занон ба кори музднок дастрасии пурра надоранд

Агар занон дар Тоҷикистон бо кор таъмин мешуданд ва баробари мардон музд мегирифтанд, ҷумҳурӣ чӣ манфиат мегирифт.


0
Тасвир бо ёрии Microsoft Bing сохта шуд

Дар Тоҷикистон танҳо сеяки занон бо кор таъминанд. Дар айни замон, онҳо қариб 30% камтар аз мардон музд мегиранд. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки дастрасии маҳдуди занон ба таҳсил ва шуғл ба чунин нобаробарӣ дар кор мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, аксари занони коргар маҷбур мешаванд, ки кор ва масъулиятҳои хонаро якҷо кунанд.

Чун занон дар бозори меҳнат камтаранд ва маоши камтар мегиранд, Тоҷикистон ва аҳолии он чиро аз даст медиҳад? Мо дар ин бора нақл мекунем.

Қиссаи Соҷида. “Мо одат кардем, ки дар як рӯз як маротиба хӯрок хӯрем”

Соҷида модари чор фарзанди ноболиғ аст. Дугоникҳои хурдсолаш дусола мешаванд. Вақте ӯ синфи 9-ро хатм кард, волидонаш ӯро ба идомаи таҳсил роҳ надоданд.

Дар бисёр оилаҳо дар Тоҷикистон, хусусан дар деҳот, ба духтар ҳамчун “моли бегона” муносибат мекунанд. Мегӯянд, ба хонаи бегона меравад ва аз ин рӯ ба ӯ маблағ сарф кардан фоидае надорад.

Пеш аз издивоҷ Соҷида бо корҳои хона машғул буд. Ӯ барвақт аз хоб хестан, барои оилаи калон хӯрок пухтан, тоза кардани хонаҳоро омӯхт. Падару модар кӯшиш накарданд, ки духтар ягон ихтисосе гирад.

Пас аз ба синни балоғат расидан Соҷидро ба шавҳар доданд. “Шавҳарам шаш моҳ дар Русия кор мекард. 6 моҳ дар ин ҷо, 6 моҳ дар он ҷо. Даромади ӯ танҳо барои зиндагӣ кофӣ буд, мо наметавонистем онро ҷамъ кунем”,- мегӯяд ӯ.

Дар аввали соли 2024 шавҳари Соҷида дар Русия ба терроризм айбдор карда шуд. Зани ҷавон дигар дар бораи ӯ чизе намедонад. Соҷида бо чор фарзандаш танҳо монд.

Муаллиф — Repcak, махсус барои Your.tj

“Дар деҳа мо обро мехарем. Барои ин дар як моҳ 400 сомонӣ сарф мешавад. Хушдоманам ҳар моҳ як халта орд меорад, волидонам чизе мефиристанд. Имсол ману кӯдаконам одат кардем, ки дар як рӯз як маротиба хӯрок хӯрем. Баъзан биринҷ, баъзан макарон меҷӯшонем. Метавонем бо нону об ҳам қаноат кунем”,- нақл мекунад Соҷида.

Ӯ мегӯяд, кӯдакон ҳамеша омадани касеро интизоранд, то хӯроки болаззат биёрад.

“Ман намедонам, зиндагиро чӣ гуна идома диҳам. Кӯдаконам хеле хурданд, ман ба кор баромада наметавонам, дӯзандагӣ карда наметавонам ва имкони харидани мошини дӯзандагӣ ҳам надорам. Ҳатто барои харидани мурғ пул нест, то ақаллан тухми хонагӣ дошта бошем. Хешовандон зиндагии худро доранд, ба онҳо бори зиёдатӣ лозим нест”,- мегӯяд Соҷида.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон таърихан чунин ақида ташаккул ёфтааст, ки зан бояд танҳо дар бораи хона, шавҳар ва фарзандон ғамхорӣ намуда, ба худ, манфиатҳои худ ва ё мустақилияти молиявӣ кам таваҷҷуҳ кунад. Ҳама гуна кори берун аз хона дар ҷомеаҳои анъанавӣ ҳамчун таҳдид ба ин нақш ҳисобида мешавад.

Зани коргарро аксар вақт “модари на он қадар хуб” ё “сардори хона” мегӯянд, ки ин ба зарари эътибори марди оила қабул карда мешавад.

Аммо вақте ки зан дар вазъияти душвор қарор мегирад, масалан, дар сурати талоқ, марги шавҳар, хешовандон аксар вақт ӯ ва фарзандонашро ҳамчун сарборӣ ва хӯрандаи зиёдатӣ меҳисобанд. Кам касон кӯмак мекунанд.

Дар бораи он ки чаро дар Тоҷикистон беҳтар мешуморанд духтаронро барвақт ба шавҳар диҳанд, бе он ки онҳоро соҳиби маълумот ва ихтисос кунанд, дар мавод оид ба издивоҷҳои барвақтӣ нақл кардем. Онро метавонед дар ин ҷо хонед.

Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор духтари ба синни балоғат нарасида издивоҷ карданд. Муаллифи тасвирҳо Repcak, махсусан барои Your.tj

Шакли кӯтоҳи мақоларо дар ин навор тамошо кардан мумкин

Коршинос: “Мардон Худо нестанд”

Ҳуқуқшинос ва машваратчии гендерӣ Лариса Александрова мегӯяд, мардоне, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон сарвари оила ҳисобида мешаванд, бояд барои занон масъул бошанд ва дарк кунанд, ки ояндаро пешбинӣ кардан ғайриимкон аст.

“Мардон Худо нестанд, онҳо гуфта наметавонанд, ки имрӯз зинда ҳастанд ё не. Ҳеҷ кафолате нест, ки хешовандон чунин сарбориро ба дӯш мегиранд. Зан партофташударо дар хонаи волидон намекунанд ва агар қабул кунанд, дар он ҷо ӯ ва фарзандонаш ҳамеша зиёдатӣ хоҳанд буд.

Ӯ мекӯшад, ки кор пайдо кунад, аммо чӣ кор пайдо мекунад? Каммуздтарин кор, ки дар он малакаҳои муайян талаб карда намешаванд: фаррош, зарфшӯй, кӯчарӯб, ки маоши кам доранд. Дар оянда ин ҳама ба фарзандони онҳо таъсир мегузорад. Агар ӯ даромади хуб ба даст оварда натавонад, пас фарзандони худро ба таври шоиста ба воя расонида наметавонад”,- мегӯяд Александрова.

Лариса Александрова, Your.tj

Коршинос қайд мекунад, ки мардон аксар вақт намехоҳанд, ки зан кор кунад, зеро метарсанд, ки ӯ метавонад мавқеи онҳоро паст кунад.

Аммо ин метавонад ба нафъи мард низ бошад. Дар набудани ӯ зан метавонад худ ва фарзандонашро муҳофизат кунад.

Дар фаъолияти худ Александрова аксар вақт бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки бояд занонеро, ки ба хонашин будан одат кардаанд, зина ба зина таълим диҳад, то чӣ гуна ҳуқуқҳои худро дар танҳоӣ ҳимоя кунанд.

Тибқи тадқиқоти соли 2016 аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон, ҳиссаи ҷавононе, ки ба таҳсил ё кор фаро гирифта нашудаанд, дар байни писарон 7 % ва дар байни духтарони 15-24 сола 49 %-ро ташкил медиҳад. 

Ин нишон медиҳад, ки мушкил на танҳо сатҳи пасти ҳиссаи занони ҷавон дар қувваи корӣ, балки дастрасии маҳдуди онҳо ба таҳсил ва омӯзиши касб низ ҳаст.

Тибқи маълумоти пойгоҳи додаҳо оид ба “Нишондиҳандаҳои рушди ҷаҳонӣ” (НРҶ), дар Тоҷикистон тақрибан сеяки занони қобили кор ва тақрибан нисфи мардони қобили кор ба ҳайати қувваи корӣ дохил мешаванд.

Ин маънои онро дорад, ки 2/3 боқимондаи занони қобили кор ба кори музднок машғул нестанд ва онро ҷустуҷӯ ҳам намекунанд. Инчунин маънои онро дорад, ки онҳо аз кор манфиатдор нестанд, ба он ниёз надоранд, малака ё имконияти кор кардан надоранд.

Тавре дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Арзёбии кишварии гендерӣ 2021” қайд шудааст, сарфи назар аз пешрафт дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон, дар ин самт мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд.

Сатҳи иштироки занон дар соҳаи кор нисбатан паст аст, тақрибан 69% занони синни қобили кор ба фаъолияти пулакӣ машғул нестанд ва саҳми занон дар даромади умумии миллӣ нисбат ба мардон 4,5 маротиба камтар аст.

Даромади миллии Тоҷикистон 63% афзоиш меёфт, агар занон баробари мардон пул кор мекарданд

Дар давраи шӯравӣ занонро фаъолона ба иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти меҳнатӣ ташвиқ мекарданд, аммо монеаи дигар ҷудосозии касбҳо ба “мардона” ва “занона” буд. “Касбҳои занона” асосан бо бахшҳои каммузди иқтисодиёт маҳдуд карда мешуданд.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, маълумот дар бораи музди меҳнат дар давраи солҳои 2013-2022 дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки занон ба ҳисоби миёна нисбат ба мардон 30 фоиз камтар маош мегиранд.

Ин чунин маъно надорад, ки зан дар дар ҳамон як вазифа, масалан муҳосиб дар ягон ширкат нисбат ба мард камтар музд мегирад. Вазифаҳои штатӣ маоши муқарраршуда доранд, ки ба ҷинси корманд вобаста нест.

Аммо ин фарқ ҳангоми таҳлили шумораи умумии мардон ва занони коргар дар аён мешавад. Музди миёнаи тамоми занон бо маоши миёнаи тамоми мардон муқоиса карда мешавад ва дар натиҷа, занон танҳо аз се ду ҳиссаи маоши миёнаи мардонро кор мекунанд.

Тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки агар дар Тоҷикистон занон баробари мардон пул кор мекарданд, афзоиши даромади миллӣ то 63%-ро ташкил медод.

Даромади миллӣ нишондиҳандаи умумии рушди иқтисодии кишвар; арзиши аз нав сохта дар истеҳсолоти моддӣ. Даромади миллӣ аз:

  • музди кори коргарон ва маоши кормандон;
  • пардохтҳои иловагӣ;
  • даромади иҷораи соҳибони амвол;
  • фоизи холиси қарзҳои истеъмолӣ;
  • фоидаи корпоратсияҳо;
  • даромади соҳибмулкон.

Чӣ гуна занон касбҳои “арзон”-ро интихоб мекунанд

Яке аз монеаҳои калидӣ барои занон ин набудани маълумот ва малакаҳое мебошад, ки барои ба даст овардани ҷойҳои кории сердаромад заруранд.

“Таҳсилоти босифат ба одамон дониш ва малакаҳои заруриро барои дастрасӣ ба ҷойҳои кории сердаромад медиҳад. Ҳамчунин, тибқи баъзе тадқиқотҳое, ки бо истифода аз маълумоти дар Тоҷикистон гирифташуда анҷом дода шудаанд, доштани маълумоти олӣ имконияти ба кор қабул кардани занонро се баробар зиёд мекунад”, – гуфта мешавад дар намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Дар ин кор сохтори соҳавии шуғл низ нақши муҳим мебозад: занон асосан дар бахшҳои каммузд кор мекунанд ва дар соҳаҳои сердаромад каманд.

Тавре дар посухи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зикр гардид, омор нишон медиҳад, ки занон дар Тоҷикистон асосан дар бахшҳое чун кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ машғуланд.

Дар ин соҳаҳо одатан музди меҳнат нисбат ба дигар бахшҳои иқтисодиёт, ба монанди сохтмон, молия, истихроҷи маъдан ва ғайра камтар аст.

Агентии омори назди ҳукумати ҶТ, соли 2023

Меҳнати бемузди хона аз занон миқдори зиёди қувва ва вақтро мегирад, ки барои рушди худ ва сохтани карйера, ишғол кардани вазифаҳои баландтар ва ба даст овардани даромади бештар имкон намедиҳад.

Тадқиқоти Институти иқтисодии Леви нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон занон ба ҳисоби миёна дар як рӯз 8 соат кор мекунанд, ки аз он 5 соат барои кори бемузди хона ва танҳо 3 соат барои фаъолияти музднок сарф мешавад.

Тибқи таҳқиқоти Бонки Осиё “Вақти сарфкардаи занон дар деҳоти Тоҷикистон”, занон дар деҳоти Тоҷикистон дар як рӯз 10 соат кор мекунанд ва 84% меҳнати онҳо бемузд аст.

Тибқи таҳқиқот, мардон дар як рӯз тақрибан 8 соат кор мекунанд, ки 70%-и он кори музднок аст.

Корҳои асосии занон инҳоянд:

  • Пухтупаз – 2 соату 15 дақиқа
  • Нигоҳубини кӯдак – 2 соату 12 дақиқа
  • Тозакунӣ ва нигоҳ доштани тартибот – 1 соату 12 дақиқа
  • Шустушӯ – 1 соат

Дар аксари хонаводаҳои деҳот (75%) ҷомашӯӣ дастӣ анҷом дода мешавад ва пухтупаз аксар вақт бо ҳезум ё пору анҷом дода мешавад, ки вақти иловагиро талаб мекунад (ба ҳисоби миёна 2,5–3 соат барои пухтупаз).

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ қайд мекунанд, ки яке аз сабабҳои фарқияти даромади гендерӣ дар он аст, ки занон бо сабаби зарурати иҷрои вазифаҳои нигоҳубини наздикон ва хонаводаҳое, ки ба таври номутаносиб ба дӯши занон меафтанд, соатҳои кории кам ва нопурра доранд.

Табъиз дар оила

Пурсишҳо дар доираи тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ “Слушая Центральную Азию”, ки дар он ҳар моҳ намояндагони ҳазорҳо хонаводаҳо дар чор кишвари минтақа иштирок мекунанд, нишон медиҳанд, дар минтақа табъиз боқӣ мондааст, ки имкониятҳои занонро маҳдуд мекунанд.

Дар соли 2022 беш аз се ду ҳиссаи пурсидашудагон аз кишварҳои мухталифи минтақа (Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон) қайд карданд, ки зан бояд пеш аз ҳама дар бораи оила ғамхорӣ кунад ва бо хонавода машғул шавад, оиларо асосан бояд мард таъмин кунад.

Аз 20% то 50% пурсидашудагон инчунин гуфтанд, ки занони оиладор бояд барои нигоҳ доштани розигии оила аз шавҳарашон камтар маблағ ба даст оранд. Чунин ақидаҳо дар шаҳрҳо ва деҳот тақрибан баробар паҳн шудаанд.

Ҳамаи ин ба таври равшан нишон медиҳад, ки то чӣ андоза меъёрҳо ва тасаввурот васеъ паҳн шудаанд, ки ҳуқуқу имкониятҳои занон ва фаъолияти иқтисодии онҳоро дар бозори меҳнат маҳдуд мекунанд.

“Меъёрҳои иҷтимоӣ, ки иштирок ва пешбурди занонро дар қувваи корӣ маҳдуд мекунанд, метавонанд монеаҳои мавҷударо бештар кунанд”,- таъкид мекунанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ.

Тақсими уҳдадориҳои хона оиларо нигоҳ медорад

Соҳибкор Умеда Садриддинова, соҳиби қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр” ва модари панҷ фарзанд, қайд мекунад, аз кӯдакӣ ба духтарон мегӯянд, ки барои зан ва келини хуб шудан бояд аз уҳдаи пухтупаз, шустушӯ, тоза кардан ва ғайра баромада тавонӣ.

Умеда Садриддинова, Your.tj

“Ҳамчун духтар, мо бояд ҳамаашро хуб иҷро кунем. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки ошпаз касб аст, нигоҳубини кӯдакон низ касб аст, барои ин малакаҳои муайян лозиманд. Аммо вақте сухан дар бораи таъмири баъзе асбобҳои барқӣ ё ҳатто одитарин васлаки барқӣ меравад, мардон мегӯянд: “ман электрик нестам, ман сантехник нестам”.

Ман ҳайронам, ки пас чаро занон ба таври худкор касберо ба зимма мегиранд, дар ҳоле ки мард мегӯяд, бояд барои таъмири розетка ё таъмири асбоби барқӣ аввал онро омӯзад?”,- мегӯяд суоломез Садриддинова.

Таҷрибаи байналмилалӣ тақсимоти масъулиятҳоро дар оила пешниҳод мекунад, ки ба гуфтаи коршиносон, муносибати мувофиқтарин ва муассиртарин аст.

Ҳамсарон аз кор бармегарданд ва якҷоя корҳои хонаро тақсим мекунанд: яке зарфҳоро мешӯяд, дигаре хӯроки шом мепазад – бе тақсимоти қатъӣ, ки ин кори мардона ё занона аст. Ин равиш имкон медиҳад, ки сарборӣ кам шавад, алахусус барои зани коргар, ки аксар вақт дар хона дар “басти дуюм” кор мекунад ва захираи қувваи ӯ кам мешавад.

Бисёре аз занон ба “басти дуюм” танҳо барои гирифтани ризоят барои кор розӣ мешаванд, то на танҳо ҳамчун модар ва зан, балки ҳамчун мутахассис низ кор кунанд

Коршиносон изҳор медоранд, ки иҷрои якҷояи корҳои хона на танҳо ҳамоҳангиро дар оила тақвият медиҳад, балки ба некӯаҳволии иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ин имкон медиҳад, барои таҳсили кӯдакон, курсҳои иловагӣ, ғизои беҳтар маблағ ҷудо карда шавад, ки дар ниҳоят сифати умумии зиндагиро баланд мебардорад.

Бо ин равиши баробарҳуқуқ, ҳарду ҳамсарон захираҳои эҳсосиро нигоҳ медоранд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳам дар кор ва ҳам дар ҳаёти оилавӣ мусоидат мекунанд.

“Ин касбҳо барои занон манъ аст”

Дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон то ҳол моддае ҳаст, ки дар он тибқи якчанд нишондод ба кор қабул кардани занон манъ аст. Дар моддаи 216-и ин Кодекс дар бораи манъи истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин ва зеризаминӣ, кор дар шароити зарарноки меҳнат сухан меравад.

Дар аввали соли 2024 рӯйхати “корҳои манъшуда барои занон” аз 334 касб то 194 кам карда шуд. Инҳо асосан касбҳои усто, бурранда, конкан, нақбкан, оҳангар, бомпӯш ва ғайра мебошанд.

Ҳомии ҳуқуқ Лариса Александрова мегӯяд, ки дар ҷаҳони имрӯза занон бояд ҳуқуқи худро муайян кунанд – кор кардан ва дар куҷо кор кардан, ба истиснои вақте ки кор ба функсияҳои репродуктивии занон таъсир мерасонад, агар он дар ҳолати ҳомиладорӣ ё синамаконӣ бошад. Ин маҳдудиятҳо бо ҳифзи модар ва ҳифзи насли оянда алоқаманданд.

“Манъи касбҳо ба вобастагии иқтисодии занон мусоидат мекунад. Азбаски дар ин касбҳо даромади бештар ба даст оварда мешавад. Ҳангоми эҷоди чунин монаҳо, бояд ба зан ҷуброни музди меҳнат дода шавал”,- мегӯяд Александрова.

Ҳуқуқшинос акси “Нони сиёҳ”-и Дидор Садуллоевро мисол овард, ки дар озмуни аксбардорӣ дар мавзӯи тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ дар Соли 2018 ҷои аввалро гирифт.

Муаллифи акси «Нони сиёҳ» Дидор Саъдуллоев

Дар он Сайёраи 45-сола, ки панҷ соли охир дар кони маҳаллӣ кор мекунад, ангиштро дар чуқурии 100 метр дастӣ мекобад ва дар халта 30 кг ангишт мекашад, инъикос ёфтааст. Баъди марги шавҳараш масъулияти оила ба дӯши ӯ афтод.

“Занон бо тарс ва таваккали худ, бидуни суғурта, ангишт истихроҷ мекунанд. Манъ аст? Бале. Аммо занони партофташудаи муҳоҷирон, бевазанон чӣ кор кунанд? Онҳо аз ҷониби занон ва мардони маҳаллӣ маҳкум карда мешаванд. Данон дар деҳот дигар чӣ кор кунанд?”,- мегӯяд Александрова.

Ғайр аз манъкуниҳои расмӣ, маҳдудиятҳои ҷамъиятӣ низ мавҷуданд, ки занонро аз кор дар соҳаҳои муайян бозмедоранд.

Касбҳо ба монанди механики мошин, ронандаи таксӣ, сохтмончӣ, электрик ва боркаш барои занон “номатлуб” ҳисобида мешаванд ва аксар вақт ба норозигии ҷомеа дучор мешаванд. Ин стереотипҳои иҷтимоӣ дастрасии занонро ба як қатор касбҳо маҳдуд мекунанд ва онҳоро дар касбҳои анъанавӣ ва каммузд нигоҳ медоранд.

Мо дар Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар пурсишҳо гузаронидем, то бифаҳмем, ки занон бояд ба кадом касбҳо машғул шаванд. Аксари пурсидашудагон қайд карданд, ки барои занон кор дар чунин соҳаҳо, аз қабили омӯзгорӣ, ҳамширагӣ, ҳунармандӣ ва дӯзандагӣ кифоя аст.

Аммо заноне ҳастанд, ки сарфи назар аз табъиз ва доварӣ, кор мекунанд ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд.

Моҳбӣ Мирзомуродова ягона занест, ки дар ҷануби Тоҷикистон чархи мошинҳоро таъмир мекунад. Вай дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон коргоҳи худро дорад. Вақте ки Моҳбӣ корро оғоз кард, бисёриҳо ӯро маҳкум карданд, гуфтанд, ки аз кори мардона, кор бо мардон шарм дорад.

Вай 15 сол боз дар коргоҳи худ кор мекунад, ӯро “Усто Моҳбӣ” меноманд. Бародари хурдиаш вақте ки барои кор ба Русия рафт, устохонаро ба Моҳбӣ дод. Моҳбӣ муддати дароз шубҳа дошт, ки оё ин корро кардан лозим аст ё не. Аммо шавҳараш ӯро дастгирӣ кард, гуфт, ки ҳама кор муфид аст, агар хуб анҷом дода шавад.

“Вақте бори аввал чархҳоро аз мошин кушодам, ҳама мардони деҳа омаданд, то бубинанд, ки ин корро чӣ тавр мекунам”,- ба ёд меорад Моҳбӣ.

“Мардро даъват кунед”

Умеда Садриддинова модари панҷ фарзанд аст. Ба наздикӣ вай бибӣ шуд. Ин ба ӯ монеъ нашуд, то карйераи муваффақи худро созад. Ҳоло ӯ роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Корвони Умед” мебошад. Заноне, ки бо зӯроварӣ дар оила рӯ ба рӯ мешаванд, метавонанд ӯ инчунин ба панҷ маркази таълимӣ ва қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр” муроҷиат кунанд. Дар маҷмӯъ, Садриддинова 50 кормандро роҳбарӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, “Корвони Умед”-ро дар синни 26-солагӣ таъсис додааст ва бисёриҳо ба қобилиятҳои ӯ танҳо аз сабаби он ки ӯ зани ҷавон аст, шубҳа доштанд.

Садриддинова мегӯяд: “дар вохӯриҳо ва чорабиниҳо маро ҷиддӣ намегирифтанд”.

Ҳатто ҳоло, ба гуфтаи Умеда, вақте ки аз мақомоти давлатӣ барои санҷиш ба наздаш меоянд ва директори занро мебинанд, аз ӯ хоҳиш мекунанд, мардеро даъват намояд, то бо онҳо сӯҳбат кунад.

“Аз чӣ сабаб бошад, боварӣ доранд, ки занон ба саволҳои онҳо ҷавоби пурра дода наметавонанд. Дар чунин лаҳзаҳо ман бояд исбот кунам, бубахшед, аммо ман ҳам, масалан, қонунгузории андоз ва дигар қонунҳоро мефаҳмам”,- мегӯяд Умеда.

Стереотипи дигаре, ки Умеда Садриддинова бо он рӯ ба рӯ мешавад, ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон чунин мешуморад, ки агар зан муваффақ бошад, ин танҳо ба шарофати дастгирии мард аст.

“Агар касе бо шумо шинос шавад, махсусан аз ҷинси муқобил, онҳо мепурсанд: падарат кист, шавҳарат кист? Кӣ ба ту дар кушодани тиҷорат кӯмак кард? Кӣ ба ту кӯмак кард, ки роҳбар шавӣ? Роҳбарони шиносам инчунин мегӯянд, ки онҳо бо ин муносибати ғаразнок рӯ ба рӯ мешаванд, ки гӯё зан наметавонад мустақилона муваффақ шавад”,- мегӯяд ӯ.

Умеда Садриддинова мегӯяд, ки зан метавонад ҳам корҳои хона ва ҳам роҳбарии ширкатҳои калонро дар сурати дуруст ваколат додан, банақшагирӣ ва афзалият додан якҷоя кунад.

“Масалан, мо дар хона масъулияти байни писарон ва духтаронро тақсим намекунем. Ман ду писар ва се духтар дорам ва ҳама корҳои хонаро иҷро мекунанд Писаронам ҳамеша ба хоҳарон дар корҳои хона кӯмак мекунанд”,- мегӯяд Умеда.

Ӯ таассуф мехӯрад, ки агар зан кор кунад, атрофиён ба шавҳараш ҳамчун “занкалон” муносибат мекунанд. Аммо ба андешаи ӯ, замона тағйир меёбад ва насли ҷавон омода аст, ки стереотипҳоро паси сар кунад.

“Соли гузашта писари калонии ман оиладор шуд, онҳо алоҳида зиндагӣ мекунанд. Ман мебинам, ки онҳо масъулиятҳоро байни худ тақсим мекунанд. Писарам хуб хӯрок мепазад, аз ин рӯ онҳо бо навбат хӯрок мепазанд, хонаҳоро тоза мекунанд. Ҳардуи онҳо низ кор мекунанд. Ман фахр мекунам, ки онҳо ҳам дар корҳои хонагӣ ва ҳам дар пешрафти касб ба ҳамдигар кӯмак мекунанд”,- мегӯяд Умеда Садриддинова.

Кор ҳамчун баҳогузории иловагӣ ба худ

Кумита оид ба барҳамдиҳии табъиз нисбати занон ба Тоҷикистон тавсияҳо дар бораи баробар будани тақсимоти ӯҳдадориҳои оилавӣ байни зану шавҳарро дастур дод; давлат бояд тадбирҳо оид ба мубориза бо стереотипҳои гендерӣ, тақсими баробари уҳдадориҳои оилавӣ миёни зану шавҳар чораандешӣ кунад.

Барои амалӣ намудани ин тавсия Эътилофи иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон “Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ” Консепсияи стратегияи коммуникатсиониро таҳия намуд.

Стратегия пешниҳод мекунад, ки дар ҳама сатҳҳо – аз кӯдакистонҳо ва мактабҳо то оила ва телевизион – триггерҳо барои барҳам додани ривоятҳо ва стереотипҳо ҷорӣ карда шаванд. Консепсияи стратегияи коммуникатсионӣ ба ҳукумат равона карда шудааст.

“Агар ин триггерҳо пайваста дар пеши чашм намоён шаванд, одамон тағйир меёбанд. Мо бояд нишон диҳем, ки на танҳо давлат, балки оила низ аз ин манфиат хоҳад дошт. Муносибатҳои ҳамоҳанг хушунатро дар оила кам мекунад, муноқишаҳо пешгирӣ карда мешаванд”,- мегӯяд Лариса Александрова.

Лилия Гайсина, Your.tj

Лилия Гайсина, коршиноси ВАО, қайд менамояд, ки фаъолияти касбӣ ба шахс кӯмак мекунад, ба худ баҳогузории иловагӣ пайдо кунад. Агар дар муҳити хона зан нақши худро ҳамчун модар қадр кунад, пас дар ҷои кор вай аҳамияти худро ҳамчун мутахассис медонад.

“Барои ман, масалан, муҳим аст, ки аз корҳои хона каме дур шавам. Ташвишҳои хонаро хеле дӯст медорам, кӯдаки худро дӯст медорам, ҳам аз пухтупаз ва ҳам тоза кардани хонаам лаззат мебарам. Аммо гоҳе дилгир мешавам, агар ҳамеша якранг бошад”,- мегӯяд Лилия Гайсина.

Аммо, ба андешаи Лилия, ҳамааш аз интихоби худи зан вобаста аст: агар ӯ кор накарданро афзалтар донад ва барои ин захираҳои кофӣ дошта бошад, пас ӯ ҳақ дорад кор накунад. Бисёре аз занон, ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз ба идора намераванд, аммо бо машғулиятҳои дӯстдошта ва ташвишҳои хона худро банд мекунанд. Муҳим он аст, ки зан худаш қарор қабул кунад – оё ӯ кор кардан мехоҳад ё не.

Лилия дар кори худ раванди ба ҳам алоқамандро пайдо кард: вақте ки ба кор меояд, ӯ рӯҳбаланд мешавад ва бо нерӯи ба хона, ба назди фарзандаш бармегардад. Ҳамчунин, вақте ки ӯ бо кӯдак вақт мегузаронад, қувва мегирад ва бо шавқу завқи нав ба кор бармегардад. Барои ӯ нигоҳ доштани ин тавозун муҳим аст ва ин як роҳи олии ҳамоҳангсозии кор ва оила аст.

“Эҳтимол ман модари кӯдаки хурдсол ҳастам ва ба ман нерӯи зиёд лозим аст ва барои посух додан ба дархостҳои ӯ ба ман захираҳои зиёд лозим аст, то ки ба ӯ муҳаббати бечунучаро диҳам. Ба таври оддӣ агар фаҳмонем, барои бозӣ кардан, давидан, ҷаҳидан захираҳои зиёд лозим аст. Ин барои кӯдак машғулияти муҳим аст. Ман фикр мекунам, ки кор ба ман ин қудратро медиҳад”,- мегӯяд Лилия.

Лилия Гайсина қайд мекунад, ки ҳатто агар ба ӯ кор ва пул кор кардан лозим намешуд, вай барои худ ягон машғулияте пайдо мекард. Ӯ мегӯяд, барои кӯдак парастор киро мекард, аз корҳои хона дур мешуд ва шояд ба навиштани китоб машғул мешуд.

“Барои ман муҳим аст, ки ба ғайр аз корҳои хона кори дигареро низ кунам, на танҳо бо як нақш маҳдуд шавам”,- таъкид мекунад Лилия.

Қиссаи Раъно. “Оилаи мо аз ҳисоби кори ман дар такси зиндагӣ мекунад”

Раъно Бобомуродова се соли охир дар ширкати “ЯкТакси”-и пойтахт ҳамчун ронанда кор мекунад. Вақте чанд сол пеш аввал писараш ва баъдан шавҳараш вафот кард, ӯ ва духтараш танҳо монданд.

Зан тасмим гирифт, ки ҳунарашро ба духтараш омӯзонад.

“Ман ба ӯ гуфтам, ки ба омӯзиши ронандагӣ равад, зеро мо касе надорем. Агар ман бемор шавам, агар бо ман чизе рух диҳад, пас вай чӣ кор хоҳад кард? Агар ҳамааш хуб бошад, ман дастгирӣ мекунам. Ҳоло оилаи мо аз ҳисоби кори ман дар такси зиндагӣ мекунад”,- мегӯяд Бобомуродова.

Раъно Бобомуродова, Your.tj

Вай дар бораи орзуи кӯдакиаш нақл кард. Замоне мехост паси чанбараки мошин нишинад. Ин орзуяш дар синни 36-солагӣ амалӣ шуд, дар ин синну сол ӯ бори аввал ронандагӣ кард. Вақте ки се сол пеш бекор монд, қарор дод, ки ба кори дӯстдоштаи худ – ронандагӣ машғул шавад.

“Ман аз рондани мошин лаззат мебарам, баъзан то соати 12 кор мекунам. Ман ҳатто метавонам дар мошин хоб кунам, аммо аз роҳгузарон метарсам”,- мегӯяд Бобомуродова.

Ба гуфтаи вай, вақте бори аввал ба ҳайси ронандаи таксӣ ба кор шурӯъ кард, занон аз савор шудан ба мошини ӯ метарсиданд. Онҳое, ки ҳатто нишаста буданд, пайваста хоҳиш мекарданд, ки оҳиста ронад, аз садама метарсиданд, мепурсиданд, ки таҷрибаи ронандагӣ дорад?

Вай аксар вақт бо тамасхури мардон рӯ ба рӯ мешуд, ки иддао мекарданд, зан набояд дар такси кор кунад ва аксар вақт мепурсиданд, ки ба ӯ кӣ ҳуқуқи машғул шудан ба ин касбро додааст.

Мубориза бо худ душвортар буд, вақте худи Раъно шарм медошт, ки чӣ тавр мисли ӯ зан метавонад ронандаи такси бошад, ин ҷои ӯ нест.

“Боре як духтур ба такси нишаст. Ӯ пурсид, ки оё асабҳои ман кор кардан дар таксиро бардошт карда метавонанд? Дар ҷавоб гуфтам, намедонам, ҳамеша мушкилеро ҳис мекунам. Ӯ ба ман маслиҳат дод, ки зери лаб худ такрор кунам, ки мизоҷ ҳақ нест ва кори худро идома диҳам. Ҳамин тавр ман мушкилиҳоро паси сар кардам”,- мегӯяд Бобомуродова.

Меҳрангез Турсунзода, Идибеки Саид, Your.tj

Тарчума аз русӣ, матни аслиро дар ин ҷо хонед


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend