Як марзбони тоҷикро барои фирор аз қисми ҳарбӣ ба 2 соли зиндон маҳкум карданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистни онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Дар шаҳри Турсунзода 12 хонавода аз қитъаҳои хатарнок ба маконҳои амн интиқол дода шуданд

Кӯчонидани хонаводаҳо муваққатӣ буда, он барои наҷоти ҳаёти одамон зарур аст. Ин қарор аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Турсунзода қабул карда шуд. Дар қитъаҳое, ки мардум аз он ҷо кӯчонида шуданд, сел омад. Дар он ҷо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён дошта, зиёни расида ҳисобу китоб мешавад.

Бино ба маълумоти КҲФ, боронҳои пуршиддати рӯзи 13-уми марти соли равон сабабгори боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши замин дар баъзе манотиқи кишвар шуданд.

Сатҳи об дар дарёву каналҳои Қаратоғ, Ширкент, Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ боло рафта хатари зери об мондани роҳи мошингард дар рустоҳои Заркамар, Янгибоғ, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов ва деҳаҳои Навбаҳор, Хоҷанақширон ва Саройи ҷамоати деҳоти Регар, деҳаи Деҳваки ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ба вуҷуд омад.

Ғайр аз ин, сел 25-30 метр соҳили рости селроҳаро дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов шуст.

Бориш боиси баланд шудани сатҳи оби каналҳои Муллошодӣ ва Заркамар гардид, ки дар натича заминҳои киштзори хоҷагиҳои «Зарнисор», ба номи Меликмуродов, И.Ҳамзаев, инчунин роҳҳои деҳоти ба номи А. Ҷомй, Файзбахши ноҳияи Шахринав гардид. Дар ҳудуди деҳаи Дӯстӣ омадани сел ба қитъаи замин ва иншооти ёрирасони як сокини маҳаллӣ қисман хисорот ворид кардааст.

Гуфта мешавад, 13 март тахминан соати 21:33 сел ба таҳхонаи як бинои сеошёна, воқеъ дар қаламрави шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ даромад. Дар муддати кутоҳ оқибатҳои он бартараф карда шуданд.

Боронҳои пуршиддат боиси зери об мондани таҳхонаҳо дар хонаҳои хусусии №11, 13, 18, 12/1, 12/2,12/3, 12/3А, 12/4, 128 кӯчаи Ойгули маҳалли Аҳрории шаҳри Душанбе, ҳамчунин кӯчаҳои Айнӣ ва Абдуллобекови ноҳияи Синои пойтахти кишвар шуданд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офатҳо наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бо иштирноки хадамоти дахлдори Ҳукумати пойтахт бо ёрии техникаи махсус обро аз  ин таҳхонаҳо берун кашида, хатари харобии хонаҳо пешгирӣ шуданд.

Як марзбони тоҷикро барои фирор аз қисми ҳарбӣ ба 2 соли зиндон маҳкум карданд

Додгоҳи ҳарбии Душанбе як ҷавони 26-соларо бо гуноҳи фирор аз маҳалли хидмат аввал ба се сол зиндон маҳкум карда, сипас онро то ду сол поин овард. Пайвандони Давлатмурод Ғафуров аз ноҳияи Шаҳритус ҳукмро қабул надоранд. Мақомот мегӯянд, ҷурми ҷавон исбот шудааст.

Натиҷа Шарифова, модари Давлатмурод Ғафуров, мегӯяд, писараш соли 2016 хидматро дар артиш ба поён расонд, аммо баъдан бо шартнома ба кор дар қисми ҳарбӣ идома дод. Ба иддаои ӯ, мушкил аз онҷо сар зад, ки муҳлати шартномаи писараш ба поён расиду “аризаи аз кор рафтанро навишт, вале имзо нагузоштанд”.

“1200 сомонӣ маош мегирифт. Ба рӯзгор намерасид. Ночор ба Русия рафт. Ба зидди ӯ парванда кушоданд,” – гуфт хонум Шарифова.

Вай афзуд, писараш тобистони соли гузашта дар Русия дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон фиристода шуд. Ба қавли ӯ, писараш шаш моҳро дар боздоштгоҳе дар Русия гузаронд. Ҳукми ҷавонро 28-уми феврали имсол эълон карданд.

Як муфаттиши Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб гуфтааст, муҳлати шартномаи Давлатмурод Ғафуров пурра ба охир нарасида буд. “Вай расмиёти аз кор баромаданро риоят накарда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст,” – афзуд мусоҳиби мо.

Ба нақли намояндаи Додситонӣ, ҳама чиз баъди он тағйир кард, ки Давлатмурод Ғафуровро ба кор ба яке аз қисмҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин фиристоданд. “Ӯ намехост ба ноҳияи дуртар аз макони зисташ равад. Ба ҷойи ин билет харида, ба Русия рафтааст. Яъне, бе фармони аз кор озод намудан,” – шарҳ дод мусоҳиби мо дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб.

Модари ҷавон шикоят дорад, ки ӯро ба мурофиаҳои додгоҳии писараш роҳ надодаанд. Ҳамсуҳбати мо дар мақомоти додситонӣ гуфт, падари ҷавон дар мурофиаҳои додгоҳии фарзандаш ширкат дошт.

Ҳуқуқшиносон бар инанд, ки ҷавонон пас аз адои хидмати ҳарбӣ метавонанд, хидматро шартномавӣ идома диҳанд, вале масъалаи қатъи корашон дар қисмҳои ҳарбӣ муқаррарот дорад ва бояд риоя шавад.

Дилрабо Самадова, мудири Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, мегӯяд, то содир шудани фармони аз кор рафтани прапоршикон дар қисмҳои ҳарбӣ, онҳо ҳаққи саркашӣ аз идомаи хидматро надоранд.

Чор медали муштзанҳои навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё

Муштзанҳои навраси тоҷик ба дарёфти чор медал – 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар Урдун шарафёб гардиданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, танҳо як варзишгари мо – Анӯшервон Фозилов( -46кг) то даври финалӣ расида,

аз намояндаи Ҳиндустон Криш Пал мағлуб ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Гуфта мешавад се варзишгари дигар – Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашуров (-60кг) ва Ҳангома Исоева (-57кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 4 медал зинаи 6-умро ишғол кард. Ӯзбекистон (11 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ), Ҳиндустон (8-7-10) ва Қазоқистон (6-7-9) дар садри сегонаи аввали ҷадвал қарор гирифтанд.

Дар рӯзҳои баргузории Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар Урдун Пичай Чунхаваҷира аз Таиланд президенти нави Федератсияи бокс (ASBC) интихоб шуд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардида буд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд.

Дар Ҳолланд китоберо дар бораи Ворух нашр карданд

Интишороти “Ақли Сурх” дар Ҳолланд китоберо дар бораи Ворухи Тоҷикистон, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, ки дар ҷанҷолҳои марзии ду кишвар ҳамвора мавзӯи баҳси ҷонибҳост, нашр кардааст.

Тоҷикистон ҷамоати Ворухи Исфараро бахши комили қаламраваш медонад, вале Қирғизистон анклав ё ҷазирақаламрав мешуморад.

Китоби нав “Ворух, девори Ватан” ном дорад ва аз мақолаву шеърҳо иборат аст. Ношири китоб дар пешсухан гуфтааст, “навиштаҳо ва ашъори тоҷиконеро гирдоварӣ кардаем, ки нисбат ба рӯйдодҳои чанд соли ахир дар Ворух ва даргириҳои марзии он бетараф намондаанд ва фикру ақидаи худро чи аз лиҳози илмӣ, чи аз лиҳози торихӣ ва чи дар гузоришу мушоҳидаҳо ва чакидаҳои шеърии худ дарҷ кардаанд.”

Дар идома омадааст, “аз бознашри чанд сафарнигора ва мақолаҳои торихии муҳимми русӣ ва англисӣ низ худдорӣ накардем, то доманаи воқеияти торихӣ барои хонанда равшан гардад.”

Китобро рӯзи 20-уми март дар Амстердам рӯнамоӣ мекунанд.

Чанд нусхаи чопии китоб барои китобхонаҳои расмии Ҳолланд, Тоҷикистон ва Бритониё фиристода шуда, нусхаи электронии онро дар Интернет мегузоранд.

Интишороти “Ақли Сурх” беш аз 5 сол боз дар Ҳолланд фаъол аст. Ҳадафаш нашри осори тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар ва муарифии он ба алоқамандон аст.