Боздошти зане, ки ба шавҳараш корд задааст

Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.


Зани 34 - солаи тоҷик ба шавҳараш корд задааст

Дар шаҳри Турсунзода зане ба бадани шавҳараш корд задааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ зани 40-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба ШВКД-и ин шаҳр бо ариза муроҷиат намудааст.

Дар он гуфта мешавад, ки зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур дар кӯчаи Б.Ғафуров бе ягон асос 1-маротиба ба бадани шавҳараш корд задааст. Ҳодиса рӯзи 9-уми май, тахминан соати 11:00 ба амал омадааст.

“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,- гуфта мешавад дар хабар.

Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.