Изҳороти ВКХ: “Қирғизистон бояд бехатарии тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин кишвар таъмин намояд”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои таъқибу таҳдид, ва табъизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони муқими Қирғизистон дар ҳудуди ин кишвар дар рӯзҳои охир шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.

Изҳороти мазкур  дар сомонаи Вазорат нашр шудааст.

Дар изҳорот омадааст, ки 14 сентябри соли 2022 мақомоти маҳаллии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон нуқтаҳои тиҷоратии тоҷикони муқими ин минтақаро бастаанд. Шаҳрвандони Қирғизистонро, ки аз манотиқи наздимарзӣ эвакуатсия шудаанд, ҳадафмандона дар манзилҳои тоҷикони ноҳияи Қадамҷой ҷойгир кардаанд.

18 сентябри соли 2022 бошад, кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бо баҳонаи санҷиши нақшавии ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои оилаи Негматовҳо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади аз Киргизистон маҷбуран бадарға кардани онҳо гирифтаанд.

Ҳамчунин, ҳамон рӯз аз ҷониби шахсони номаълум қисмати пеши автомобили шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳадамов А., муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бишкек рангубор ва шишаҳои тирезааш шикаста шудаанд.

Санаи 19 сентябри соли 2022 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А. М. Алиев бидуни шарҳу эзоҳ аз ҷониби кормандони милитсияи Қирғизистон дар манзилаш дастгир карда шуда, ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бурда шудааст. Ҳангоми бозпурсӣ, ки 9 соат идома мекунад, нисбати А. М. Алиев зӯроварии ҷисмонӣ истифода шудааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон пас аз супоридани 15 000 соми қирғизӣ озод шудааст. Шиносномаи модари А. М. Алиев дар ихтиёри маъмурони милитсияи Қирғизистон боқӣ мондааст.

Рӯзи 19 сентябри соли 2022 чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи авиатсионии Қирғизистон таҳсил мекарданд, пас аз бозпурсӣ бо шеваи фишори маънавӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тавассути гузаргоҳи “Оқ Ҷол-Қордай” – и сарҳади Қирғизистону Қазоқистон иҷборан ихроҷ шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, мақомоти интизомии Қирғизистон қасд доранд беш аз 500 донишҷӯ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар макотиби олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.

Фишор ва таҳдидҳо алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Қирғизистон кор мекунанд, бо мақсади маҷбур кардани онҳо ба интиқоли маблағ “барои кӯмак ба осебдидагони Бодканд” идома дорад.

ВКХ нигаронии шадид бар он дорад, ки шоми 18-уми сентябри соли 2022 шахси номаълуми тахминан 35 – сола, бо садои таҳдид ва суханони қабеҳ алайҳи Тоҷикистон талош кардааст, ба дари қароргоҳи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ворид шавад.

“Чунин табъиз нисбати тоҷикон аз рӯи мансубияти этникӣ дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 20 – уми сентябр бардурӯғ иддао мекунад, ки «баёнияи паҳнкардаи ҷониби Тоҷикистон ҳақиқат надорад ва бо ягон далел тасдиқ намешавад».

Ҳодисаҳое, ки дар Қирғизистон рух медиҳанд, комилан мухолифи муқаррароти Изҳороти муштараки Ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус банди 25 – и ин санад аст, ки “зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла онҳое, ки ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратиро ба онҳо таъкид мекунад» (Чолпон – Ота, 21 июли 2022) аз ҷумла аз ҷониби Президенти Қирғизистон низ қабул карда шудааст”, – таъкид шудааст дар изҳороти ВКХ.

Вазорат эълон медорад, ки ҷониби Тоҷикистон сиёсати таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони этникии Қирғизистонро натиҷаи мустақими маъракаи иттилоотии беасос ва бардурӯғ дар ин кишвар барои эҷоди имиҷи душман дар симои Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз мақомоти Қирғизистон талаб мекунад, ки барои пешгирӣ аз табъиз нисбати тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Қирғизистон қарор доранд, чораҳои фаврӣ биандешанд.

Тоҷикистон ҳамчунин аз Қирғизистон даъват кардааст, ки амнияти сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон ва хонаводаҳои онҳоро тибқи ӯҳдадориҳои кишвари мизбон, ки аз қонунҳои байналмилалӣ бармеоянд, таъмин намояд.

Skip to toolbar